КОРҲОИ ОБОДОНӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР БИНО СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Рӯзҳои 2 ва 3 сентябри соли 2023 ҷиҳати амалигардонии супориши Раиси суди шаҳри Душанбе муҳтарам Зикирзода Лоиқ баҳри ободу зебо нигоҳ доштани бинои суди шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бино Суди шаҳри Душанбе бо иштироки Роҳбарияти Суди шаҳри Душанбе, судяҳо ва кормандони дасгоҳи Суди шаҳри Душанбе шанбегӣ баргузор гардид.

Дар шанбегии мазкур кормандони суд ҳавлии суди шаҳри Душанбе ва гирду атрофи биноро  рангу бор намуда, бинои суди шаҳри Душанберо барои сазовор ҷашн гирифтани 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  омода намуданд.

КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ