КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҲКИМИ АРЗИШҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

30 октябри соли 2019 дар Нашрияи расмии Тоҷикистон, дар рӯзномаи Ҷумҳурият мақолаи судяи суди шаҳри Душанбе, Саидшозода Зафар ба таври зайл ба нашр расид:

Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқу миллати соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил, ҳамзамон, санади муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Истиқлолият ва Конститутсия мафҳумҳои тавъам буда, якдигарро комил меcозанд, зеро давлати соҳибистиқлол бе Конститутсия вуҷуд дошта наметавонад.
Зарурати таърихии қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз он иборат мебошад, ки аввалин бор дар тамоми давраи мавҷудияти халқамон истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва волоияти қонунро дар худ сабт ва мустаҳкам кардааст. Ин санади олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона эълон намуд. Он бузургтарин дастоварди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии миллати сарбаланди тоҷик дар марҳилаи ҳозираи инкишофи ҷамъият мебошад. Муҳимтар аз ҳама дар Конститутсия давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон эълон шудааст.

Агар ба заминаҳои таҳия ва қабули Конститутсия дар замони Истиқлолияти давлатӣ назар афканем, ҳамоно нақши Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вазъияти бисёр ҳассосу печидаи мамлакат дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, барҷастатар мешавад. Зеро маҳз ҳамин анҷумани саодатофар барои таҳияи лоиҳа ва қабули Конститутсия бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат заминаи устувор гузошт.

Дар моддаи 84 Конститутсия омадааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд… ”. Яъне фаъолияти ҳокимияти судӣ дар асоси Конститутсия ба роҳ монда шуда, мустақиман қонуният будани адолатро ҳифз менамояд. Аз ин рӯ, дар назди мо — кормандони мақомоти судӣ вазифаи басо муҳим ва пурмасъулият истодааст, ки ҳамеша волоияти қонунро авлотар дониста, дар баровардани ҳар як қарор одилона рафтор намоем ва адолатро устувор созем. Ҳар як қарори мо ҷомеаи шаҳрвандиро метавонад бовар намояд, ки қонун дар давлатдории имрӯз болотар аз ҳар гуна манофеи шахсиву гурӯҳӣ меистад.

Манбаъ сомонаи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият».

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе