Баргузор намудани шанбегӣ ва корҳои ободонӣ дар суди шаҳри Душанбе.

Имрӯз, 14 августи соли 2021 дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбарияти суди шаҳри Душанбе бахшида ба сазовор таҷлил гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи шанбе дар бинои суди шаҳри Душанбе аз ҷониби роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд шанбегӣ баргузор намуданд.

Дар шанбегии мазкур, роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе ба корҳои ободонӣ, таъмир, ободу зебо гардонидани гирду атрофи бинои суд ва рангу бор машғул гардиданд.

 

Суди шаҳри Душанбе