“КОНСТИТУТСИЯ РОҲНАМОИ МИЛЛАТ”

Таҳти ин унвон санаи 01.11.2024 сол, бахшида ба 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли равон дар Муассисаи Маркази саломатии шаҳрии №15 ҷаласаи тантанавӣ доир карда шуд.

Дар чорабинии идона сардори шуъбаи умумии суди шаҳри Душанбе  Назирмадзода Д.Н., кормандони дастгоҳи суд Муҳаммади Сафарзод, Сафаров Ҳ., ва Юсуфзода Қ. ширкат варзиданд.

Чорабинии идона аз ҷониби роҳбарияти муассиса ҳусни оғоз ёфта, дар раванди он намояндагони суди шаҳри Душанбе Назирмадзода Д.Н., кормандони дастгоҳи суд Муҳаммади Сафарзод ва Юсуфзода Қ. доир ба нақши Конститутсия дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягон ва адолатпарвар ибрози сухан намуданд.

Зикр карда шуд, ки тайи 33 соли соҳибистиқлолӣ мардуми тамаддунофару нексиришти халқи тоҷик бо роҳнамоиву роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдомҳои созандаву бунёдкорона Ватани маҳбубамон — Тоҷикистонро ба як кишвари сарсабзу хуррам ва ҳамқадами замони муосир табдил доданд, ки то ҳол ҷараёни тараққиёт дар кишварамон бомаром идома дорад. Мардуми созандаву бунёдгарои тоҷик бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ифтихор аз ватану ватандорӣ дар ободу зебо сохтани ҳар як гӯшаву канори меҳан банд ҳастанд. Маҳз заминаи ин шоҳроҳи бузурги пешрафти давлату миллатро муқаррароти санади тақдирсози давлату миллат яъне Конститутсия ба роҳ гузошт.

Ҳамзамон, сардори шуъбаи умумии суд Назирмадзода Д.Н. зимни баромад дар ҷаласаи тантанавӣ вобаста ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли равон ибрози назар намуда, эълон гардидани соли маърифати ҳуқуқиро яке аз тадбирҳои сари вақтӣ ва муҳим донист.

Аз ҷониби мавсуф қайд гардид, ки намояндагони суди шаҳри Душанбе дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми худро гузошта, дар ин замина пайваста бо доираи муайяни шаҳрвандон вохӯриҳои судмандро дар самти тарғибу ташвиқи қонуну қониният ба роҳ мондаанд, ки ин раванд ба баланд гардидани маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими принсипи  қонуният осор мегузорад.

Дар поёни ҷаласаи тантанавӣ намояндагони суди шаҳри Душанбе барои ҳамкориҳои судманд дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти муассиса бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

                                                                                 Муҳаммади Сафарзод

                                                                        корманди дастгоҳи суд