Ҳукми суди шаҳри Душанбе нисбати Муруватова Ф.А. барои содир намудани маҷмуи ҷиноятҳо

Суди шаҳри Душанбе 22 апрели соли 2019 дар маҷлиси ошкорои судӣ дар ҳайати Раисикунанда Раҳмонзода М.Ш., бо котибии Ҳабибов М.С. ва Аҳмадзода А.Ё. парвандаи ҷиноятиро нисбати Муруватова Фируза Абдулвасеевна, рӯзи таваллудаш 01 августи соли 1977, зодаи шаҳри Ҳисор, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, хиёбони Ҳисор 81, хуҷраи 28, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, муҷаррад-соҳиби 2 фарзанд, маълумоташ олӣ, ихтисосаш иқтисодчӣ, ҷои кор собиқ директори генералӣ ҶДММ ТАҚҲ «Дастрас», пеш суд нашуда, дар содир кардани ҷинояти бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б», 295 қисми 1 ва 340 қисми 2 бандҳои «а,б,в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон карда шудааст, баррасии намуда, муайян кард.

Муруватова Ф.А. баъди ба имзо расидани созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «Лоиҳаи тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ», ки татбиқи он аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот” (Минбаъд Марказ) татбиқ карда шудааст, барои иштирок дар «Лоиҳаи тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» аз ҷониби Марказ тавассути Ассотсиатсияи ташкилотҳои қарзии хурд эълон нашр карда ва ин аз ҷонибдории Бонки Ҷаҳонӣ лоиҳаи пешниҳод намудаи ҶДММ ТАҚҲ “Дастрас” дастгири ёфта, 05 январи соли 2016 созишномаи зерқарзии субсидиарӣ № SLA-3 байни Вазорати молия ва ҶДММ ТАҚХ «Дастрас» ба имзо расонидааст.

Ӯ дар ин хусус кормандони худро хабардор намудааст, ки  мизоҷони боэътимод ва фаъоли худро, ки дар соҳаи кишоварзи машғул мебошанд барои гирифтани кредитҳои имтиёзнок даъват намоянд. Баъдан ў  дидаю дониста, ки қисми зиёди мизоҷони ташкилоти онҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба соҳибкори машғул буда, ба соҳаи кишоварзӣ машғул намебошанд ба Муруватов Ш.Ҷ. пешниҳод менамояд, ки мизоҷи Ташкилот ва шиносаш Исоева Р.Ғ-ро дар ин хусус хабардор намояд, то он ки Исоева Р.Ғ. дар ҳолати розӣ буданаш дархости карзӣ барои гирифтани маблағҳои имтиёзнок, ки фоизаш паст мебошад, пешниҳод намояд. Муруватов Ш.Ҷ. дар ин хусус Исоева Р.Ғ-ро хабардор намуда, розигӣ ва дархости шифоҳии охиринро барои ҷудо намудани кредити имтиёзнок бо мақсади харидори намудани хӯрокаи моҳиро мегиранд.

Пасон, Муруватов Ш.Ҷ. ба Хоҷаев Б.Ҳ. супориш медиҳад, ки ба Исоева Р.Ғ. сўҳбати инфиродӣ гузаронида, дар бораи лоиҳаи мазкур маълумот дода, барои омодакунии лоиҳаи қарзӣ қаблан таҳлили молиявии кредитро гузаронад. Хоҷаев Б.Ҳ. дар якҷоягӣ бо намояндагони Марказ бехабар аз мақсади азонихудкунии маблағи пулӣ аз ҷониби ӯ ва Муруватова Ш.Ҷ.  таҳлили молиявӣ оид ба фаъолияти соҳибкории Исоева Р.Ғ-ро дар нуқтаи фаъолияти хоҷагиаш гузаронида, дар асоси маълумотҳои ба даст оварда, тибқи талаботҳои Марказ ва Ташкилот, лоиҳаи парвандаи карзиро омода намуда, ба ӯ пешниҳод намудааст.

Ӯ санаи 11 феврали соли 2016 дархост барои ҷудо намудани маблағи 129 000 сомонӣ аз номи Исоева Р.Ғ. ба Марказ пешниҳод карда, зимни пурсон шудани Исоева Р.Ғ. оиди дастгири ёфтани дархости кредитиаш аз Муруватов Ш.Ҷ., номбурда дар асоси маслиҳати пешакии бо ӯ намудааш бо мақсади азонихудкунии маблағи лоиҳавӣ бо роҳи фиреб ба Исоева Р.Ғ. иброз доштааст, ки дархости пешниҳод намудаи вай аз ҷониби Марказ дастгирӣ наёфтааст, дар баробари ин кредит бо фоизҳои баланд то 36 фоизи солона дода мешавад. Исоева Р.Ғ. ин ҳолатро фаҳмида, гирифтани маблағи кредитиро рад намудааст. Дар асл аз ҷониби Марказ дархости пешниҳодшуда дастгирӣ ёфта, 02 марти соли 2016 ба Ташкилот дар шахсияти ӯ бовар карда, ба суратҳисоби муросилотии саридораи Ташиклот ба ихтиёрдориаш маблағи 129000 сомонӣ гузаронида мешавад. Маблағи мазкур тариқи нақдӣ ба хазинаи саридораи Ташкилот, баъдан аз саридора ба хазинаи МХБ-и Ташкилоти “Зарнисор” воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Испечак 13 буда, гузаронида шудааст.

Дар натиҷа, бо мусоидати мутахассис оид ба коркарди қарзҳо Иброҳимзода Т.М. шартномаи қарзии қалбакӣ таҳти №C-DF-3118 аз 03 марти соли 2016 ба мўҳлати 24 моҳ бо меъёри 36 фоиз солона ба номи Исоева Р.Ғ. ба маблағи 129000 сомонӣ дар барномаи бонкӣ бо роҳи соҳтакории имзоҳои Исоева Р.Ғ. тартиб додашуда, дар асоси ордери хароҷоти хазинавии №04 аз 03 марти соли 2016 маблағи 129000 сомонӣ  аз ҷониби Муруватова Ф.А. ва Муруватов Ш.Ҷ. бо маслиҳати пешакӣ бо Салимбоева Г.Э, тасарруф намуда, аз ин маблағи 37475,54 сомониро бозпас гардонида, бақияи маблағи 91524,46 сомониро барқарор накардаанд, ки бо ин кирдорҳои қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонидаанд.

Ҳамчунин, ў такроран дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Муруватов Ш.Ҷ., Салимбоева Г.Э. ва Иброҳимзода Т.И. бо роҳи қалбакӣ ва бо истифодаи техникаи компютерӣ аз номи Исоева Р.Ғ. шартномаи қарзии қалбакӣ таҳти №C-DF-3118 аз 03 марти соли 2016 ба муҳлати 24 моҳ бо меъёри 36 фоиз солона ба маблағи 129000 сомонӣ тартиб дода, дар шартнома ва дигар ҳуҷҷатҳои парвандаи қарзӣ, ки ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ба ҳисоб мераванд, имзоҳои Исоева Р.Ғ.-ро бо роҳи сохтакорӣ гузошта, бо мусоидати Иброҳимзода Т.И. ва Салимбоева Г.Э. дар ордери хароҷоти хазинавии №04 аз 03 марти соли 2016, ки ҳуҷҷати расмӣ ба ҳисоб меравад, бо роҳи сохтакорӣ имзои Исоева Р.Ғ-ро гузошта, бо ин роҳ маблағи 129000 сомониро аз хазина хароҷот намуданд.

Ӯ боз, такроран, бо мақсади тасарруф молу мулки ғайр, яъне азонухудкунии маблағҳои депозитӣ, ки ба ў бовар карда супурда шуда буданд, санаи 05 марти соли 2015 дар утоқи кории худ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Мирзо Турсунзода, бинои № 45, утоқи № 310 бо шаҳрванд Шарипов Фаррух Абдурахимович вохӯрда, бо охирин шартномаи бонкии амонатии “Захира” таҳти № D-DD-1334 аз 05 марти соли 2015 бо маблағи 10 000 доллари ИМА ба мўҳлати 13 моҳ бо меъёри 17 фоиз солона ба имзо расонид. Дар асоси шартномаи ба имзо расонидашуда Шарипов Ф.А. бо дастури ў маблағи 10 000 доллари ИМА-ро тибқи расиди даромади хазинавӣ таҳти № 1 аз 05.03 соли 2015 ба хазиначии ҷамъият Саитметова Макнуна Абдулвасеевна супоридааст. Сипас, ӯ баъди ба охир расидани мўҳлати шартномаи зикршуда, бо мақсади тасарруф намудани маблағҳои амонатии гузоштаи Шарипов Ф.А. бо истифодаи барномаи бонкии компютерӣ ба номи охирин бо назардошти фоидаи солона ордери хароҷоти хазинавии №1 аз 31 марти соли 2016-ро ба маблағи 11731,92 доллари ИМА ба чоп бароварда, бо истифода аз мақоми хизматӣ барои аз хазинаи ҷамъият хароҷот намудани маблағи амонатии Шарипов Ф.А. ордери хароҷотиро ба хазиначии ҷамъият Саитметова М.А. додааст.Саитметова М.А. бохабар аз он ки тиқби дастурамалҳои бонкии тасдиқшуда, бе иштирок ва бе гирифтани имзои мизоҷ дар ордер аз хазина маблағи ба ў бовар карда супоридашударо хароҷот кардан ғайриқонунӣ аст, дидаю дониста аз рўи маслиҳати пешакӣ бо ӯ дар ордери хароҷотӣ  ҳамчун хазиначӣ имзо гузошта, маблағи 11 731,92 доллари ИМА мутаносибан ба 92 325 сомонӣ ба Шарипов Ф.А. таалуқдоштаро аз хазинаи ҷамъият гирифта, ба ӯ дод, ки охирин маблағи мазкурро тасарруф намуда, барои манфиати шахсии худ сарф намуда, бо ин кирдори қасдонаи худ ба Шарипов Ф.А. зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Боз ў, такроран моҳи майи соли 2016 аз ваколатҳои мансабдории худ сўиистифода намуда бо мақсади иҷро намудани талаботи Дастурамали БМТ таҳти № 196 аз 28 майи соли 2015 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои амонати қарзи хурд”, яъне баланд бардоштани сармояи оинномавии Ташкилот нақшаи азонихудкунии маблағҳои давлатиро бо роҳи ғайриқонунӣ додани кредит таҳрезӣ намуда, ба коршиноси қарзӣ Султонов О.Р. ва сардори шуъбаи қарздиҳии Ташкилот Муруватов Ш.Ҷ. супориш медиҳад, ки аз парвандаи қарзии собиқ мизоҷи Ташкилот Ҳамидов Ҳафиз маълумотҳои заруриро барои додани кредит нусхабардори карда, лоиҳаи парвандаи қарзиро ба номи охирин ба маблағи 100 000 сомонӣ омода намоянд.

Султонов О.Р. ва Муруватов Ш.Ҷ. аз ваколатҳои мансабии худ сўиистифода намуда, бехабар аз мақсади ҷинояти азонухудкунӣ ва исрофкории маблағҳои пулӣ аз ҷониби ӯ, супориши охиринро барои ғайриқонунӣ додани кредит ба номи Ҳамидов Ҳ. иҷро намуда, санаи 03 майи соли 2016 бегузаронидани таҳлил ва розигии қарзгиранда маълумотҳои таҳрифшуда оиди фаъолияти соҳибкории мизоҷро бо роҳи сохтакории лоиҳаи парвандаи қарзӣ ба маблағи 100 000 сомонӣ ба номи Хамидов Ҳ. бо зоминии Сафаралиева Р. тартиб доданд.

Дар таърихи 04 майи соли 2016 ӯ барои ҷудо намудани маблағи 100 000 сомонӣ аз номи Ҳамидов Ҳ. ба Марказ дархост пешниҳод намуд. Аз ҷониби Марказ дархости пешниҳодшуда дастгирӣ ёфта, ба ў ҳамчун директори Ташкилот бовар карда ба суратҳисоби муросилотии саридораи Ташкилот ба ихтиёрдориаш гузаронида шуд. Маблағи мазкур тариқи нақдӣ ба хазинаи саридораи Ташкилот ворид гардида, баъдан ба хазинаи МХБ- и Ташкилот “Зарнисор”, воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кучаи Испечак 13 буда, гузаронида шудааст.

Баъдан, 05 майи соли 2016 бо мусоидати мутахассис оид ба коркарди қарзҳо Иброҳимзода Т.М. бо истифода аз техникаи компютерӣ дар барномаи бонкӣ шартномаи қарзии қалбакӣ таҳти №C-DF-3201 ба номи Ҳамидов Ҳ. бо меёъри 34 фоиз солона, ба муҳлати 12 моҳ тартиб дода шуда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо хазиначии Ташкилот Салимбоева Г.Э. тибқи ордери хароҷоти хазинавии қалбакӣ №1 аз 05 майи соли 2016 маблағи 100000 сомониро аз хазина тасарруф намуданд. Ӯ бо мақсади амали намудани нақшаи ҷиноятпешааш, маблағи 100 000 сомонии тасарруф намудаашро санаи 06 майи соли 2016 ҳамчун маблағи сармоя дар асоси ордери воридоти хазинавии қалбакӣ №7 аз 06 майи соли 2016 аз номи муассиси Ташкилот Усмонова Мавзуна Нуруддиновна ворид карда, маблағи мазкурро ба манфиати Ташкилот исроф намуда, аз маблағи дар Ташкилот исроф намудааш 23281,44 сомонии онро бозпас гардонида, бақияи маблағи 76718,56 сомониро барқаррор накарда, бо ин ҳаракатҳои худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Ҳамзамон, ў такроран моҳи майи соли 2015 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Муруватов Ш.Ҷ., Султонов О.Р., Иброҳимзода Т.И. аз парвандаи қарзии собиқ мизоҷи Ташкилот Ҳамидов Ҳ. маълумотҳои заруриро нусхабардорӣ намуда, маълумотҳои таҳрифшуда оиди фаъолияти соҳибкории қарзгиранда, гарави шартномаи кредитӣ ва кафолатдиҳандаи он Сафаралиева Р-ро дар шартномаи қарзии калбакӣ таҳти №C-DF-3201 ба номи Ҳамидов Ҳ. бо меёъри 34 фоиз солона, ба муҳлати 12 моҳ ворид намуда, имзоҳои Ҳамидов Ҳ. ва Сафаралиева Р.-ро сохтакорона дар парвандаи қарзӣ гузошта, бо мусоидати хазиначии Ташкилот Салимбоева Г.Э. дар асоси ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда, ордери хароҷоти хазинавии қалбакӣ №1 аз 05 майи соли 2016 маблағи 100 000 сомониро тасарруф намуда, дар яквақт маблағи 100 000 сомониро 06 майи соли 2016 аз номи муассиси Ташкилот  Усмонова М.Н. ҳамчун маблағи сармоя дар асоси ордери воридоти хазинавии қалбакӣ №7 аз 06 майи соли 2016 ворид карда, маблағӣ мазкурро ба манфиати Ташкилот исроф намудааст.

Инчунин, ў боз такроран моҳи майи соли 2016 аз ваколатҳои мансабдории худ сўиистифода намуда, ба мақсади иҷро намудани талаботи Дастурамали БМТ таҳти №196 аз 28 майи соли 2015 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои амонати қарзи хурд”, яъне баланд бардоштани сармояи оинномавии Ташкилот, нақшаи азонухудкунии маблағҳои Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-ро бо роҳи ғайриқонунӣ додани кредит таҳрезӣ намудаашро давом дода, ба коршиноси қарзии минтақавии Ташкилот дар шаҳри Турсунзода Мамиров Ҷамшед Назарович супориш медиҳад, ки аз парвандаи қарзии собиқ мизоҷи Ташкилот Холмурадов Кадир маълумотҳои заруриро барои тартиб додани парвандаи қарзӣ нусхабардорӣ намуда, лоиҳаи парвандаи қарзиро аз номи охирин ба маблағи 150000 сомонӣ омода намояд.

Мамиров Ҷ.Н. бехабар аз мақсади азонухудкунӣ ва исрофкории маблағҳои пулӣ аз ҷониби ӯ (Муруватова Ф.) тибқи супориш ва маълумотҳои пешниҳоднамудаи  охирин, барои додани кредит ба номи Холмуродов К. ба маблағи 150 000 сомонӣ, бо гузаронидани таҳлил оиди вазъи молиявии мизоҷ лоихаи парвандаи қарзӣ ба маблағи 150 000 сомонӣ ба номи Холмурадов К., бо зоминии Баротова Фирузахон Турдалиевна тартиб дода, ба ӯ пешниҳод намудааст.

Таърихи 11 майи соли 2016 Муруватова Ф.А. ба Марказ барои ҷудо намудани маблағи умумии 165 000 сомонӣ дархост пешниҳод намуд. Аз ҷониби Марказ дархости пешниҳодшуда дастгирӣ ёфта, ба ў ҳамчун директори Ташкилот бовар карда, ба суратҳисоби муросилоти саридораи Ташкилот ба ихтиёрдориаш гузаронида шуд. Маблағи мазкур ба хазинаи саридораи Ташкилот ворид гардида, баъдан тариқи нақдӣ ба хазинаи МХБ-и Ташкилот “Зарнисор”, воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кучаи Испечак 13 буда, гузаронида шуда, сипас 12 майи соли 2016 бо мусоидати мутахассис оид ба коркарди қарзҳо Иброҳимзода Т.М. бо истифода аз техникаи компютерӣ дар барномаи бонкӣ шартномаи қарзии қалбакӣ таҳти №C-DF-3205 ба маблағи 150 000 сомонӣ бо меъёри 36 фоизи солона, ба мўҳлати 12 моҳ ба номи Холмуродов К. тартиб дода шуда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо хазиначии Ташкилот Салимбоева Г.Э. тибқи ордери хароҷоти хазинавии  қалбакӣ №2 аз 12.05 соли 2016 маблағи 150 000 сомониро аз хазина тасарруф намуданд.

Ӯ бо мақсади амали намудани нақшаи ҷиноятпешааш, маблағи 150 000 сомонии тасарруф намудаашро санаи 31 майи соли 2016 дар асоси ордери воридоти хазинавии қалбакӣ №6 ба маблағи 30 000 сомонӣ ва ордери воридоти №2 аз 10 июни соли 2016 ба маблағи 16 900 сомонӣ, ҷамъ 46 900 сомониро аз номи муассиси Ташкилот Усмонова М.Н. ҳамчун маблағи сармоя ворид карда, маблағи мазкурро ба манфиати Ташкилот исроф намуд, бақияи маблағ 103 100 сомонии тасарруф намудаашро ба эҳтиёҷотҳои шахсиаш сарф карда, бо ин ҳаракатҳои худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Инчунин ў, такроран моҳи майи соли 2016 аз парвандаи қарзии собиқ мизоҷи Ташкилот Холмурадов Кадир ҳуҷҷатҳои зарурӣ оиди вазъи молиявӣ ва тасдиқкунандаи шахсияти охиринро  нусхабардорӣ намуда, бо мусоидат намудани мутахассис оид ба коркарди қарзҳо Иброҳимзода Т.М. маълумотҳои таҳрифшуда оиди фаъолияти соҳибкории қарзгиранда, гарави шартномаи кредитӣ ва кафолатдиҳандаи он Баротова Ф.Т.-ро дар шартномаи қарзии қалбакӣ таҳти №C-DF-3205 аз 12 майи соли 2016 ба номи мизоҷ Холмурадов К. бо зоминии Баротова Ф.Т. бо меъёри 36 фоизи солона, ба муҳлати 12 моҳ дар барномаи бонкӣ ворид намуда, имзоҳои Холмуродов К. ва Баротова Ф.Т.-ро бо роҳи сохтакорӣ дар парвандаи қарзӣ гузошта, бо мусоидатии хазиначии Ташкилот Салимбоева Г.Э. дар асоси ордери хароҷоти хазинавии қалбакӣ №2 аз 12 майи соли 2016 маблағи 150 000 сомониро тасарруф намуда, дар як вақт маблағи 150 000 сомониро дар асоси ордери воридоти хазинавии қалбакӣ №6 аз 31 майи соли 2016 ба маблағи 30 000 сомонӣ ва ордери воридоти №2 аз 10 июни соли 2016 ба маблағи 16 900 сомонӣ, ҷамъ маблағи 46 900 сомониро аз номи муассиси Ташкилот Усмонова М.Н. ҳамчун маблағи сармоя ба хазина ворид карда, маблағи мазкурро ба манфиати Ташкилот исроф намудааст.

Боз ӯ, такроран моҳи майи соли 2015 дар асоси нақшаи азонухудкунии маблағҳои давлатӣ бо роҳи ғайриқонунӣ додани кредит таҳрезӣ намудааш аз ваколатҳои мансабдории худ истифода бурда, аз номи собиқ корманди Ташкилот-Мамиров Шавкат Назарович бидуни хабардошти номбурда шартномаи қарзиро таҳти №C-DF-3215 ба маблағи 65 000 сомонӣ бо меъёри 34 фоизи солона, ба мўҳлати 12 моҳ дар барномаи компютерӣ тартиб дода, 18 майи соли 2016 дархости қалбакӣ ба Марказ барои ҷудо намудани маблағи 233 000 сомонӣ бо назардошти дигар дархостҳо пешниҳод менамояд. 19 майи соли 2016 аз ҷониби Марказ дархостҳои пешниҳод шуда дастгирӣ ёфта, ба ў ҳамчун директори Ташкилот бовар карда, маблағи 233 000 сомонӣ ба суратҳисоби муросилоти саридораи ҶДММ ТАҚҲ “Дастрас” ба ихтиёрдориаш гузаронида шудааст. Маблағи мазкур ба воситаи ҶСК “Ориёнбонк” нақдан хароҷот шуда, ба хазинаи саридораи такшилот ворид карда шудааст. Баъдан маблағи 233 000 сомонӣ, ки аз хазинаи саридораи Ташкилот  ба хазинаи МХБ “Зарнисор”-и ҶДММ ТАКҲ “Дастрас”, воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кучаи Испечак 13 буда гузаронида шудааст.

Сипас, ӯ бо мусоидати мутахассис оид ба коркарди қарзҳо Иброҳимзода Т.М. шартномаи қарзии қалбакӣ таҳти №C-DF-3215 маблағи 65 000 сомонӣ бо меъёри 34 фоизи солона, ба мўҳлати 12 моҳ, ба номи Мамиров Ш.Н  дар барномаи компютерии Ташкилот ба қайд гирифта шуда, тибқи маслиҳати пешакӣ бо мусоидати хазиначии Ташкилот Салимбоева Г.Э. дар асоси ордери хароҷоти №4 аз 23 майи соли 2016 ва бо роҳи сохтакории имзоҳои Мамиров Ш.Н. маблағи 65 000 сомонӣ аз хазина гирифта шуда, маблағи мазкурро ӯ тасарруф намуда, барои манфиати худ сарф намуд, ки бо ин ҳаракатҳои қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Ба ғайр аз ин, ў такроран моҳи майи соли 2015 аз ваколатҳои мансабдории худ истифода бурда, аз номи собиқ корманди Ташкилот-Мамиров Ш.Н. бе хабардошти номбурда бо мусоидати мутахассис оид ба коркарди қарзҳо Иброҳимзода Т.М. шартномаи қарзиро таҳти №C-DF-3215 ба маблағи 65 000 сомонӣ бо меъёри 34 фоизи солона, ба муҳлати 12 моҳ дар барномаи компютерӣ тартиб дода, 18 майи соли 2016 дархости қалбакӣ ба Марказ барои ҷудо намудани маблағи 233 000 сомонӣ бо назар-дошти дигар кредитҳо пешниҳод намуда, маблағи дастгирӣ шуда ба воситаи ҶСК “Ориёнбонк” ва саридораи Ташкилот ба хазинаи МХБ “Зарнисор”-и ҶДММ ТАКҲ “Дастрас”, воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кучаи Испечак 13 буда гузаронида шудааст. Сипас, аз номи Мамиров Ш.Н. бо истифодаи техникаи компютерӣ тибқи маслиҳати пешакӣ бо мусоидати хазиначии Ташкилот Салимбоева Г.Э. дар асоси ордери хароҷотии қалбакӣ №4 аз 23 майи соли 2016 ва бо роҳи сохтакории имзоҳои Мамиров Ш.Н. маблағи 65 000 сомонӣ аз хазинаи Ташкилот тасарруф карда шудааст.

Боз ў, такроран моҳи майи соли 2016 аз ваколатҳои мансабдории худ сўиистифода намуда, нақшаи азонихудкунии маблағҳои Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-ро бо роҳи ғайриқонунӣ додани кредит таҳрезӣ намуда, дархости қарзии мизоҷ Хоҷаев Абдусаттор Ғафоровичро барои ҷудо намудани кредит бо мақсади харидори намудани трактор қабул намуда, ба коршиноси қарзии Ташкилот Султонов О.Р. супориш медиҳад, ки бо қарзгиранда Хоҷаев А.Ғ. суҳбати инфироди гузаронида, дар бораи лоиҳаи мазкур маълумот дода, барои омодакунии лоиҳаи қарзӣ қаблан таҳлили молиявии кредитро гузаронад. Султонов О.Р. дар якҷоягӣ бо қарзгиранда Хоҷаев А.Ғ. таҳлили молиявӣ оид ба фаъолияти соҳибкории мизоҷро дар нуқтаи фаъолияти хоҷагиаш гузаронида, дар асоси маълумотҳои ба даст оварда, дар доираи талаботҳои Марказ ва Ташкилот лоиҳаи парвандаи карзиро омода намуда ба ӯ пешниҳод намудааст. Санаи 08 июни соли 2016 ӯ ба Марказ оиди ҷудо намудани маблағи лоиҳавӣ бо назардошти дигар дархостҳо ба миқдори умумии 269 600 сомонӣ дархост пешниҳод намуд. Аз ҷониби Марказ дархостҳои пешниҳод шуда дастгири ёфта, ба ў ҳамчун директори генералии Ташкилот бовар карда, ба ихтиёрдориаш санаи 09 июни соли 2016 маблағи 269 600 сомонӣ гузаронида шуд. Муруватова Ф.А. зимни пурсон шудани Хоҷаев А.Ғ. оид ба натиҷаи дархости қарзиаш бо роҳи фиреб  қайд намуд, ки аз ҷониби Марказ дархости пешниҳодшуда дастгирӣ наёфт ва додани кредит ба вай рад карда шудааст.

Сипас, ӯ бо мақсади амали намудани нақшаи ҷиноятпешааш санаи 16 июни соли 2016 маблағи 269 600 сомониро ба хазинаи МХБ-и Ташкилот “Зарнисор”, гузаронида бо мусоидати мутахассис оид ба коркарди қарзҳо Иброҳимзода Т.М. шартномаи қарзии қалбакӣ таҳти №C-DF-3248 аз 16 июни соли 2016 ба мўҳлати 12 моҳ бо меъёри 34 фоиз солона тартиб дода шуда, бо маслиҳати пешакӣ Салимбоева Г.Э, тибқи ордери хароҷоти хазинавии қалбакӣ №01 аз 16 июни соли 2016 ба маблағи 200 000 сомонӣ. бо роҳи сохтакории имзоҳои Хоҷаев А.Ғ. маблағи 200 000 сомонӣ аз хазинаи Ташкилот тасарруф карда, ба манфиати шахсиаш сарф намуд ва бо ин ҳаракатҳои қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Ҳамчунин, ў такроран моҳи майи соли 2016 аз рўи маслиҳати пешакӣ бо Иброҳимзода Т.М., Салимбоева Г.Э., бо истифода аз техникаи компютерӣ дар барномаи бонкӣ шартномаи қарзии қалбакӣ таҳти №C-DF-3248 аз 16 июни соли 2016 ба муҳлати 12 моҳ, бо меъёри 34 фоизи солона ва ордери хароҷоти хазинавии қалбакӣ № 01 аз 16 июни соли 2016 ба маблағи 200 000 сомонӣ ба номи мизоҷи Ташкилот Хоҷаев А.Ғ. бо роҳи сохтакории имзоҳои Хоҷаев А.Ғ. тартиб дода шуда, маблағи 200 000 сомонӣ аз хазинаи Ташкилот хароҷот карда шудааст.

Ӯ боз, такроран моҳи июни соли 2016 аз ваколатҳои мансабдории худ сўистифода намуда, нақшаи азонихудкунии маблағҳои Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-ро бо роҳи ғайриқонунӣ додани кредит таҳрезӣ намуда, дархости мизоҷ Хоҷаев Абдуқаҳҳор Ғафоровичро барои гирифтани кредит бо мақсади харидори намудани хуроки моҳӣ қабул намуда, ба коршиноси қарзии Ташкилот Султонов О.Р. супориш медиҳад, ки бо қарзгиранда Хоҷаев А.Ғ. суҳбати инфироди гузаронида, дар бораи лоиҳаи мазкур маълумот дода, барои омодакунии лоиҳаи қарзӣ қаблан таҳлили молиявӣ кредитиро гузаронад. Султонов О.Р. дар якҷоягӣ бо қарзгиранда Хоҷаев А.Ғ. таҳлили молиявӣ оид ба фаъолияти соҳибкории мизоҷро дар нуқтаи фаъолияти хоҷагиаш гузаронида, дар асоси маълумотҳои ба даст оварда дар доираи талаботҳои Марказ ва Ташкилот лоиҳаи парвандаи карзиро омода намуда ба ӯ пешниҳод намудааст.

Таърихи 14  июни соли 2016 ӯ ба Марказ бо назардошти дигар дархостҳо барои ҷудо намудани маблағҳои лоиҳавӣ ба миқдори умуми 305 120 сомонӣ дархост пешниҳод намудааст. Аз ҷониби Марказ дархости пешниҳод шуда дастгири ёфта, ба ў ҳамчун директори генералии Ташкилот ба ихтиёрдориаш санаи 14 июни соли 2016 маблағи 305 120 сомонӣ гузаронида шуд. Ӯ зимни пурсон шудани Хоҷаев А.Ғ. оиди натиҷаи дархости қарзиаш бо роҳи фиреб ба Хоҷаев А.Ғ. иброз доштааст, ки аз ҷониби Марказ дархости пешниҳодшуда дастгири наёфта ва  додани кредит ба вай рад карда шудааст.

Сипас, Ӯ бо мақсади амали намудани нақшаи ҷиноятпешааш санаи 16 июни соли 2016 маблағи 305 120 сомониро ба хазинаи МХБ-и Ташкилот “Зарнисор”, гузаронида бо мусоидати мутахассис оид ба коркарди қарзҳо Иброҳимзода Т.М. шартномаи қарзии қалбакӣ таҳти №C-DF-3239 аз 16 июни соли 2016 ба мўҳлати 12 моҳ бо меъёри 34 фоиз солона ва ордери хароҷоти хазинавии қалбакӣ №02 аз 16 июни соли 2016 ба маблағи 250 000 сомонӣ ба номи Хоҷаев А.Ғ. тартиб дода, бо роҳи сохтакории имзоҳои Хоҷаев А.Ғ. маблағи 250 000 сомонӣ аз рўи маслиҳати пешакӣ бо Салимбоева Г.Э. аз хазинаи Ташкилот тасарруф карда, ки бо ин ҳаракатҳои қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Инчунин ӯ, такроран, моҳи июни соли 2016 аз ваколатҳои мансабдории худ истифода намуда, бо мақсади азонухудкунии маблағҳои давлатӣ, бо мусоидати мутахассис оид ба коркарди қарзҳо Иброҳимзода Т.М. бо истифода аз техникаи компютерӣ шартномаи қарзии қалбакӣ таҳти №C-DF-3239 ба маблағи 250 000 сомонӣ бо меъёри 34 фоизи солона, ба мўҳлати 12 моҳ ва ордери хароҷоти хазинавии қалбакӣ №02 аз 16 июни соли 2016 маблағи 250 000 сомонӣ ба номи мизоҷи Ташкилот Хоҷаев А.Г. бо роҳи сохтакории имзоҳои номбурда тартиб дода шуда, маблағи 250 000 сомонӣ аз хазинаи Ташкилот хароҷот карда шудааст.

Ӯ боз, такроран, моҳи августи соли 2016 аз ваколатҳои мансабдории худ сўистифода намуда, нақшаи азонихудкунии маблағҳои давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-ро бо роҳи ғайриқонунӣ додани кредит таҳрезӣ намуда, дар асоси нусхаи шиносномаи шаҳрвандон Ҷураев Алишер Абду-Назарович ва Самадов Саидислом Абдукаримович, ки қаблан барои гирифтани кредит ба воситаи хешаш Мурватов Бобурхон Нодирхонович ба Ташкилот муроҷиат намуда буданд, 08 августи соли 2016 аз ному насаби “Алишер Джураев” сокини ноҳияи Қумсангир, маълумотҳои таҳрифшуда оид ба фаъолияти соҳибкории охирин ба Марказ дархости қалбакӣ ба маблағи 200 000 сомонӣ бидуни хабардошти Ҷураев А.А. пешниҳод намудааст.

Аз ҷониби Марказ дархости пешниҳодшуда дастгирӣ ёфта, ба ӯ 08.08 соли 2016 ба ихтиёрдориаш маблағи 200 000 сомонӣ гузаронида шудааст. Ӯ ҳолати аз тарафи Марказ дастгири ёфтани дархости мазкурро хабардор гашта, рӯзи 09.08 соли 2016 бо мақсади тасарруф намудани маблағи 200 000 сомонӣ бо мусоидати мутахассис оид ба коркарди қарзҳо Иброҳимзода Т.М. бо истифода аз техникаи компютерӣ шартномаи қарзии қалбакӣ таҳти №C-DF-3271 ба маблағи 200 000 сомонӣ бо меъёри 11 фоизи солона, ба мўҳлати 36 моҳ тартиб дода, бо роҳи сохтакории имзои Ҷураев А.А. дар ордери хароҷоти хазинавии №6 аз 09.08 соли 2016, маблағи 200 000 сомониро аз хазинаи Ташкилот тасарруф намуда, аз маблағи 200 000 сомонии тасарруф намудааш, маблағи 184039,3 сомониро ба хазинаи Ташкилот бозпас гардонида, бақияи маблағи 15 960,7 сомониро барқаррор накардааст, ки бо ин ҳаракатҳои худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Ҳамчунинӯ, такроран моҳи августи соли 2016 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо мутахассис оид ба коркарди қарзҳо Иброҳимзода Т.М. ва хазиначӣ Салимбоева Г.Э. дар барномаи бонкӣ бо истифода аз техникаи компютерӣ шартномаи қарзии қалбакӣ таҳти №C-DF-3271 ба маблағи 200 000 сомонӣ бо меъёри 11 фоизи солона, ба мўҳлати 36 моҳ ва ордери хароҷоти хазинвии қалбакӣ №9 аз 09 августи соли 2016  ба маблағи 200 000 сомонӣ ба номи Ҷураев А.А. тартиб дода, дар он бо роҳи сохтакорӣ имзоҳои қарзгиранда Ҷураев А.А. ва зомин Самадов С.А.-ро маблағи 200 000 сомонӣ хароҷот карда шудааст.

Боз ў, такроран, моҳи августи соли 2016 аз ваколатҳои мансабии худ суиистифода намуда, нақшаи азонихудкунии маблағҳои Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-ро бо роҳи ғайриқонунӣ додани кредит таҳрезӣ намуда, дархости мизоҷ Ҳамдамов Махмудҷон Ахмадовичро барои ҷудо намудани кредит бо мақсади харидорӣ намудани чорвои калони шохдор қабул намуд. Сипас, ба коршиноси қарзӣ Султонов О.Р. супориш дод, ки бо қарзгиранда Ҳамдамов М.А. суҳбати инфиродӣ дар бораи маблағгузории Марказ гузаронида, парвандаи қарзиро ба номи Ҳамдамов М.А. омода намояд. Султонов О.Р. бехабар аз мақсадҳои ҷинояткоронаи ӯ Ф.А., дар асоси маълумотҳои пешниҳоднамудаи охирин, дар доираи уҳдадориҳои хизмати худ ҳамчун коршиноси қарзӣ, таҳлили вазъи молиявии мизоҷ Ҳамдамов М.А.ро гузаронида, лоиҳаи парвандаи қарзиро аз номи охирин омода намуда, 26 августи 2016 ӯ барои ҷудо намудани маблағи умумии 150 000 сомонӣ ба Марказ дархост пешниҳод намудааст. Аз ҷониби Марказ дархости пешниҳодшуда дастгирӣ ёфта, 31 августи соли 2016 дар шахсияти ӯ ҳамчун директори Ташкилот бовар карда ба суратҳисоби муросилотии саридораи Ташкилот маблағи 130 000 сомонӣ гузаронида шудааст. Маблағи мазкур тариқи нақдӣ ба хазинаи саридораи Ташкилот ва баъдан ба хазинаи МХБ-и Ташкилоти “Зарнисор”, воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кучаи Испечак 13 гузаронида шуда, Султонов О.Р., бо супориши ӯ мизоҷ Ҳамдамов М.А.-ро даъват намуда, дар шартномаи қарзӣ таҳти №C-DF-3284 ба маблағи 130 000 сомонӣ бо меъёри 34 фоизи солона, ба мўҳлати 24 моҳ имзои Ҳамдамов М.-ро гирифта, парвандаи қарзиро ба ӯ супоридааст. ӯ аз ин фурсати муносиб истифода бурда, барои иҷро намудани талаботи Дастурамали БМТ таҳти №196 аз 28 майи соли 2015 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурд”, яъне баланд бардоштани сармояи Оинномавии Ташкилот бо мақсади азонихудкунии маблағҳои давлатӣ, бо роҳи фиреб ба Ҳамдамов М.А. иброз доштааст, ки бинобар сабаби дар хазина набудани маблағҳои пулӣ, хароҷоти он ба рӯзи дигар гузошта шуда, дар баробари гузаштани маблағ ба хазинаи Ташкилот ба вай маблағи кредитӣ дода мешавад.

Сипас, ӯ аз рўи маслиҳати пешакӣ ва бо мусоидат намудани хазиначӣ Салимбоева Г. бо истифодаи техникаи компютерӣ ордери хароҷоти хазинавӣ таҳти №1 аз 31 августи соли 2016 тартиб дода, имзоҳои Ҳамдамов М.А. аз тарафи Салимбоева Г.Э. сохтакорона гузошта шуда, маблағи 130 000 сомониро аз хазинаи Ташкилот тасарруф намудаанд.

Ӯ бо мақсади амали намудани нақшаи ҷиноятпешааш 31 августи соли 2016 маблағи 130 000 сомонии тасарруф намударо аз номи Муассиси Ташкилот Усмонова М.Н., дар асоси ордери воридоти хазинавии қалбакӣ №9 аз 31 августи соли 2016 ба маблағи 80 000 сомонӣ ва ордери воридоти хазинавии қалбакӣ № 2 аз 08 сентябри соли 2016 ба маблағи 14 500 сомонӣ, ҷамъ маблағи 94 500 сомониро ҳамчун маблағи сармоя ворид карда, онро ба манфиати Ташкилот исроф карда, бақия маблағ 35 500 сомониро ба эҳтиёҷотҳои шахсиаш сарф намудааст, ки бо ин ҳаракатҳои қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Ҳамзамон, ў такроран, моҳи августи соли 2016 дархости мизоҷ Ҳамдамов М.А.-ро қабуд намуда, шартномаи қарзи таҳти №C-DF-3284 ба маблағи 130 000 сомонӣ бо меъёри 34 фоизи солона, ба мўҳлати 24 моҳ татриб дода, дар он имзоҳои охиринро гирифта, бо мақсади азонхудкунии маблағҳои давлатӣ ва баланд намудани сармояи оинномавии Ташкилот бо роҳи фиреб ба Ҳамдамов М.А. қайд намудааст, ки бинобар сабаби дар хазина набудани маблағи пулӣ, хароҷоти он ба рузи дигар гузошта шуда, зимни гузаштани маблағ ба хазинаи Ташкилот, ба вай маблағи кредитӣ дода мешавад.

Сипас, ӯ аз рўи маслиҳати пешакӣ ва бо мусоидат намудани хазиначӣ Салимбоева Г. бо истифодаи техникаи компютерӣ ордери хароҷоти хазинавӣ таҳти №1 аз 31 августи соли 2016 тартиб дода, имзоҳои Ҳамдамов М.А. аз тарафи Салимбоева Г.Э. сохтакорона гузошта шуда, маблағи 130 000 сомониро аз хазинаи Ташкилот тасарруф намудаанд.

Ӯ бо мақсади амали намудани нақшаи ҷиноятпешааш 31 августи соли 2016 маблағи 130 000 сомонии тасарруф намударо аз номи Муассиси Ташкилот Усмонова М.Н., дар асоси ордери воридоти хазинавии қалбакӣ №9 аз 31 августи соли 2016 ба маблағи 80 000 сомонӣ ва ордери воридоти хазинавии қалбакӣ № 2 аз 08 сентябри соли 2016 ба маблағи 14 500 сомонӣ, ҷамъ маблағи 94 500 сомониро ҳамчун маблағи сармоя ворид карда, онро ба манфиати Ташкилот исроф карда, бақия маблағ 35 500 сомониро ба эҳтиёҷотҳои шахсиаш сарф намудааст.

Ӯ боз, такроран, моҳи сентябри соли 2016 аз ваколатҳои мансабии худ суистифода бурда, нақшаи азонихудкунии маблағҳои Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-ро бо роҳи ғайриқонунӣ додани кредит таҳрезӣ намуда, аз парвандаи қарзии собиқ мизоҷи Ташкилот  Фахритдинова Матлюба Марипҷановна ҳуҷҷатҳои зарурӣ оиди вазъи молиявӣ ва тасдиқкунандаи шахсияти охиринро барои тартиб додани парвандаи қарзӣ нусхабардорӣ намуда, ба коршиноси қарзии минтақавии Ташкилот Мамиров Ҷамшедҷон Назарович супориш медиҳад, ки лоиҳаи парвандаи қарзиро дар асоси маълумотҳои пешниҳод намудаи ў тартиб диҳад.

Мамиров Ҷ.Н. бехабар аз мақсадҳои ҷинояткоронаи ӯ дар асоси маълумотҳои пешниҳоднамудаи охирин, лоиҳаи парвандаи қарзиро ба номи Фахритдинова М.М. бо зоминии Мамадҷонов Муҳторҷон Марифжонович ба маблағи 120 000 сомонӣ тартиб дода, ба Муруватова Ф.А. пешниҳод намудааст. 07 сентябри соли 2016 ӯ ба Марказ дархост ба маблаги умумии 139 200 сомонӣ пешниҳод карда, аз ҷониби Марказ дархостҳои пешниҳодшуда дастгирӣ ёфта, ба ў ҳамчун директори Ташкилот бовар карда ба суратҳисоби муросилотии саридораи Ташиклот ба ихтиёрдориаш маблағи 120 000 сомонӣ гузаронида шудааст.  Маблағи мазкур тарқи нақдӣ ба хазинаи саридораи Ташкилот  ва баъдан 13 сентябри соли 2016 ба хазинаи МХБ-и Ташкилоти “Зарнисор”, воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кучаи Испечак 13 гузаронида шудааст.

Сипас, ӯ бо мақсади амали намудани нақшаи ҷиноятпешааш, барои дар барномаи бонкӣ ворид намудани шартномаи қарзӣ ба мутахассис оид ба коркардаи қарзҳо Иброҳимзода Т.И. супориш додааст, ки аз ҷониби охирин шартномаи қарзӣ таҳти №C-DF-3294 ба маблағи 120 000 сомонӣ бо меъёри 34 фоизи солона, ба мўҳлати 36 моҳ аз 13 сентябри соли 2016 тартиб дода шуда, дар шартномаи қарзӣ ва ордери хароҷоти хазинавии қалбакӣ № 2 аз 13 сентябри соли 2016 ба маблағи 120 000 сомонӣ имзоҳои мизоҷ Фахритдинова М. бо роҳи сохтакорӣ аз тарафи ӯ гузошта шуда, бо мусоидат намудани хазиначӣ Салимбоева Г.Э. аз хазинаи ташкилот маблағи 120 000 сомониро тасарруф намудааст. ӯ аз маблағи 120 000 сомонии тасарруф намудааш, маблағи 54737 сомониро бозпас гардонида, бақияи он 65263 сомониро барои эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст, ки бо ин харакатҳои қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калон моддӣ расонидааст.

Ҳамзамон, ў такроран, моҳи сентябри соли 2016 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо хазиначии ташкилот Салимбоева Г. дар асоси маълумотҳои таҳрифшуда оиди фаъолияти соҳибкории Фахритдинова М., ва зомини қарз Мамадҷонов М.М. бо истифода аз техникаи компютерӣ дар барномаи бонкӣ шартномаи қарзии қалбакӣ таҳти №C-DF-3294 ба маблағи 120 000 сомонӣ, бо меъёри 34 фоизи солона, ба мўҳлати 36 моҳ аз 13 сентябри соли 2016 тартиб дода, бо роҳи сохтакории имзоҳои Фахритдинова М.М. ордери хароҷоти хазинавии қалбакӣ № 2 аз 13 сентябри соли 2016, маблағи 120 000 сомонӣ аз хазинаи Ташкилот хароҷот намуданд.

Боз ў, такроран, моҳи сентябри соли 2016 бо суиистифода аз ваколатҳои мансабдорӣ, бо мақсади иҷро намудани талаботи Дастурамали БМТ таҳти №196 аз 28 майи соли 2015 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурд”, яъне баланд бардоштани сармояи оинномавии Ташкилот, нақшаи азонихудкунии маблағҳои Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”, ки дар гардиши Ташкилот қарор дошт, бо роҳи ғайриқонунӣ додани кредити кўтоҳмуддат таҳрезӣ намуда, ба воситаи техникаи компютерӣ дархости қарзӣ ва шартномаи қарзии (Овердарфт) таҳти №20 байни ҶДММ ТАҚХ “Дастрас” дар шахсияти худ ва хешаш Директори хоҷагии деҳқонии “Варзик” Аҳмадҷонов Исмоилҷон аз 30 сентябри соли 2016 ба маблағи 430 000 сомонӣ ба мўҳлати 1 моҳ тартиб дода, имзоҳои Аҳмадҷонов И.-ро дар дархост ва шартномаи қарзии қалбакӣ бо роҳи сохтакорӣ гузоштааст.

Сипас, ў аз имконияти муносиб, яъне мўҳр ва китоби чекҳои Хоҷагии деҳқонии “Варзик”, ки барои нигоҳдорӣ дар ихтиёрдориаш қарор дошт истифода бурда, дар шартномаҳои қарзии қалбакӣ бидуни хабардошти роҳбари хоҷагӣ Аҳмадҷонов И. муҳри хоҷагиро гузошта, барои ба суратҳисоби хоҷагии мазкур таҳти №20202972286401100743, ки дар Ташкилот ҷой дошт гузаронидани маблағи пулии 430 000 сомонӣ ба муҳосиби амалиётии Ташкилот Холматова М.Т. супориш додааст. Холматова М.Т. бехабар аз мақсади ҷинояткоронаи ӯ дар асоси дархост ва шартномаи қарзӣ №20 аз 30 сентябри соли 2016 маблағи 430 000 сомониро ба суратҳисоби хоҷагии деҳқонии “Варзик” гузаронидааст. ӯ бо мақсади ба анҷом расонидани нақшаи ҷиноятии таҳрезинамудааш тибқи китоби чекии Хоҷагии деҳқонии “Варзик”, ки дар нигоҳдории ў қарор дошт,  маблағи пулии 430 000 сомониро аз суратҳисоби Хоҷагии деҳқонӣ дар асоси чеки №АБ 0000001 аз 30 сентябри соли 2016 бо роҳи сохтакории имзоҳои Аҳмадҷонов И. хароҷот намуда, маблағи 430000 сомониро тасарруф намудааст.

Дар натиҷа, ӯ аз маблағи 430 000 сомонии тасарруф намудааш худи ҳамон рўз бо мақсади амали намудани нақшаи таҳрези намудаш аз номи муассиси Ташкилот Усмонова М.Н. дар асоси ордери воридоти хазинавии қалбакӣ №7 аз 30 сентябри соли  2016 маблағи 220 000 сомониро ҳамчун маблағи сармоя ба суратҳисоби ташкилот ворид карда, бақияи маблағ 210 000 сомонии тасарруф намударо барои эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст, ки бо ин кирдораш ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Ҳамчунин, ў такроран, моҳи сентябри соли 2016 ба воситаи техникаи компютерӣ дархости қарзии қалбакӣ ва шартномаи қарзии қалбакӣ (Овердарфт) таҳти №20 байни Ташкилот дар шахсияти худ ва хешаш Директори хоҷагии деҳқонии “Варзик” Аҳмадҷонов Исмоилҷон аз 30 сентябри соли 2016 ба маблағи 430 000 сомонӣ ба мўҳлати 1 моҳ тартиб дода, имзоҳои Аҳмадҷонов И.-ро дар дархост ва шартномаи қарзӣ бо роҳи сохтакорӣ гузошта, маблағи 430 000 сомонӣ ба суратҳисоби хоҷагии деҳқонии “Варзик” таҳти №20202972286401100743 гузаронида, дар асоси чеки №АБ 0000001 аз 30 сентябри соли 2016 маблағи мазкурро тасарруф намуд. Аз маблағи 430 000 сомониии тасарруф намудааш, дар асоси ордери воридоти хазинавии қалбаки №7 аз 30 сентябри соли  2016 маблағи 220 000 сомониашро аз номи муассиси Ташкилот Усмонова М.Н. ҳамчун маблағи сармоя ба суратҳисоби ташкилот ворид карда, боқимонда маблағи 210 000 сомонии тасарруфнамударо барои эҳтиёоҷти худ сарф намудааст.

Ӯ боз такроран, моҳи сентябри соли 2016 аз ваколатҳои мансабдории худ сўистифода намуда, нақшаи азонихудкунии маблағҳои муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-ро, ки дар гардиши Ташкилот қарор доштанд, бо роҳи ғайриқонунӣ додани кредит таҳрезӣ намуда, аз парвандаи қарзии собиқ мизоҷи Ташкилот Хоҷаева Матлюба Шариповна маълумотҳои заруриро барои тартиб додани парвандаи қарзӣ нусхабардорӣ намуда, лоиҳаи парванади қарзиро ба маблағи 180 000 сомонӣ тартиб додааст.

Сипас, бо мусоидат намудани хазиначии ташкилот Салимбоева Г.Э. ордери хароҷоти хазинавии қалбакӣ №1 аз 30 сентябри соли 2016 бо тартиб додашуда, бо роҳи сохтакории имзоҳои Хоҷаева М.Ш. дар ордери мазкур, маблағи 180 000 сомониро тасарруф намуда, баъдан бо мақсади руйпуш намудани маблағҳои тасарруф намуда, барои вонамуд сохтани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, ки гӯё маблағи мазкур ҳамчун кредит дода шудааст, ба коршиноси қарзии Ташкилот Султонов О.Р. супориш медиҳад, ки ба номи мизоҷ Хоҷаева М.Ш. парвандаи қарзӣ тартиб диҳад.

Султонов О.Р. бехабар аз мақсадҳои ҷинояткоронаи ӯ, шартномаи қарзӣ таҳти №C-DF-3312 ба маблағи 180 000 сомонӣ бо меъёри 34 фоизи солона, ба мўҳлати 12 моҳ аз 01 октябри соли 2016 тартиб дода, дар шартномаи мазкур бо роҳи сохтакорӣ имзоҳои мизоҷ Хоҷаева М.Ш. ва зомин Саитметов Ҳ.А. гузошта шуда, ба ин васила маблағи 180 000 сомонӣ дар ҳисоботҳои муҳосибии ташкилот ҳамчун хароҷот нишон дода шудааст. Ӯ маблағи 180 000 сомониро бо ин роҳ тасарруф намуда, барои эҳтиёҷоти худ сарф намудааст, ки дар натиҷа ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Инчунин, ў такроран, моҳи сентябри соли 2016 нақшаи бо роҳи сохтакорӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои баръало қалбакӣ тасарруф намудани маблағҳои кредитиро таҳрезӣ намуда, аз рўи маслиҳати пешакӣ бо Салимбоева Г.Э. ордери хароҷоти хазинавии қалбакӣ №1 аз 30 сентябри соли 2016 бо роҳи сохтакории имзоҳои Хоҷаева М.Ш., ба маблағи 180 000 сомонӣ тартиб дода, баъдан шартномаи қарзии қалбакӣ таҳти №C-DF-3312 ба маблағи 180 000 сомонӣ бо меъёри 34 фоизи солона, ба мўҳлати 12 моҳ аз 01 октябри соли 2016 тартиб дода шуда, дар шартномаи мазкур бо роҳи сохтакорӣ имзоҳои мизоҷ Хоҷаева М.Ш. ва зомин Саитметов Ҳ.А. гузошта шуда, ба ин васила маблағи 180 000 сомониро аз хазина Ташкилот хароҷот шуда нишон додаанд.

Инчунин, ў моҳи марти соли 2016 ҳамчун роҳбари ташкилоти қарзӣ аз ваколатҳои фармонфармоӣ ва идоравии худ сўиистифода намуда, бар хилофи манфиатҳои Ташкилот аз рўи манфиатдорӣ амал намуда, баҳри иҷро намудани талаботи Дастурамали БМТ таҳти №196 аз 28 майи соли 2015 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои амонати қарзи хурд” вобаста ба баланд нишон додани сармояи оинномавии Ташкилот бо хазиначии саридораи Ташкилот Саитметова М.А. ва хазиначии МХБ-и Ташкилот “Зарнисор” Салимбоева Г.Э. маслиҳати пешакӣ намуда, зимнан бидуни мавҷудияти маблағи нақдӣ ҳолати гўё ба хазинаи Ташкилот дар асоси ордери воридоти хазинавии қалбакии №8 аз 31 марти соли 2016 аз номи муассис Давлатов Саидмурод Раҷабович ворид шудани маблағи пулии 649400 сомониро нишон дода, баъдан мувофиқи ордери хароҷоти хазинавии қалбакии №12 аз 31 марти соли 2016 маблағи 650000 сомониро гуё барои пур намудани гардиши МХБ-и Ташкилот “Зарнисор” аз хазинаи саридораи Ташкилот ба воситаи хазинадор Саитметова М.А. ҳамчун хароҷотшуда нишон дода шудааст. Сипас, маблағи 650000 сомонии дар асл мавҷуднабуда, бо мусоидати хазиначӣ Салимбоева Г.Э. тибқи ордери воридоти хазинавии №6 аз 31 марти соли 2016 ба хазинаи МХБ-и Ташкилот “Зарнисор” ҳамчун маблағи даромадшуда нишон дода шудааст.

Минбаъд, ӯ аз рўи нақшаи ҷиноятпеша амал намуда, бо мақсади баробар намудани бақияи хазинаи МХБ-и Ташкилот  “Зарнисор” ва дар ин замина вонамудсозии гардиши маблағи 649400 сомонӣ дар ҳисоботҳои муҳосибӣ ба коршиноси қарзии Ташкилот Султонов О.Р. супориш дод, ки ба номи шаҳрвандон Юлдошев Райимҷон Аҳмадҷонович, Мухторов Ҷонибек Уктамович ва Бобошехов Бахтиёр Эсонович  шартномаҳои қарзӣ ба маблағи умуми 649400 сомонӣ тартиб дода шавад.

Султонов О.Р. тибқи супориши ӯ амал намуда, дидаю дониста, ки Юлдошев Р.А., Мухторов Ҷ.У. ва Бобошехов Б.Э. расман барои гирифтани қредит дархости қарзи пешниҳод накарданд ба номи номбурда лоиҳаи парвандаи қарзи қалбакӣ тартиб дода, онҳоро ба кумитаи қарзӣ пешниҳод намуд. Зимни баррасии парвандаҳо дар кумитаи қарзи онҳо бе иштироки аъзоёни пурраи кумита аз тарафи сардори шуъбаи қарздиҳии Такшилот Муруватов Ш.Ҷ. лоиҳаи парвандаҳои қарзиро тарафдорӣ намудааст. Дар натиҷа, 31 марти соли 2016 бо мусоидати мутахассис оид ба коркарди қарзҳо Иброҳимзода Т.М. шартномаҳои қарзии қалбакӣ таҳти №C-DF-3151 ба маблағи 215400 сомонӣ бо меъёри 42 фоизи солона, ба муҳлати 24 моҳ ба номи Юлдошев Р.А., шартномаи қарзии қаблакӣ таҳти №C-DF-3152 ба маблағи 217000 бо меъёри 42 фоизи солона ба муҳлати 24 моҳ ба номи Мухторов Ҷ.У. ва шартномаи қарзии қалбакӣ тахти №C-DF-3153 ба маблағи 217000 сомонӣ бо меъёри 42 фоизи солона ба муҳлати 24 моҳ ба номи Бобошехов Б.Э., ҷамъ ба маблағи умумии 649400 сомонӣ тартиб дода, ғайриқонунӣ хароҷотшуда нишон дода шудааст. Бо ин кирдорҳои қасдонаи худ ӯ, Иброҳимова Т.И. ва Султонов О.Р. ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷамъият ва давлат зарари ҷиддӣ расониданд.

Ҳамчунин, ў санаи 31 марти соли 2016 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Муруватов Ш.Ҷ., Султонов О.Р., Салимбоева Г.Э., Иброҳимзода Т.И. бо мақсади дар ҳисоботҳои муҳосибӣ баланд нишон додани сармояи оинномавии Ташкилот ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва аз уҳдадорӣ озодкунанда, ордери воридоти хазинавии қалбакии № 08 аз 31 марти соли 2016 ба маблағи 649400 сомонӣ ба номи муассиси Ташкилот Давлатов С.Р., ордери хароҷоти хазинавии қалбакии № 12 аз 31 марти соли 2016 маблағи 650000 сомонӣ, ордери воридоти хазинавии № 6 аз 31 марти соли 2016, инчунин бо мақсади баробар намудани хазинаи МХБ-и Ташкилот-и “Зарнисор” ва барои вонамуд сохтан дар ҳисоботҳои муҳосибӣ ба воситаи коршиноси қарзии Ташкилот Султонов О.Р. шартномаҳои қарзии қалбакӣ таҳти №C-DF-3151 ба маблағи 215400 сомонӣ бо меъёри 42 фоизи солона, ба муҳлати 24 моҳ ба номи Юлдошев Р.А., шартномаи қарзии қаблакӣ таҳти №C-DF-3152 ба маблағи 217000 бо меъёри 42 фоизи солона ба муҳлати 24 моҳ ба номи Мухторов Ҷ.У. ва шартномаи қарзии қалбакӣ тахти №C-DF-3153 ба маблағи 217000 сомонӣ бо меъёри 42 фоизи солона ба муҳлати 24 моҳ ба номи Бобошехов Б.Э., ҷамъ ба маблағи умуми 649400 сомонӣ шартномаҳои қарзии қаблакӣ тартиб дода, маблағҳои мазкур ғайриқонунӣ хароҷотшуда нишон дода шудааст.

Боз ў, моҳи апрели соли 2016 ҷинояти қаблан таҳрези намудаашро ҳамчун роҳбари ташкилоти қарзӣ давом дода, аз ваколатҳои фармонфармоӣ ва идоравии худ сўиистифода намуда, бар хилофи манфиатҳои ташкилот аз рўи манфиатдорӣ амал намуда, баҳри иҷро намудани талаботи Дастурамали Бонки Миллии Тоҷикистон таҳти №196 аз 28 майи соли 2015 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои амонати қарзи хурд” вобаста ба баланд нишон додани сармояи оинномавии Ташкилот бо хазиначии саридораи Ташкилот Саитметова М.А., муҳосиби амалиётии саридораи Ташкилот Холматова Моҳира Тоштемуровна ва хазиначии МХБ-и Ташкилот “Зарнисор” Салимбоева Г.Э. маслиҳати пешакӣ намуда, зимнан бидуни мавҷудияти маблағи нақдӣ ҳолати гўё ба хазинаи Ташкилот дар асоси ордери воридоти хазинавии қалбакии №9 аз 29 апрели соли 2016 аз номи муассис Бобоев Т.С. ворид шудани маблағи пулии 250000 сомониро нишон дода, баъдан мувофиқи ордери хароҷоти хазинавии қалбакии №16 аз 29 апрели соли 2016 маблағи 250000 сомониро барои гӯё пур намудани гардиши МХБ-и Ташкилот “Зарнисор” аз хазинаи саридораи Ташкилот ба воситаи хазинадор Саитметова М.А. ҳамчун хароҷотшуда нишон дода шудааст. Сипас, маблағи 250000 сомонии дар асл мавҷуднабуда, бо мусоидати хазиначӣ Салимбоева Г.Э. тибқи ордери воридоти хазинавии №12 аз 29 апрели соли 2016 ба хазинаи МХБ-и Ташкилот “Зарнисор” ҳамчун маблағи даромадшуда нишон дода шудааст.

Минбаъд, ӯ аз рўи нақшаи ҷиноятпеша амал намуда, бо мақсади баробар намудани бақияи хазинаи МХБ-и Ташкилот  “Зарнисор” ва дар ин замина вонамудсозии гардиши маблағи 250000 сомонӣ дар ҳисоботҳои муҳосибӣ ба коршиноси қарзии Ташкилот Султонов О.Р. супориш дод, ки ба номи Холматова М.Т. шартномаи қарзӣ ба маблағи 250000 сомонӣ тартиб дода шавад.

Султонов О.Р. тибқи супориши ӯ амал намуда, дидаю дониста, ки ба Холматова М.Т. дар асоси маълумотномаи маоши вазифавиаш маблағи карзии дархостнамудаи охирин басанда нест, ба номи номбурда лоиҳаи парвандаи қарзиро тартиб дода, онро ба кумитаи қарзӣ пешниҳод намуд. Аъзоёни кумитаи қарзи бехабар аз мақсади ҷинояткоронаи ӯ, Саитметова М.А., Холматова М.Т. ва Салимбоева Г.Э. лоиҳаи парвандаи қарзиро тарафдорӣ намуданд. Дар натиҷа тибқи мактуби кафолатии ҶСП “Ато” таҳти №12 аз 29.04 соли 2016 ва шартномаи қарзӣ қалбакӣ таҳти №C-DF-3294 аз 29 апрели соли 2016 гўё ба номи Холматова М.Т. маблағи 250000 сомонӣ ғайриқонунӣ хароҷотшуда нишон дода шудааст. Бо ин кирдорҳои қасдонаи худ ӯ, ИброҳимоваТ.И. ваСултоновО.Р. ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷамъият ва давлат зарари ҷиддӣ расониданд.

Инчунин, ў моҳи апрели соли 2016 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Саитметова М.А., Холматова М.Т., Султонов О.Р. Салимбоева Г.Э., Бобоев Т.С. ва Зокиров З.Қ. бо мақсади дар ҳисоботҳои муҳосиби баланд нишон додани сармояи оинномавии Ташкилот ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва аз уҳдадорӣ озокунанда, ордери воридоти хазинавии қалбакии № 9 аз 29 апрели соли 2016 ба маблағи 250000 сомонӣ ба номи муассиси Ташкилот Бобоев Т.С., ордери хароҷоти хазинавии қалбакии №16 аз 29 апрели соли 2016 маблағи 250000 сомонӣ, ордери воридоти хазинавии №12 аз 29 апрели соли 2016, инчунин бо мақсади баробар намудани бақияи хазинаи МХБ-и Ташкилот “Зарнисор” ва дар ин замина вонамудсозии гардиши маблағи 250000 сомонӣ дар ҳисоботҳои муҳосибӣ ба коршиноси қарзии Ташкилот Султонов О.Р. ба воситаи техникаи компютерӣ мактуби кафолатии таҳти №12 аз 29.04 соли 2016 ва шартномаи қарзӣ қалбакӣ таҳти №C-DF-3294 аз 29 апрели соли 2016 ба номи Холматова М.Т. тартиб дода, маблағи 250000 сомониро дар муҳосиботи Ташкилот хароҷотшуда нишон дода шудааст.

Ҳамин тариқ, Муруватова Ф.А. маблағи умумии 1954000 сомониро тасарруф намуда, дар маҷмуъ бо ин кирдорҳои қасдонаи худ ҷинояти дар моддаҳои 245 қисми 4 банди “б”, 295 қисми 1 ва 340 қисми 2 бандҳои “а,б,в,” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонпешбинишударо содир намудаанд.

Бо таъиноти маҷлиси судӣ аз 11 апрели соли 2019 пешбурди парвандаи ҷиноятӣ  нисбати Султонов Оятулло Раҳматуллоевич ва Иброҳимзода Тоҷиниссо Иброҳим дар содир кардани ҷинояти бо  моддаҳои 295 қисми 1 ва 340 қисми 2 бандҳои “а,б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар татбиқ намудани моддаи 1 қисми 1 ва моддаи 6 қисмҳои 1,3 Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 24 августи соли 2016, таҳти № 1355, қатъ карда шудааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 22 апрели соли 2019 Муруватова Фируза Абдулвасеевна дар содир кардани ҷиноят бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б», 295 қисми 1 ва 340 қисми 2  бандҳои  «а,б,в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ў дар асоси моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ниҳоӣ аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъингардида, дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 (нуҳ) сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳӣ низоми умумӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои масъулияти моливу пулӣ дошта ва роҳбарикунанда дар ташкилоту корхонаҳо новобаста аз шакли моликияташон ба муҳлати 4 (чор) сол, таъин карда шудааст.

Суди шаҳри Душанбе

*истифодаи тамоми маълумотҳо бо нишон додани манбаъ иҷозат дода мешавад.