Ҳукми суд нисбати Бобизода А.М. ва дигарон

Суди шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Нарзуллозода Ш.Н. машваратчиёни халқӣ Зарипова С. ва Саидов У.С. бо котибии Ёров М., бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ Садуллозода Ю., ҳимоятгарон Абдураҳмонова М., Раҳмонов М. ва Субҳонзод Ф. дар маҷлиси кушодаи судӣ дар толори суди шаҳри Душанбе рўзи 31 октябри соли 2019 парвандаи ҷиноятиро нисбати Бобизода Абдулвосеъ Мамадраҷабович, таваллудаш 10 августи 1995 сол, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи А.Ҷомӣ, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олии нопурра, муҷаррад, муваққатан бекор, қаблан суд нашудааст, дар содир намудани ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3 — 104 қисми 2 банди “а, к” ва 237 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, нисбати Мирзорахимов Зоирҷон Тохирҷонович, таваллудаш 14-уми сентябри соли 2001, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ махсуси нопурра, донишҷўи бахши дуюми Литсеи хизматӣ касбӣ ва туризми шаҳри Душанбе, муҷаррад, қаблан суд нашудааст, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 237 қисми 2 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ноболиғ: ҒХА таваллудаш 09-уми июли соли 2002, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёнаи нопурра, хонандаи синфи 10 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муҷаррад, қаблан суд нашудааст, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 237 қисми 2 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ва
ноболиғ: НСН таваллудаш 01-уми майи 2002 сол, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ узбек, таҳсилоташ миёнаи нопурра,
хонандаи синфи 11 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муҷаррад, қаблан суд нашудааст, дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 237 қисми 2 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуда, суд муайян кард, ки-

Бобизода Абдулвосеъ Мамадраҷаб, Мирзораҳимов Зоирҷон Тоҳиржонович, Ҳакимов Комрон Қурбонмадович, Муродзода Рамзиёр Сафарали, Ғозиев Холиқ Абубакрович, Нурбоев Сухроб Нурмуҳаммадович ва Рускиев Ҳумайни Ҷовидович рўзи 05-уми июни соли 2019 тахминан соатҳои 13 ба 14, дар шаҳри Душанбе, кўчаи Фирдавсӣ назди бинои №109, бо мақсади содир кардани ҷинояти авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад, бо зўроварӣ ба шаҳрвандон аз ҷониби гурўҳи шахсон дидаю дониста бо донишҷўёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали Ибни Сино, Кучаков Неъматулло Алиёрович, Акрамов Шавкат Шуҳратович, Қулдошев Аскар Абдулмусаямович, Махсудов Абдулҳамид ва Шарифов Фотеҳ муноқиша намуда, зикршудагонро лату куб намудаанд. Сабаби сар задани муноқиша, ин муносибати авбошонаи ноболиғ Мирзорахимов З.Т., мебошад, ки номбурда дидаю дониста, дар назди духтарон бо телефони мобилӣ бо забони узбекӣ дашному ҳақоратҳои дағал дода, ба эроди донишҷў Қулдошев А.А., беэътиноӣ зоҳир намуда, номбурдаро бо мушташ дар рўяш аз тарафи рост зарба мезанад.

Дар натиҷаи ин амали авбошонаи Мирзорахимов З.Т., байни Мирзорахимов З.Т., Ҳакимов К.Қ., Муродзода Р.С., Ғозиев Х.А., Нурбоев С.Н., Бобизода А.М., Рускиев Ҳ.Ҷ. ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали Ибни Сино Кучаков Н.А., Акрамов Ш.Ш., Қулдошев А.А., Шарифов Ф. ва Махсудов А. задухўрд сар мешавад.

Дар рафти муноқиша Бобизода А.М., дидаю дониста  нисбат ба ҷамъият ва  меъёрҳои қабулшудаи қонун ва ахлоқ беэҳтиромии хосса зоҳир намуда, тартиботи ҷамъиятиро рўирост эътироф накарда, нисбати атрофиён ошкоро беҳурматиро раво дида, аз ҳиссиёти  авбошӣ бо баҳонаи  ночизе, ки гуё кадом шахсе ба рўяш мушт зада бошад, бевосита қасди одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани ҳарифонашро, ки бараъло зиёда аз ду нафар будаанд, намудааст. Бо мақсади амалӣ намудани қасди ҷинояткоронаи худ дидаю дониста бо истифода аз корди  ба миёнбанди (ремент) махсус таҷҳизонидашудааш дар аввал як зарба ба қисми узви ҳаётан муҳими Қулдошев А.А., яъне мавзеи дил мезанад.

Ҳамин тавр, ў бо ин кордаш ду маротибаи дигар ба қисми узви ҳаётан муҳими Акрамов Ш.Ш., яъне нимаи чапи қафаси сина ва тиҳигоҳи рост бо ҷароҳатёбии рудаи борик ва як маротибаи дигар ба қисми узви ҳаётан муҳими Куганов Н.А., яъне камари чапаш зада,  ҷароҳат мерасонад ва аз ҷойи ҳодиса фирор менамояд. Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда Бобизода А.М., аз мавзеи ноҳияи Шурободи вилояти Хатлон дастгир карда мешавад.

Дар натиҷа Қулдошев А.А., Акрамов Ш.Ш., ва Куганов Н.А. аз тарафи ҳамсабақонаш Шарипов Ф.А., Махсудов А.А. ва Пулотов Ю.  ба Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии “Истиқлол” сари вақт оварда шуда, бистарӣ карда мешавад ва танҳо бо сабаби ҳолатҳои аз иродаи Бобизода А.М., вобаста набуда, яъне дахолати саривақтии духтурони ҷарроҳ марги Қурдошев А.А., Акрамов Ш.Ш. ва Куганов Н.А. фаро нарасида, бо ин кирдори худ ба муносибатҳои ҷамъиятие, ки  бехатарии ҳаёти инсонро танзим менамояд, зарар расонидааст.

Мувофиқи хулосаи судии тиббии №3143 аз 07.06 соли 2019 ҷароҳатҳои ҷисмонии  бадани шаҳрванд Қулдошев А.А., ба монанди захми халидаву буридаи воридшавандаи мавзеи дил, бо ҷароҳатёбии шараёни байниқабурғавӣ, перикард, гемопирикард,  гемопневмоторакси миёна аз чап ва садамаи омехтаи дараҷаи 3, ба зарари вазнини саломатӣ бо аломатҳои хавфнок барои ҳаёт мансуб мебошад.

Мувофиқи хулосаи судии тиббии №3144 аз 07.06 соли 2019 ҷароҳатҳои ҷисмонии  бадани шаҳрванд  Акрамов Ш.Ш. ба монанди захми халидаву  буридаи воридшавандаи нимаи  чапи қафаси сина бо ҷароҳатёбии шараёни баёниқабурғавӣ, ҳиссаи поёни шуши чап, гемопневмоторакси миёна, захми халидаву буридаи  воридшавандаи  мавзеъи тиҳигоҳи рост бо ҷароҳатёбии рудаи  борик,  эвентратсияи  рудаи борик ва садамаи омехтаи  дараҷаи 2 ба зарари вазнини саломатӣ бо аломатҳои  хавфнок барои ҳаёт мансуб мебошанд.

Мувофиқи хулосаи судии тиббии №3145 аз 07.06 соли 2019 ҷароҳатҳои ҷисмонии  бадани шаҳрванд  Куганов Н.А. ба монанди захми халидаву буридаи воридшавандаи мавзеи камари чап бо хунравии дарунӣ ба зарари вазнини саломатӣ бо аломатҳои  хавфнок барои ҳаёт мансуб мебошад.

Суд қайд менамояд, ки нисбати судшавандаҳо Мирзораҳимов Зоирҷон Тоҳиржонович, ҒХА ва НСН Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25-уми октябри соли 2019 таҳти №1648 татбиқ карда шуда, пешбурди парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо қатъ карда шудааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 31 октябри соли 2019 Бобизода Абдулвосеъ Мамадраҷабович бо моддаҳои 237 қисми 3 банди “а” ва 32 қисми 3 – 104 қисми 2 бандҳои “а,к” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар асоси моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи маҷмуъи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо ҷазои ниҳоӣ ба Бобизода Абдулвосеъ Мамадраҷабович дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 16 (шонздаҳ) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.

Мутобиқи талаботи сархатҳои 3 ва 4 моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25-уми октябри соли 2019, таҳти №1648 муҳлати ҷазои адонагардидаи Бобизода Абдулвосеъ Мамадраҷабович аз чор як ҳисса кам карда шудааст.

Нисбат ба ҳукми мазкур мункин аст дар муҳлатҳои пешбининамудаи қонун эътироз ва ё шикояти кассатсионӣ оварда шавад.

Баррасии парванда дар суди шаҳри Душанбе

Баррасии парванда дар суди шаҳри Душанбе

Суди шаҳри Душанбе