Ҳукми суд нисбати ҷавоне, ки барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба 8 соли маҳруми озодӣ маҳкум гардида буд, бетағйир гузошта шуд.

Имрӯз, 15 июли соли 2020 коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе, дар ҳайати раисикунанда Бобохонзода Асомуддин, судяҳо Амонзода Н. ва Мусобекзода Т.М. бо иштироки прокурор Раҳимов С., маҳкумшуда Илҳоми Раҷабалӣ дар маҷлиси ошкорои судӣ дар суди шаҳри Душанбе, парвандаи ҷиноятиро аз рўи шикояти кассатсионии маҳкумшуда Илҳоми Раҷабалӣ нисбат ба ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 24 апрели соли 2020 дида баромад,  ки бо он,

Илҳоми Раҷабали, рӯзи таваллудаш 9 майи соли 1998, зодаи шаҳри Кўлоб, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёнаи нопурра, оиладор соҳиби 1-фарзанд, муваққатан бекор, бе ҳизб, қаблан суд нашудааст, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 200 қисми 3 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў 8 (ҳашт) сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон пурзўр таъин карда шудааст.

Маърўзаи раисикунанда Бобохонзода Асомуддин, баёноти маҳкумшуда Илҳоми Раҷабалӣ ва хулосаи прокурор Раҳимов С., ки бетағйир монондани ҳукм ва беқаноат гузоштани шикояти кассатсиониро хоҳиш намуданд, шунида, коллегияи судӣ, муайян кард, ки:

Илҳоми Раҷабали, барои он гунаҳгор дониста маҳкум карда шудааст, ки ў 20 январи соли 2020, дар наздикии хонаи истиқоматиаш воқеъ дap кўчаи Нахимови шаҳри Душанбе бо шиносаш, шахси ба тафтишот номаълум бо номи Файзулло вохўрда, бо охирон дар хусуси ба соҳибияти каси дигар додани воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” созиши ҷиноятӣ бастааст.

Дар асоси ин созиши ҷиноятӣ, ў аз шиносаш шахси ба тафтишот номаълум бо номи Файзулло бар ивази маблағи 1000 (як ҳазор) сомонӣ ду адад печидаи селофании воситаи нашъадори навъи “ҳашиш”-ро ғайриқонунӣ соҳиб шуда, бо худ нигоҳ доштааст.

Худи ҳамон лаҳза, ба воситаи нашъадори «ҳашиш»-и ғайриқонунӣ соҳиб шудаашро бо мақсади дар оянда ба соҳибияти каси дигар додан то назди хобгоҳи истиқоматиаш,  воқеъ дар кўчаи Нахимови шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ интиқол дода, бар ивази маблағи пуллии 1000 сомонӣ ғайриқонунӣ ба шаҳрванд бо номи ‘М”, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти оперативи ҷустуҷўи ҳамчун харидори шартии воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” воридсозии оперативӣ шуда буд, додааст.

Худи ҳамон рўз, дар доираи чорабинии оперативӣ-ҷустуҷўӣ дар намуди “харидории санҷишии оперативӣ”, шахси воридоти оперативӣ шуда бо номи “М”, ду адад бастаҳои селофании дорои маводи кулухшакли бўйи махсус доштаро ба кормандони РСОАНМН назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ихтиёран супоридааст.

Мувофиқи хулосаи ШЭСАНМН назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №29 аз 25 январи соли 2020, маводии ихтиёран супоридаи шахси воридсозии оперативӣ шуда бо номи “М” воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” буда, вазни умумии он 22,4302 (бисту ду бутуну аз даҳҳазор чор ҳазору сесаду ду) граммро ташкил додааст.

Бо дастрасии сархати якуми моддаи 371  КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе таъин кард, ки ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 24 апрели соли 2020 бетағйир ва шикояти кассатсионии маҳкумшуда Илҳоми Раҷабали беқаноат гузошта шуд.

Лаҳзаи эълон намудани таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе

Раҳимов С.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе