Маҷлиси тантанавӣ бо иштироки кормадони дастгоҳи судҳо дар Суди Олии ҶТ.

Имрӯз, 4 сентябри соли ҷорӣ дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси тантанавӣ кормандони дастгоҳи Суди Олӣ, суди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он иштирок намуданд.

Маҷлисро директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Солеҳ Амин оғоз ва роҳбарӣ намуд. Номбурда ҳозиринро бо бузургтарин дастоварди миллати тоҷик, Ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ табрик карда, дар бораи моҳияти Истиқлолият ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар маҷлиси мазкур кормандони дастгоҳи судҳо вобаста ба ин ҷашни муқаддасӣ миллӣ баромадҳо намудаанд. Аз ҷумла корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Ҳусензода Фируза аз минбари Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ баромад намуд.

Дар маҷлиси мазкур саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва пойдории сулҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардида, даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар як фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ расида, баҳри пойдории Истиқлолитяи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе