Маҷлиси кории суди шаҳри Душанбе – 02.08.2019 сол

Маҷлиси кории судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе

Имрӯз, 02 августи соли 2019 дар толори суди шаҳри Душанбе маҷлиси навбатии корӣ баргузор гардид. Дар он, иҷрокунандаи вазифаи Раиси суди шаҳри Душанбе, муовини якуми Раиси суд Қурбониён А.Н., муовини Раис Бобохонзода А., судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси суд аз ҳозирин талаб карда шуд, ки ҷиҳати риояи саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбарияти Суди Олӣ, бандҳои нақшаи кории суди шаҳри Душанбе, интизоми меҳнат, дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ баррасӣ намудани парвандаҳо чораҳои дахлдор андешида шуда, ба масъулин баҳри иҷроиши онҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Инчунин, таъкид гардид, ки ҳар як судя ва корманди дастгоҳи суд баҳри баланд бардоштани малакаи касбии худ кӯшиш намоянд.

 

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе