РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ МУБОРАК БОШАД

Дар остонаи  рӯзи пирузӣ бар фашизм, тамоми ҳамватанонро  ба муносибати яке аз идҳои бузург – 77-умин солгарди иди Ғалаба табрик менамоем. Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарону бобоёни шӯҳратманд аст.

Ба ҳамаи ҳамватанони азиз сулҳу салоҳ, тани сиҳат ва тамоми хушиҳои зиндагиро хоҳонем. Бо ҳамин таманниётҳои нек ба фардои дурахшони Ватани азизу маҳбубамон Иди Ғалабаро ба кулли ҳамватанон табрику таҳният гуфта, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пеш аз ҳама саломатӣ, иқболи нек, умри бардавом ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон хонаи обод ва фазои орому осуда таманно дорем.