ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 октябри соли 2018, № 1199
қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 декабри соли 2018, № 583
ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 6, мод. 7; с.2010, № 1, мод. 6; с. 2012, № 7, мод. 721; с. 2014, № 7, қ.1, мод. 388, № 12, мод. 821; с. 2015, № 11, мод. 953; с. 2016, № 5, мод. 360; с. 2018, № 1, мод. 6), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

  1. Ба моддаи 124 сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

“- талабот оид ба додани молу мулки манқул ба кредитор, ки ба ў ба сифати таъмини иҷрои ўҳдадориҳо пешниҳод шудааст, арз шуда бошад;”.

  1. Қисми 3 моддаи 126 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

“3. Ҳангоми талаб кардани молу мулки манқул дар ариза бояд тасвири аломатҳои фарқкунандаи молу мулки талабшаванда, ки барои ҳаммонандкунии он кифоя мебошад ва арзиши он зикр гардад.”.

  1. Дар сархати шашуми қисми 1 моддаи 130 калимаҳои “манқуле, ки бояд талаб карда гирифта шавад, бо зикри арзиши он” ба калимаҳои “манқули талаб карда гирифташаванда, ки барои ҳаммонандкунии он кифоя мебошад” иваз карда шаванд.
  2. Моддаи 131 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

“Моддаи 131. Огоҳ намудани қарздор дар хусуси қабули фармон

  1. Судя фармонро на дертар аз як рўз пас аз қабул кардани он ба қарздор мефиристад. Қарздор ҳуқуқ дорад дар мўҳлати даҳ рўз аз рўзи гирифтани фармон оид ба он норозигии худро дар шакли хаттӣ ба суд пешниҳод кунад.
  2. Аз рўи фармонҳо дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ҳамчун таъмини иҷрои ўҳдадориҳо ба ў дода шудааст, судя на дертар аз як рўз пас аз қабул кардани фармон ба қарздор онро барои иҷро мефиристад. Қарздор ҳуқуқ дорад дар мўҳлати даҳ рўз пас аз гирифтани фармон ба суд бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани рўёнидан муроҷиат намояд.
  3. Ҳангоми дар мўҳлати муқарраршуда бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани рўёнидан муроҷиат накардани қарздор, фармон дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ҳамчун таъмини иҷрои ўҳдадориҳо ба ў дода шудааст, мавриди иҷрои фаврӣ қарор мегирад.”.
  4. Ба моддаи 132 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

“4. Фармон дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ҳамчун таъмини иҷрои ўҳдадориҳо ба ў дода шудааст, танҳо дар асоси муроҷиати қарздор ба суд бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани рўёнидан бекор карда мешавад.”.

  1. Дар моддаи 133:

– дар қисми 1 калимаҳои “нусхаи фармонро” ба калимаи “фармонро” иваз карда шаванд;

– қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

“3. Судя фармонро дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ба ў ба сифати таъмини иҷрои ўҳдадориҳо дода шудааст, на дертар аз як рўз пас аз қабул кардани он ба кредитор месупорад. Фармон бо мўҳри нишондори суд тасдиқ карда шуда, бо риояи қисми 3 моддаи 131 ҳамин Кодекс мавриди иҷрои фаврӣ қарор мегирад.”.

  1. Ба моддаи 135 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

“- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳолатҳое, ки даъвогар талабҳои худро асоснок менамояд;”.

  1. Ба қисми 6 моддаи 143 пас аз калимаи “месозад” калимаҳои “, даъвогар бошад, огоҳиномаи гарави дахлдорро дар Феҳристи ягонаи давлатии ўҳдадориҳои таъминшуда ба қайд мегирад” илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1559