Маҷлиси корӣ бахшида ба нафақа баромадани судяи суди шаҳри Душанбе – Абдуллозода Гулниссо

Таърихи 30 ноябри соли 2019 бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №1377 “Дар бораи аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе озод намудани Абдуллозода Гулнисо бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан” бароварда шуд.

Бахшида ба ин, дар толори суди шаҳри Душанбе аз ҷониби Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. дар якҷоягӣ бо муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе Қурбониён А.Н., муовини раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода А., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе маҷлиси корӣ баргузор гардид.

Сараввал Раиси суд доир ба шахсият ва фаъолияти пурбарори ин собиқадори мақомоти судӣ ҳарф зада, қайд намуданд, ки Абдуллозода Гулнисо яке аз судяҳои беҳтаринӣ ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт хизматҳои шоён нишон додаанд ва дастпарварони зиёде доранд, ки дар мақомоти судӣ алҳол фаъолият намуда истодаанд. Дар давоми суханронӣ Абдуллозода Г-ро аз номи худ ва коллективи суди шаҳри Душанбе вобаста ба нафақа баромаданашон табрику муборак бод намуда, бо туҳфаҳо қадргузорӣ намуданд.

Дар давоми маҷлис муовини Раиси суд Бобохонзода Асомуддин, судяҳои суди шаҳри Душанбе Абдулғанизода А.А., Муминзода Ҳ., кормадони дастгоҳи суд Ҳусензода Ф. ва Абдулхайрзода Ҷ., Абдуллозода Г-ро бинобар ба нафақа баромаданашон табрику муборакбод намуда, таманниётҳои некӣ худро иброз намуданд.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе