Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои байналмиллалии аҳамияти глобалидошта

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф шудаанд. Пешвои муаззами миллат яке аз аввалин роҳбаронест, ки ба баррасӣ ва ҳалли мушкилоти кишвари худ ва ҳамчунин, иктишофи роҳи дурусти ташаккул барои ояндаи башарият таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Дар арсаи ҷаҳон роҳбарони кишварҳои пешрафтаи олам ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмонро хеле хуб истиқбол ва пуштибонӣ мекунанд.

Пешвои муаззами миллат зимни суханрониҳои худ, махсусан, ба баррасии масъалаҳои глобалӣ, алалхусус, пешгири аз терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, механизмҳои нави молиявӣ ва мудирияти об, баҳси кишварҳо барои обҳои байналмилалӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, зуд-зуд рўй додани ҳодисаҳои офатбори табиӣ, норасоии об ва дар натиҷа боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдакро андешагузорӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли ин мушкилот даъват менамоянд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба проблемаҳои минтақа, аз ҷумла ба масъалаи ҳавзаи баҳри Арал диққати ҷиддӣ медиҳанд. Кишвари мо яке аз муассисони Фонди байналмилалии наҷоти Арал буда, дар қатори дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷидду ҷаҳди худро барои ҳалли ин проблемаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ равона менамояд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ истифодаи оқилонаи захираҳои об ҳамчун мушкилоти ҷиддии минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифта истодааст.

Эмомалӣ Раҳмон натанҳо ба мушкилоти наҷоти баҳри Арал, балки ба проблемаи таъмини аҳолии дунё бо оби нӯшокӣ ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои об низ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дода истодаанд. Аллалхусус, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об ва муҳимияти захираҳои обӣ барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ тавсеа мебахшанд.

Сар карда аз соли 2000 инҷониб бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба об, ки аз ҷониби беш аз 180 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфтааст, Асамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид  7 қарордод вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул гардидааст, ки номгӯи зерин аз муҳимтарини онҳо мебошанд:

  1. Соли 2003Соли байналмилалии оби тоза, ки дар сессияи 55-ум бо Қарори Ассамблеяи СММ аз 20 декабри соли 2000 таҳти №55/196 қабул гардидааст.
  2. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки дар сессияи 58ум бо Қарори Асамблеяи Генералии СММ аз 23 декабри соли 2003 таҳти №58/217 қабул гардидааст.
  3. Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013, ки дар сессияи 65-ум бо Қарори Асамблеяи СММ аз 20 декабри соли  2010 таҳти 65/154 қабул гардидааст.
  4. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки дар сессияи 71-ум бо Қарордоди Асамблеяи Генералии СММ аз 21 декабри соли  2016 қабул гардидааст.

Инчунин, пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консортсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез ва ташаббус оид ба Бунёди байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мусбӣ ҷонибдорӣ гардидааст. Ин масъала аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 3-юми Ҷаҳонӣ доир ба иқлим 31 август — 4 сентябри 2009 дар ш. Женева, сипас дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим дар Копенгаген  7-8 декабри соли 2009 пешниҳод гардида буд, мебошанд.

Ташаббусҳои мазкури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо ба мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти маъалаҳои об роҳандозӣ шудааст.

Мақсад аз ташаббусҳо ин аст, ки Пешвои миллат назари худро на танҳо доир ба ҳалли мушкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба ҳалли мушкилотҳои тамоми сайёра баён менамояд. Айни замон, ки тағйирёбии иқлим ва бо суръати баланд об шудани пиряхҳои бузург идома дорад, Президенти кишвари мо аз даҳҳаи  аввали асри 20 пешбинӣ ва таҳлил намуданд, ки ин падида ба талафоти зиёди ҳайвоноту наботот ва маҳдудияти дастрасӣ ба оби ошомиданӣ оварда мерасонад.

20-уми сентябри соли 2010  дар шаҳри Ню-Йорки ИМА, дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, Муовини Дабири Кулли СММ Ша Тсу Кан аз минбари СММ изҳор карда буд, ки “Президенти Ҷумҳурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон чемпиони ҷаҳон дар ҳалли масоили глобалии вобаста ба об мебошад”.

Дар давоми беш аз 20 соли ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон беш аз 14 маротиба ҷиҳати иштирок ва суханронӣ дар иҷлосияҳои Маҷмаи Кулли ин созмони мӯътабари олам намуда, зимни ҷаласоти он бо пешниҳодоти фарогири манфиатҳои минтақавию ҷомеаи башарӣ таваҷҷӯҳи мардуми сайёраро ба мушкилоти Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва Афғонистони ҷангзада ҷалб намудаанд.

Ҳар як ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳимояи давлату миллати тоҷик буда, кӯшиш мекунанд, ки миллати тоҷик то абад орӣ аз ҳама мушкилии зиндагӣ бошанд ва ҳамеша зиндагии осуда баранд. Ташаббусҳои оламшумули Сарвари давлат ва мақсаду мароми некашон аст, ки мардуми тоҷик дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як миллати бузурги соҳибандеша дониста мешавад. Мо бояд дар паҳлуи давлату ҳукумати худ бошем ва дастгири ташаббусҳои Пешвои муаззами миллати худ шавем. Ҳар ташаббуси Роҳбари давлат инъикоскунандаи манфиати ҳаётии кишвар ва ҷомеаи мост.

Ҳамчунин Сарвари давлат аз минбарҳои олии байналмилалӣ ташаббусҳо вобаста ба фарҳанг кардаанд, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазироӣ карда шудааст. Аз ҷумла, 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумӣ Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки Иди Наврӯзро ҷашн мегиранд қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид.

Маҳз дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии аҳамияти глобалидоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки имрӯз шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи Тоҷикистон макони баргузории ҳамоишҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ қарор гирифтааст, ки ин худ нишонаи истиқрори тадриҷии вазъ, эътироф ва эҳтироми сиёсати давлатдории роҳбарияти давлат мебошад.

Дар Тоҷикистон намояндагиҳои 30 созмони байналмилаливу минтақавӣ, 9 намояндагии агентиҳо ва муассисаву сохторҳои СММ фаъолият доранд. Ҳоло дар кишвар 46 намояндагии созмонҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки якҷо бо созмонҳои байнидавлатӣ (байниҳукуматӣ) дар инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ саҳми бевосита доранд.

Хатарҳои вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, даҳшатангезию ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории трансмиллӣ, офатҳои табииву техногенӣ ва мавқеъгириву таъсиррасонии на ҳама вақт мусбати абарқудратон барои Осиёи Марказӣ возеҳанд, зеро ин минтақа дорои сарватҳои бузурги ҳаётан муҳими иқтисодӣ ва мавқеи геостратегию геополитикӣ мебошад. Табиист, ки қудратҳои асосии ҷаҳонӣ барои ҳузур ва таъмини нақши худ дар минтақаи мо талош доранд.

Ин тамоюлоти асосии ҷаҳони муосир ва равандҳои пайваста бо онҳо зарурати дарки масъулона ва пешбурди созандаи манфиатҳои глобалиро ба миён мегузоранд.

Маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва азму ҷасорати қавӣ, талошҳои пайвастаи Сарвари давлат дар роҳи ободиву осоиши Ватан, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад. Ин аст, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ аз минтақаи даргир ба маркази баргузории чорабиниҳои минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Дар шаҳри Душанбе дар як вақт пазироӣ намудани ҳамоишҳои cарони давлатҳои cе созмони қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – ИДМ, Иттиҳоди иктисодии Авруосиё ва СААД 5-6 октябри соли 2007, ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон 28 августи соли 2008, мулоқотҳои сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Федератсияи Россия 30 июли соли 2009, Конфронси илмии байналмилалӣ бахшида ба 800 — солагии Ҷалолиддини Румӣ 6-8 сентябри соли 2007, Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» 5 октябри соли 2009 бо иштироки зиёда аз 500 нафар олимону мутафаккирон ва шахсиятҳои барҷастаи олами сиёсат ва илму маърифат аз 50 кишвари ҷаҳон, иҷлоси 37 – уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ 18-20 майи соли 2010, Конфронси байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба натиҷагирӣ аз нимаи якуми 10 – солаи амалиёти ҷаҳонии «Об барои ҳаёт» (2005-2015) ва баррасии нақшаҳо барои панҷсолаи дуюми он 08-09 июни соли 2010 бо ширкати намояндагони воломақом аз 70 давлат ва 65 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ҳамчунин баргузоршавии конфронсу семинар ва симпозиумҳои сершумори дигар гувоҳи возеҳи табдил ёфтани Тоҷикистон ба маркази баргузории чорабиниҳои минтақавӣ ва ҷаҳонианд.

Дар маҷмӯъ, таҳия ва татбиқи усуливу пайгиронаи стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналмилалӣ бо дарназардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии Ватан, ҳамчунин ҳамоҳанг сохтану омезиш додани онҳо бо ниёзҳо ва манфиатҳои глобалӣ сабабгори узви мустақил, фаъол, ташаббускор ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе