МОДАР-ФАРИШТАИ РОҲНАМО

Дар дунё нафари машҳуру маҳбубе аст, ки зиндагӣ аз ӯ нур мегирад, саропо вуҷудаш меҳр ҳасту меҳр, ҷамъи парешониҳову балоҳо ва ҷумла саргардониҳо бо дуояш аз сари роҳи инсонӣ дур мегарданд, бо як лабханди зебояш андӯҳ аз дилҳо мераҳад, ӯ омӯзгори маърифату мавҷудоти болотар аз ҳама ва неъмати нодиру нотакрори зиндагист, ки исми зебояш маъруфу маҳбуб ва ҳамеша вирди забони ҷумла оламиён аст. Исми ин фариштаи зиндагӣ Модар аст. Модар сароғози ҳама ҳастӣ ва чароғи тирагиҳо, тасвири ишқу ошиқӣ ва олами муҳаббати беканор аст.

Зан-модар сарчашмаи равшании ҳаёту зебогии зиндагист. Зан-модар шахсияти муқаддасу неъмати бебаҳо ва ҳадяи Илоҳӣ дар умри инсонист.

Вақте, ки лафзи модарро ба забон меорем, аллакай пеши назарамон симои азизтарин ва зеботарин шахсе, ки вуҷудаш пур аз шӯълаи ишқу муҳаббат, меҳру садоқат ба фарзанд аст, намудор мегардад. Чеҳраи гарму пур аз нури модар мисоли хуршеди ҷаҳонтоб аст, ки бо меҳру муҳаббат ва самимият қалбҳоро ба худу зиндагӣ дилгарм месозад.

Модар равзанаи муҳаббату садоқат, дунёи саодат ва сардафтари зиндагии инсон аст. Олам бо ҳама рангиниву дороиҳояш бе модар тираву ҳеҷ аст. Баръакс, ҳастии модар зебу зиннат ва равшании олами мост. Ҳамаи бунёдҳову зебогиҳои сунъии дунёи мо натиҷаи заҳматҳои пайвастаи зодагони модаранд. Модар паёмбарону хирадмандон, бузургону сарварон, шоирону нависандагон, ҳунармандону наттоқон, меъморон ва ҷумла бунёдгаронро  ба дунё оварда,  ба камоли инсониву хирадмандӣ ва тавоноӣ парварида, ба ҷомеа чун армуғон тақдим кардааст пас ҳамаи дастоварду ҳамаи пешравиҳо аз модар сарчашмаву сароғози худро мегирад. Воқеан, тамоми фарзандони фарзонаҳои оламро модар ба дунё овардаву ба мартабаҳои баланд расонидааст.

Модар ҳамдами асилу нотакрор, рафиқи розшунаву роҳнамо ва ёвари ҷумла фарзандон дар рӯзҳои сарду сахт, дарду ғурбат аст. Ҳастии модар давлату дуояш сарчашмаи зиндагии пур аз баракоту хайри фарзандон аст. Модар ганҷи бузург ва давлати нодир дар умри одамист. Қадр ва қиммати модарро донистан ва ба ин шахсияти тиллоӣ  арҷи эҳтиром гузоштан ва дар зиндагӣ ба ӯ хизмати накӯ намудан болои ҳар як фарзанд фарзи Илоҳиву қарзи инсонист. Пешвои миллат зимни яке аз паёмҳои табрикотии худ дар рӯзи модарону бонувон чунин қайд намуданд, ки  “Ҳар қадаре, ки бузургон модарро ситоиш накунанд ва ба ҳар андозае, ки мо хизмати модарро ба ҷо наоварем, ранҷи бедорхобӣ ва заҳмати ҳатто барои як фарзанд кашидаи ӯро ҷуброн карда наметавонем.” Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст агар ҳар қадаре, ки модарро васф кунем ва хизматаш ба ҷо орем ҳоло ҳам як шаба ранҷи бедорхобии ӯро ҷавоб натавонем дод.

Зан-модар дар ҷомеаи мо нақши асосӣ дорад. Истиқлоли давлатӣ тавонист барои зани тоҷик озодандешӣ, зиндагии шоиста ва имконияти муфид фароҳам оварад. Дар замони истиқлол занон тавонистанд дар дилхоҳ соҳа кору фаъолияти самарбахш намуда,  дар пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистони беназир саҳми арзандаи худро гузоранд.

Воқеан ҳам боиси фахр аст, ки модари тоҷик имрӯз дар пешрафти ватани азизамон камар баста дар радифи мардони меҳан бар миллату давлат хидмат намуда истодаанд. Имрӯз зани тоҷик дар баробари модар ва ҳамсари хуб будан дар  мақомотҳои давлатӣ ва ташкилоту идора ба ҳайси роҳбар ва дигар мансабҳои мавҷуда фаъолият намуда, ҳиссаи худро барои татбиқ намудани сиёсати роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат гузошта истодааст.

Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, ки “Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст.”

Воқеан ҳам, модари тоҷик барои миллати тоҷик мардони асилу ватандӯстор ба мисли Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров,  Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон, Нусратуллои Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, шоирону нависандагони забардасту барҷаста ба мисли Рӯдакиву Сино, Лоиқу Фирдавсӣ  ба дунё оварда бо маърифату хиради хеш онҳоро ба камоли бузургиву инсонӣ оварда расонидааст. Модари тоҷик худ қаҳрамон аст, ки қаҳрамонҳоро ба дунё овардааст.

Тавре дар боло зикр намудем, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.  Имрӯз занону бонувон дар мақомотҳои гуногуни давлатӣ фаъолият мебаранд. Тибқи маълумотҳо аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Занону бонувони кишвар  қувваи бузург ба ҳисоб рафта, бо донишу маърифати худ метавонанд дар пешрафти кишвар ҳиссаи худро гузоранд ва бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат барои ҷалби бонувону занон ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ чораандешӣ намуда, ин ҳадафро густариш медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” чунин қайд намуданд, ки “Мо, ҳамчунин, ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.”

Ҳамин тариқ, зан-модар дар ҷомеаи мо арзиши баланд ва ҷойгаҳи махсусро касб намуда, дар идоракунии ҳамаи соҳаҳои давлатдорӣ нақши асосӣ ва ҳалкунандаро мебозад.

Мо ки дар остонаи иди баҳор ва рӯзи бонувону модарон қарор дорем бо истифода аз фурсат кулли бонувону модарронро бо рӯзи баҳори аҷам ва рӯзи идашон самимона табрик намуда, барояшон саломативу саодатмандӣ ва хушрӯзгориву зебогии ҳамешагиро таманно менамоям.

Бигзор, чеҳраҳои бонувону модарони тамоми саёра хандону чашму дилашон саршори ишқу муҳаббат, садоқату самимият ба фарзандону ба ҳаёт бошад.

Дар кӯчаи ҷон ҳамеша модар боқист,

Дарёи муҳаббаташ чу Кавсар боқист.

Дар гӯиши ошиқона, номи модар.

Шеърест, ки то абад ба дафтар боқист.                                                                                                                                               

                                       Бадалзода М. М.

                                      Судяи суди шаҳри Душанбе