Иштироки кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе дар семинари омӯзишӣ дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Имрӯз, 26 апрели соли 2019 аз соати 13:50 дақиқа дар асоси нақшаи баргузории семинарҳо  барои кормандони дастгоҳи судҳо дар соли 2019, ки аз ҷониби Муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст ва нақшаи дохилиидоравии суди шаҳри Душанбе, дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии ҳармоҳа, ки ҳар ҷумъаи охири моҳ муқаррар шудааст, баргузор гардид. Дар семинари мазкур кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Кормандони суди шаҳри Душанбе дар семинари Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кормандони суди шаҳри Душанбе дар семинари Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Кормандони суди шаҳри Душанбе дар семинари Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кормандони суди шаҳри Душанбе дар семинари Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар семинари мазкур мавзӯъҳои зерин мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд:

  • Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бинобар сабаби гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, маърӯзачӣ Салимзода Акбар – котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Файзобод;
  • Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкие, ки ҳастии табиии шахси воқеиро таъмин мекунад, маърӯзачӣ Абдулхайрзода Ҷамила – котиби маҷлиси судии суди шаҳри Душанбе.
  • Субъектони муносибатҳои меҳнатӣ. Асосҳои ба вуҷуд омадани муносибатҳои меҳнатӣ, маърӯзачӣ Шарипов Садриддин – котиби маҷлиси судии суди шаҳри Ваҳдат.
  • Ҳуқуқи молумулкии зану шавҳар, маърӯзачӣ Нодирӣ Маҳмадулло – котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.

Семинари мазкур баъди ба охир ҳар кадоме аз маърузаҳо дар шакли саволу ҷавобҳо аз иштирокчиён давом дода шуд.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе