Паёми эҳёгар.

ПАЁМИ ЭҲЁГАР

Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар таърихи рўзи 26-уми декабри соли 2018 таъкид ба он дошт, ки Рушди Сайёҳӣ ва Ҳунарҳои мардумӣ дар Деҳот, мақсади нурандешонаи сарвари давлат дар он  аст, ки деҳотҳо рушд кунанд. Ҳадафи асосӣ,  ин  баланд бардоштани сатҳи зиндагии хуб ва кам кардани сатҳи камбизоатии мардумони ноҳияҳои куҳистони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мардуми шарафманди кишвари азизамон иқдоми басо бузургу созандаи  Пешвои миллатро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, дар таъмини рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ, рушди деҳот, саҳмгузорӣ менамоянд. Ҳунарҳои мардумӣ оинаи бозгўяндаи рўзгори тоҷикон буда, мисли дигар халқҳо ба худ таърихи дурахшону нотакроре доранд. Имрўз мо намунаи эҷоди ин ҳунармандонро дар ҳама ҷой метавонем дид, ки ҳар як кандакорӣ, гаҷкорӣ, сангу нигориши онҳо, сутуну  тахтасангҳои кандакоршуда маънои ба худ хосе доранд. Ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик то имрўз ба мисли чакандўзӣ, адрасбофӣ, зардўзӣ, бофандагӣ,  қолинбофӣ, гулдўзӣ, кулолгарӣ, гўшворсозӣ, ҷомадўзӣ, шонатарошӣ, гаҳворасозӣ ва ғайраҳо мавҷуданд.
Сарвари давлат дар бахшҳои рушди деҳот, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва саноаткунонии босуръати кишвар моро муаззаф месозад, ки аз захираву имкониятҳои маҳаллӣ истифода намуда, соҳибкорон, ҷавонону занон ва мардуми захматпешаи кишварро барои инкишофи босуръати инфрасохтори деҳот ва муваффақона ба соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намоем.
Бо анъанаҳои ҳунармандони халқи тоҷик бифахрем, дастрас ба ҳамагон намоем, онҳоро эҳё созему ба наслҳои минбаъдаи худ мерос гузорем.
Ҳар як банди Паём моро ба сўи фатҳи қуллаҳои нави умед, ободкориҳо, беҳбудии зиндагӣ ҳидоят месозад.

Назирмадзода Даврон Назирмад
Корманди Дастгоҳи суди  шаҳри  Душанбе.