Ҳукми суди шаҳри Душанбе бо парвандаи ҷиноятӣ нисбати Нозилов Хайрулло Раҷабович бо моддаи 307(3) қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, дар толори судии суди шаҳри Душанбе аз ҷониби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Муовини Раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода Асомуддин, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Нозилов Хайрулло Раҷабович, 31.08.1984 соли таваллудаш, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Заргар, деҳаи Оржоникидзеи ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, оиладор ва соҳиби ду фарзанд, қаблан суд нашудааст, бо моддаи 3073 қисми 2 (Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расида, бо он ҳукм эълон карда шуд.

Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе Нозилов Хайрулло Раҷабович бо моддаи 3073 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 (шаш) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.

Ҳамчунин қайд карда мешавад, ки нисбат ба ҳукми мазкур дар муҳлати даҳ шабонарӯз аз тарафи Нозилов Хайрулло Раҷабович аз рӯзи ба ӯ супорида шудани нусхаи ҳукм ва ҷониби дигар тарафҳо дар ҳамин муҳлат аз рӯзи эълон шудани ҳукм ба воситаи ҳамин суд ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ва эътирози кассатсионӣ овардан мункин аст.

Хабари коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе.