Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул гардид

IMG_4523Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.

Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди вакилони мардумӣ  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф, вакилони Маҷлиси намояндагон Сафарзода Бахтовар, Раҷабова Лутфия, Ғаффоров Абдуҳалим, Усмонзода Саидҷаъфар, Авзалшоева Бибидавлат, Ҳакимов Ориф, Қобилов Аҳматҷон, Азимзода Толибхон, Мирзозода Мавлудахон, Азизмуҳаммад Холмуҳаммад, Ахмедов Ҷаббор, Ориф Ҳакимов ва дигарон баромад намуданд.

IMG_4532Дар баромади вакили Маҷлиси намояндагон Сафарзода Бахтовар таъкид гардид, ки лоиҳаи ҚонуниҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи авф» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси  қонунгузорӣ мувофиқи моддаҳои 58 ва 59 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун иқдоми навбатии башардӯстона ба истиқболи 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣэътироф мекунад, пешниҳод шудааст. Ҳадаф аз пешниҳоди лоиҳаи  Қонуни мазкур пеш аз ҳама ин фароҳам овардани шароити мусоид барои баргаштани шумораи зиёди шаҳрвандон ба ҳаёти муътадил ва ислоҳ шудани онҳо, тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, муҳаббат ба Ватан, андешаҳои давлат меҳварӣ, шинохти арзишҳои милливу умумибашарӣ буда, он рамзи гӯёи амалишавии принсипи инсондӯстӣ ба шумор меравад.

IMG_0313Дар лоиҳа аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо ҷазоро адо мекунанд, пешбинӣ гардидааст. Инчунин пешбинӣ мегардад, ки қисми адонашудаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазо бинобар ҷой доштани маҳдудиятҳо озод карда намешаванд, кам карда шавад.

IMG_4550Қонуни мазкур аз дебоча ва 22 модда иборат аст, ки онҳоро аз рӯйи мазмуну муҳтаво ба гуруҳҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст, ки барои дар амал татбиқ намудани он муосидат мекунад:

  1. гуруҳи якуми моддаҳо ба муайян намудани категорияи шахсоне, ки санади авф нисбати онҳо татбиқ карда мешавад (моддаҳои 1-7);
  2. мушаххас намудани маҳдудиятҳо ҳангоми татбиқи санади авф, ки моддаҳои 8-10–ро дар бар мегирад;
  3. муайян кардани мақомот ва муассисае, ки Қонуни мазкурро татбиқ ва иҷро мекунанд (моддаҳои 11-13);
  4. шарҳ додан ва дақиқ нишон додани шахсоне, ки ба гуруҳҳо ва категорияҳои номбурда дохил мешаванд ва ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур нисбати онҳо татбиқ карда мешавад (моддаҳои 14-17);
  5. муайян намудани мақомоте, ки бо шахсони нисбати онҳо санади авф татбиқшуда кор мебаранд, яъне барои шуѓли минбаъдаи онҳо мусоидат мекунанд, назорати ноболиѓон, ҷойгир кардан дар муассисаҳои тиббӣ, интернат ва хонаи пиронсолон, ташкили бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ягонаи шахсони нисбаташон санади авф татбиқшуда (моддаҳои 18,19);
  6. Муҳлати иҷро ё татбиқи Қонуни мазкур ва пешниҳод намудани ҳисобот оид ба он (моддаҳои 20,21);
  7. Мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур (моддаи 22).

IMG_3136Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ баъди қабул гардидан Қонуни мазкур нисбати зиёда аз бист ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад. Аз ҷумла, зиёда азҳафт ҳазор нафар аз адои ҷазо азмуассисаҳои иҷрои ҷазо озод гардида, беш аз панҷ ҳазор нафар аз ҷазоҳои дигари баҷазои маҳрум сохтан аз ҷазои ба озодӣ алоқаманд набуда озод карда мешаванд. Нисбат ба маҳкумшудагони зиёд муҳлати адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ кам карда мешавад. Қонуни мазкур инчунин нисбати зиёда аз ду ҳазор шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятии онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судҳо қарор доранд, татбиқ карда мешавад.

Вобаста ба муҳиммияти доираи фарогирии Қонуни мазкур онро бояд махсус қайд намоем, ки бениҳоят фаррох буда, кирдорҳои зиёди пешбининамудаи кодекси ҷиноятӣ зери татбиқи он қарор мегиранд. Пешвои муҳтарами миллат доираи васеи шахсонеро барои авф кардан пешниҳод кардаанд, ки ба ҳаёти осоишта баргарданд, дар ҷамъият мавқеи худро ёбанд, ислоҳ шуда, роҳи дурусти зиндагиро пеша кунанд, ба қадри тинҷиву осоиштагӣ ва суботи кишвари азизамон расанд. Аз ин дид, лоиҳаи Қонуни мазкур қадами навбатии хирадгаро ва бисёр беназир ба шумор меравад. Масалан, бо пурра авф кардани нафароне, ки ҷинояти дар қисми 2 IMG_0454моддаи 307Кодекси ҷиноятӣ пешбинигардидаро содир кардаанд, зиёда аз 500 нафар маҳкумшуда аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд. Ин модда ҷавобгарии ҷиноятиро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол барои иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибориқонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст,инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабака иинтернет ва ё ба тарзи дигар пешбинӣ мекунад. Ин модда ҳамчунин кирдорҳои ҷавонон ва нафаронеро дар бар мегирад, ки аз гумроҳӣ, нофаҳмӣ, ҳавою ҳавас ё дигар ѓараз тавассути интернет ё шабакаҳои иҷтимоӣ тариқи телефони мобилӣ зери маводҳои манъкардашуда ба истилоҳ “лайк”, “класс”, “коммент” ё дигар шакли мусоидаткунии  паҳнкуниро гузоштаанд. Авф кардани онҳо аз ҷониби Пешвои миллат аҳамияти ниҳоят муҳим дошта, хусусияти тарбиявӣ дорад. Даҳҳо чунин моддаҳоро номбар кардан мумкин аст, ки дар натиҷаи авфи онҳо ҳазорҳо шаҳрвандони гумроҳ имконияти ҳамгироӣ бо ҷамъият ва баргаштан ба зиндагии муътадилро пайдо мекунанд ва ҳазорҳо оила аз иқдоми навбатии хайрхоҳонаи Пешвои маҳбуби миллат хушнуд хоҳанд шуд.

IMG_3094Вакилони Маҷлиси намояндагон пас аз баррасӣ ва муҳокимарониҳои зиёд аз рӯи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қарори дахлдор қабул намуданд.

Дар иҷлосия ҳамчунин  роҷеъ ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Худоёрзода Б.Т.», пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қодирзода А.С.», пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Самадзода Н. А.», пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Хидирзода М .У.»,  пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Салимӣ Н. Ю.», пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Азизова М. Б.», пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани  Шодмонбеков Ю. Р.» қарор қабул карда шуд.

IMG_3098 IMG_4535

IMG_0880 IMG_0495

IMG_4584 IMG_4586

IMG_4592 IMG_4594

IMG_4597 IMG_4605

IMG_4607

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе