Таъиноти коллегияи судӣ аз рўи шикояти кассатсионии маҳкумшуда Қурбонов З.Б. нисбат ба ҳукми суди н. Фирдавсии ш. Душанбе аз 10 апрели соли 2019

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе 08 майи соли 2019 дар ҳайати раисикунанда Абдулғанизода А., судяҳо Шӯҳратзода У. ва Мусобекзода Т.М. парвандаи ҷиноятиро аз рўи шикояти кассатсионии маҳкумшуда Қурбонов З.Б. нисбат ба ҳукми суди н. Фирдавсии ш. Душанбе аз 10 апрели соли 2019, ки бо он:

Қурбонов Зафар Бобоҷонович, рӯзи таваллудаш 08 сентябри соли 1987, ҷои таваллудаш ноҳияи Темурмалик, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, оиладор, соҳиби ду нафар фарзанд, кор намекунад, бе ҳизб, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаблан суд нашудааст, сокини шаҳри Душанбе, кўчаи Н.Қарабоев 72\5, ҳуҷраи 3,

бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) моҳ, бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ, таъин карда шудааст, баррасӣ намуда, муайян кард:

Аз тарафи суди марҳилаи якум Қурбонов З.Б. барои он гунаҳгор дониста маҳкум шудааст, ки ў таърихи 13 январи соли 2019 тахминан соатҳои 19:30 дақиқа, ҳангоми дар хонаи истиқоматиаш воқеъ дар ш.Душанбе кўчаи М. Нарзибеков 439 «а», дар ҳолати мастӣ қарор доштан аз ҳиссиёти рашк бо гумони бе иҷозати ў нигоҳ доштани телефони мобилӣ ва гуё гуфтугў намуданаш бо дигар шахс ҳамсараш Султонова М.Қ-ро бо корди ошхонагӣ тағаш 14 см, бараш 2,5 см мебошад таҳдиди куштан намудааст,ки бо мақсади тарс додан равона шудааст. Сипас, ў бо нугӣ тезии теғи корди ошхонагии дар дасташ буда, ба пешонӣ, таги абрў ҷроҳатҳои ҷисмонӣ мерасонад. Султонова М. бо мақсади муҳофизат намудани руяш аз ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бо панҷаҳои дастонаш рўяшро мепӯшонад. Маҳкумшуда Қурбонов З.Б. бошад, ҳаракатҳои қасдонаи худро давом дода бо корди дар дасташ буда, ба пушти панҷаҳои дастҳои ҳамсараш Султонова М.Д. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мерасонад.

Мувофиқи хулосаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ судӣ» таҳти №700 аз  04.04.2019 сол ҷароҳатҳои ҷисмонии бадани шаҳрванд Султонова М.Қ. дар намуди захмҳои бурида мансуб ба зарари сабуки саломатӣ бо аломатҳои харобшавии саломатӣ на зиёда аз 21 рўз мансуб буда, сират ва сифати ҷароҳатҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ин ҷароҳатҳо аз таъсири ҷисмҳои халандаю буранда мумкин аст таърихи 13.01.2019 сол ба вуҷуд омада бошанд.

Суди марҳилаи якум ҳукми дар боло овардашударо баровардаст.

Бо ҳукми мазкур маҳкумшуда Қурбонов З.Б. розӣ нашуда, нисбат ба он шикояти кассатсионӣ оварда, аз коллегияи судӣ бо назардошти ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо, ки аз тарафи суди марҳилаи якум ба инобат гирифта нашудааст, хоҳиш намудааст, ки ҳукми суд тағйир дода шуда, нисбаташ ҷазои ғайриҳабсӣ таъин карда шавад.

Маводҳои парвандаи ҷиноятиро омўхта, ваҷҳҳои шикояти кассатсиониро таҳти таҳлил ва баҳодиҳӣ қарор дода, коллегияи судӣ бо асосҳои зерин бетағйир гузоштани ҳукмро мувофиқи мақсад донист.

Гунаҳгории Қурбонов З.Б. дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз нишондоди худиқрории худи судшаванда Қурбонов З.Б бо далелҳои дар қабати парванда мавҷудбудаи зерин: протоколи азназаргузаронии ҷои ҳодиса аз 13.01.2019 сол, аризаи ҷабрдида Султонова М.Қ., протоколи муоинаи тиббӣ, протоколи азназаргузаронии далели шайъи аз 29.01.2019 сол ва бо хулосаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ судӣ» таҳти №700 аз 04.04.2019 сол тасдиқи пурраи худро ёфтааст.

Аз ин рў, суди марҳилаи якум ба ҳолатҳои воқеии содир шудани ҷиноят ва ба далелҳои мавҷудбуда баҳои ҳуқуқӣ дода, кирдори Қурбонов З.Б-ро бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳдиди куштан, агар барои амалӣ гаштани ин таҳдид асоси тарсу харос мавҷуд бошад, дуруст банду баст намудааст.

Ваҷҳи шикояти кассатсиониро оиди он, ки суди марҳилаи якум ҳамаи ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазоро ба назару эътибор нагирифта, ҷазои вазнин таъин намудааст, коллегияи судӣ қобили қабул намешуморад. Зеро, суди марҳилаи якум ҳангоми таъин намудани ҷазо нисбати Қурбонов З.Б. дар асоси талаботи қисми 3-и моддаи 60 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятӣ содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳгор, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазоро ба инобат гирифта, ҷазои сазовор ба кирдор таъин намудааст.

Бинобар ин, коллегияи судӣ асос барои бекор ё тағйир додани ҳукми суд дарёфт накарда, бо таъиноти худ аз 08 майи соли 2019 ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо аз 10 апрели соли 2019  нисбати Қурбонов Зафар Бобоҷонович бетағйир, шикояти кассатсионии маҳкумшуда Қурбонов З.Б-ро беқаноат гузошт.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе.