Кормандони суди шаҳри Душанбе ба ваксинатсияи ройгони зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд

Дар доираи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 5 июли соли 2021 дар суди шаҳри Душанбе маъракаи ройгони ба ваксинатсияи зидди бемории COVID-19 фаро гирифтани кормандони суд баргузор гардид.

Нахуст роҳбарияти суд ваксина гузаронида, сипас судяҳо ва ҳамаи кормандони дастгоҳи суд ба ваксинатсия фаро гирифта шуданд.

Маврид ба қайд аст, ки ин чорабинӣ ғамхории навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба солимии миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистони азиз мебошад.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе