ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ»

Моддаи 1. Ба моддаи 20  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз 29 апрели соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №4, мод. 201; с. 2008, № 12, қ. 2, мод. 1017;  с. 2009, № 3, мод. 89; с. 2011, № 3, мод. 178, №6, мод. 444; с. 2015, № 3, мод. 220, № 11, мод. 961, мод. 962; с. 2016, № 3, мод. 144, мод. 145; с. 2017, № 7 — 9, мод. 574; с. 2019, № 7, мод. 470) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
— ба қисми 3 пас аз калимаи «ташаккулёфта» калимаҳои «бе истифодаи пасвандҳои -ов, -ова, -ев, -ева мутобиқи қисми 4 моддаи мазкур» илова карда шаванд;
— аз қисми 4 калимаҳои «аз номи падар, номи падари падар ё решаи насаби ӯ» хориҷ карда шуда, пас аз пасванди «-фар» аломат ва пасвандҳои «, -пур, -духт» илова карда шаванд;
— қисми 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«6. Номи  падар  бо  иловаи пасвандҳои  ташаккулдиҳандаи -зод,     -зода, -ёр, -ниё, -фар, -пур, -духт ва ё бе иловаи чунин пасвандҳо ташаккул меёбад.  Истифодаи пасвандҳои -овна, -евна, -ович, -евич дар номи падар манъ аст.»;
— қисми 12 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«12. Дар сурати гуногун будани миллати падару модар насаби кӯдак бо мувофиқаи падару модар бо насаби падар ё модар тибқи талаботи қисми 11 моддаи мазкур сабт карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 июли соли 2020, № 1706

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 29 апрели соли 2020, № 88

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  26 июни соли 2020, № 39