Табрикот вобаста ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода намудааст.

Парчами миллӣ ифодагари ору номус, шаъну шараф ва эътибори милливу давлатии тоҷикон буда, муҳаббат ва ифтихори доштани он дар рагу пайванд ва қалби ҳар ватандор маъво гирифтааст.

Фархунда бод Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамватанони гиромӣ!

Таманнои онро дорем, ки то рӯзе дунёст, Парчами тоҷикон дар баландиҳои баланд партавфишон бошад!

Бо ифтихору эҳтиром,
Суди шаҳри Душанбе