Табрикоти суди шаҳри Душанбе бахшида ба «Рӯзи Ваҳдати миллӣ».

Имрўз мо дар остонаи таҷлили ҷашни 24-умин солгарди ваҳдати миллӣ қарор дорем.

Расо 24-сол муқаддам бо талошу исрор, далерию ҷавонмардӣ ва ҳисси баланди ватандўстию миллии Пешвои миллат, Асосгузори ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ин санади тақдирсоз ба имзо расиду ба ҷанги бародаркуш хотима гузошта шуд ва давлати мо боз бори дигар дар таърихи худаш эҳё гардид. Тамоми дастовардҳои имрўзаи ҷомеаи ҳуқуқбунёди тоҷикон натиҷа ва бори ҳамин  ризоияти миллӣ мебошад.

Дар зарфи 24-соли ризоияти миллӣ, ҷумҳурии мо таҳти роҳбарӣ ва сиёсати сулҳдўстонаю пайгиронаи Пешвои миллат ба муваффақиятҳои назаррас дар соҳаҳои мухталиф; сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва илму маориф ноил гардид.

Сулҳи тоҷикон дар Дунё овозадор гашта, ҳамчун модели махсус дар институтҳои байналмилалии сиёсатшиносии ҷаҳон омўхта шуда, таҷрибаи он барои давлатҳое, ки вазъи сиёсиашон ноором аст, тавсия карда мешавад, ки ин боиси ифтихор аст.

Ҳамин сулҳу истиқрор ва ризоияти ҷомеа буд, ки имрўз мардуми ватандўсти тоҷик баҳри ободию пешрафти Ватани азизамон камари ҳиммат баста, дар сохтмонҳои азими таърихии аҳамияти гидротехникӣ, коммуникатсионӣ ва иқтисодидошта нақши фаъол мебозанд.

Имрўз сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамчун пойдевори истиқлолияти миллӣ-гарави дастовардҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гашта, Тоҷикистон ва тоҷикистониёнро дар тамоми дунё мусбӣ муаррифӣ менамояд, ки ин ифтихори бузург аст.

Ба шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳилаи навини инкишофи Тоҷикистон — гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем.

Он дарахте, ки Пешвои миллатамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрўзҳо  меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр менамоем.

Муносибатҳои нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қўргонтеппа–Кўлоб, сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сўи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард  расонид. Ин боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим» гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад.

Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба андеша водор месозанд.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои андаке бошад ҳам, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Миллати тоҷик дар таърихи худ  борхо  дучори  хатари парокандагиву  нобудӣ гардида, давлатҳои эҷодкардааш рў ба завол шуда, вале дар тўли бештар аз ҳазорҳо сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба истиқлолияти миллию давлатӣ расид.

Ваҳдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумўи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.

Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони бурунмарзӣ мавқеу мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор намуд. Имрўз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омўзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гўё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танхо бо роҳи ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Тавре, ки ҳама дар ёд дорем, аз рўзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани ҷумҳуриамон гуруҳҳои алоҳидаи сустиродаи кишварамон таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву нерўҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ  қарор гирифта, ҷумҳуриамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан ба кашмакашиҳои мусаллаҳона кашиданд.

Майдоннишиниҳои дар Тоҷикистон бавуҷудомада нақшаи фалаҷ кардани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идорӣ ва маънавиро доштанд ва оқибат он ба фоҷиаи миллӣ овард.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рўзгори мардум рў ба беҳбудӣ ва кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рў меорад.

Ба ақидаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ, намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Табиати сулҳҷўёна ва хусусияти  миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои ҳаётӣ шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард.

Ин як навъ дурандешӣ ва хирадмандиро ифода мекард.

Дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекўшем, ки дар хар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».

Рўзи аввали фаъолияти худ ба сифати сарвари давлат Пешвои миллатамон иброз дошта буданд, ки «Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам».

Гирди як миз овардани гурўҳҳои ба ҳам мухолиф, муяссар шудан ба сулҳу субот ва ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ  кори осон набуд.

Маҳз бо кўшишҳои пайгиронаи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон миллати  парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрўз дар чеҳраи ҳар яке фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халки тоҷик гардид.

Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кўдакон, пиронсолону чавононро, ки иҷборан тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд.

Сулҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи некӣ он буд.

Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҷамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон ба мо муяссар гардид.

Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас — Ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандўсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате. ки сулҳу амонӣ ва дўстӣ ҳукмфармост, он давлат рўз то рўз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Дар муддати бисту чор сол, ки аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мегузарад, ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид.

Вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар рўҳияи ватандўстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан аз зарарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ, мансабпарастӣ бохабар кардан, вазифаи муқаддаси ватандории тамоми ҷомеа, махсусан роҳбарони сатҳҳои гуногун маҳсуб мешавад.

Ҳамкасбон ва ҳамватанони азизро бори дигар ба муносибати рўзи Ваҳдат ва наҷоти миллат табрик гуфта, барояшон бахту саодат, муваффақият, хушбахтӣ, саломатӣ ва хонаи ободро таманно менамоем.

Суди шаҳри Душанбе