Таъиноти коллегияи судӣ аз рўи шикояти кассатсионии ҳимоятгар Холов Б. ва маҳкумшуда Сафаров Т.З. нисбат ба ҳукми суди н. Синои ш. Душанбе аз 01.04.2019 сол.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Бобохонзода Асомуддин, судяҳо Саидшозода З. ва Мусобекзода Т.М. парвандаи ҷиноятиро аз рўи шикояти кассатсионии ҳимоятгар Холов Б. ва маҳкумшуда Сафаров Т.З. нисбат ба ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 01 апрели соли 2019-ро, ки бо он:

Сафаров Тоҷиддин Зарифович, рӯзи таваллудаш 31 декабри соли 1979, зодаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, оиладор соҳиби шаш фарзанд, қаблан суд нашудааст, муваққатан бекор, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кўчаи Хуҷандӣ, гузаргоҳи 4, хонаи 8а,

  • бо моддаҳои 255 қисми 2 бандҳои “а,в” ва 32 қисми 3-353 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо  моддаи 255 қисми 2 бандҳои “а,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати  ду (2) сол, бо  моддаи 32 қисми 3-353 қисми 3 КҶ  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ду (2) сол  таъин карда шудааст.

Бо дастрасии қисми 2 моддаи 67-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъингардида аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо ба Сафаров Тоҷиддин Зарифович ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати се (3) сол бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми  умумӣ таъин карда шудааст

Аз ҳисоби Сафаров Тоҷиддин Зарифович ба манфиати Алиев Фахриддин Валиевич маблағи зарар ба андозаи 354 000 доллари ИМА мутаносибан бо асъори миллӣ 2 788 104 (ду миллиону ҳафтсаду ҳаштоду ҳашт ҳазору яксаду чор) сомонӣ руёнида шудааст, баррасӣ намуда, муайян кард.

Суди марҳилаи якум Сафаров Т.З-ро барои он гунаҳгор дониста маҳкум намудааст, ки ў солҳои тулонӣӣ дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул гашта, тахминан дар моҳҳои июн-июли соли 2016 бо шарикаш Хушвахтов Ризвон Абдуҳалимович тавассути барномаи интернетии “Ватсап” ҳамсуҳбат шудаааст. Зимни суҳбат Хушвахтов Р.А. аз хусумати шахсии доштани ӯ нисбат ба намояндаи соҳибкори тоҷик Алиев Фахриддин Валиевич — Алиев Ҷамшед Валиевич, ки дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ба тиҷорати боркашонӣ машғул буд истифода бурда, ӯро бо роҳи ба гапдарорӣ ба қасдан несту нобуд кардани молу мулки Алиев Ҷамшед Валиевич бо роҳи оташ задан, бар ивази маблағи пулӣ моил намудааст. Дар навбати худ, Сафаров Тоҷиддин Зарифович ба пешниҳоди шарикаш Хушвахтов Р.А. розӣ шуда, дар аввалҳои моҳи ноябри соли 2016 бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуров Хуршед Тоҳирович, Ашуров Абдулло Тоҳирович, Маҳмадов Фахриддин Тоҷиддинович ва Ахмедов Саъдулло Холиқович, ки ҳамчун иҷоранишин дар манзили истиқоматии №123, воқеъ дар кўчаи “Шоссейная”-и маҳаллаи Заря Востоки шаҳри Алмато зиндагӣ мекарданд вохурда, ба онҳо таклифи якҷоя несту нобуд кардани молу мулки намояндаи соҳибкори тоҷик Алиев Фахриддин Валиевич дар шаҳри Алмаато Алиев Ҷамшед Валиевичро бо роҳи оташ задан бар ивази маблағи пулӣ намудааст. Ба Ахмедов С.Х. розӣ шуда, аз ў маблағи 3000 доллари ИМА талаб намуданд. Сафаров Т.З. баъди гирифтани розигии Ашуров А.Т. ва Ахмедов С.Х. барои оташ задани анбори дар боло зикргардида харидани сузишвории бензин ба Ашуров А.Т. маблағи 10 000 танга ва як зарфи оҳанини гунҷоишаш 20 литраро дода, бо мошини шахсияш тамғаи Лексус, рақами қайди давлатиаш ба тафтишот номаълум бо ҳамроҳи Сияров Аюбҷон Маҳмадшоевич ва Ашуров А.Т. ба анбори нигоҳдории муваққатии молу маҳсулоти соҳибкори тоҷик Алиев Ф.В. воқеъ дар суроғаи дар боло зикргардида рафта, дар аввал анборро аз қисми пеш, баъдан аз қисмати қафо нишон дода, тарзу усули оташ задани онро дар вақти шабона тавсия додааст.

Боз, Сафаров Т.З. бо мақсади фош нагардидани мақсади ҷинояткоронаи худ ва шариконаш бо шиносаш Маҳмадов Насимҷон Ҷумабегович дар шаҳри Алмаато вохурда, ба охирин дар хусуси нақшаи ҷинояткоронаи худ ва чӣ тавр амалӣ сохтани он хабар дода, аз Маҳмадов Н.Ҷ. хохиш намудааст, ки баъди амалӣ шудани нақшаҳояш, дар иваз намудани ҷои зист ва тавассути ҳавопаймо зуд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел намудани шариконаш Ахмедов С.Х. ва Ашуров А.Т. кумак намояд. Ба ин хоҳиши Сафаров Т.З. шарикаш Маҳмадов Н.Ҷ. розӣ шудааст ва Сафаров Т.З. бо мақсади ҳарчӣ зудтар анҷом додани қасди ҷинояткоронаи худ Ашуров А.Т. ва Ахмедов С.Х.-ро бовар кунонидааст, ки барои ошкор нагардидани кирдори ҷинояткоронаашон ба гайр аз маблағи дар боло ваъда намудааш, инчунин Ашуров А.Т. ва Ахмедов С.Х.-ро баъди анҷом додани ҷиноят бо манзили истиқоматӣ дар дигар ҷой тавассути шарикаш Маҳмадов Н.Ҷ. таъмин намуда, сипас тавассути ҳавопаймо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел менамояд. Ашуров А.Т. ва Ахмедов С.Х. ба ваъдаҳои Сафаров Т.З. бовар карданд ва Ашуров А.Т. тибқи маслиҳати пешакӣ амал карда истода, аз нуқтаи фурўши сузишвории “GAZROSOIL.LTD”, воқеъ дар кӯчаи «Аэродромная»-и шаҳри Алмаато сузишвории бензинро харида, дар хонаи ба иҷора гирифтааш, дар қабати контейнерҳо пинҳон намуда, фарорасидани фурсати муносибро барои анҷом додани нақшаи ҷинояткоронаашон мунтазир шудааст. Шаби 03 ноябри соли 2016 тахминан соатҳои 22 Ашуров А.Т. бо маслиҳати пешакӣ бо Ахмедов С.Х. бо мақсади қасдан несту нобуд кардани молу мулки ғайр, бо роҳи оташ задан аз хонаи ба иҷорагирифтаашон, воқеъ дар суроғаи дар боло зикргардида, дар ду зарфи пластмассии 5 литра сўзишвории бензинро гирифта пиёда ба қафои анборҳои нигоҳдории муваққатии молу маҳсулоти ширкати “И.П.Естаев”-и шаҳри Алмато рафта, бо мақсади бо роҳи оташ задан несту нобуд кардани молумулки Алиев Ф.В. ба болои боми анбори №50- и ширкати мазкур баромада, бо гумони он ки дар дохили ин анбор молу маҳсулоти Алиев Ф.В. нигоҳ дошта мешавад, тунукаи болои боми анбори зикргардидаро канда, бо истифода аз бензини бо худовардаашон оташ заданд. Дар натиҷаи оташ анбори рақами 50 ширкати мазкур, ки дар дохили он таҳпушаку свитерҳои гуногуни бачагонаи соҳибкори Ҷумҳурии Қазоқистон Аукенов Донияр Дусенханович ба маблағи умумии 69 800 000 танга мутаносибан бо асъори миллӣ баробар ба 1 640 300 (як милиону шашсаду чил ҳазору сесад) сомонӣ сухта несту нобуд гаштааст. Аз ин амали шариконаш Сафаров Т.З. қаноатманд нагашта, аз Ашуров А.Т. ва Ахмедов С.Х. талаб кардааст, ки аввал рафта анбори намояндаи соҳибкори тоҷик Алиев Ф.В. дар шаҳри Алмато Алиев Ҷамшед Валиевичро оташ зананд ва танҳо баъди оташ задани анбор Сафаров Т.З. дар назди онҳо ваъдаи додаашро оиди пардохти ҳаққи хизматашон иҷро менамояд. Аз ин рафтори Сафаров Т.З. шарикаш Ашуров А.Т. норозӣ гашта, аз Сафаров Т.З. музди меҳнаташро ба маблағи 4000 доллари ИМА, ки то ин вақт ба ҳайси борбардор дар дасти Сафаров Т.З. кор карда буд, бо чиптаи ҳавопаймо, инчунин шиносномаш, ки қаблан дар дасти Сафаров Т.З. меистод талаб намудааст. Дар ҷавоб Сафаров Т.З. аз Ашуров А.Т. ва Ахмедов С.Х. иҷрои фармоиши худро оид ба оташ задани анбори Алиев Ф.В. талаб намуда, гуфтааст, ки шиносномаи Ашуров А.Т. бо чиптаи ҳавопаймо дар дасти шарики дигараш Маҳмадов Н.Ҷ. мебошад ва танҳо баъди оташ задани анбор, Ашуров А.Т. метавонад онҳоро ба даст биёрад. Ба ин шарти гузоштаи Сафаров Т.З. шарикаш Ашуров А.Т. розӣ нашуда, худи ҳамон рўз ба фурудгоҳи шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон рафта аз Маҳмадов Н.Ҷ. шиноснома ва чиптаи ҳавопайморо ба самти Алмато — Душанбе талаб кардааст. Маҳмадов Н.Ҷ. бошад аз рўи маслиҳати пешакӣ бо Сафаров Т.З. кардааш амал намуда, ба Ашуров А.Т. шиноснома ва чиптаи ҳавопайморо надодааст. Бараъкс, чиптаи ҳавопайморо, ки санаи 7 ноябри соли 2016 ба номи Ашуров А.Т. харида буд, бо супоридани ҷаримаи комиссионии чипта, онро ба санаи 10 ноябри соли 2016 иваз карда, аз Ашуров А.Т. талаб намудааст, ки танҳо баъди иҷро намудани супориши Сафаров Т.З. шиноснома ва чиптаи ҳавопайморо соҳиб мегардад. Санаи 09 ноябри соли 2016 тахминан соатҳои 22 Ашуров А. ва Ахмедов С. тибқи дастуру супоришҳои Сафаров Т. бо шарикаш Маҳмадов Н. амал карда, боз бо мақсади бо роҳи оташ задан несту нобуд кардани молу мулки намояндаи соҳибкори тоҷик Алиев Ф.В. дар шаҳри Алмато Алиев Ҷ.В. аз хонаи ба иҷорагирифтаашон, воқеъ дар суроғаи дар боло зикргардида, дар як зарфи 5 литраи пласмассӣ сузишвории бензинро гирифта пиёда ба қафои анборҳои нигоҳдории муваққатии молу маҳсулот, воқеъ дар суроғаи шаҳри Алмато, кўчаи Ангарская-107 рафта, бо мақсади бо роҳи оташ задан несту нобуд кардани молумулки Алиев Ф.В. ба болои боми иншооти ширкати «И.П.Естаев», ки дар ҳудуди он анборҳои тоҷирон ҷойгир буданд баромада, иштибоҳан тунукаи болои боми анбори №48, ки ба соҳибкори ба тафтишот номаълум таалуқ дошт канда, бо роҳи рехтани бензин онро оташ заданд. Аз ин амали Ахмедов С.Х. ва Ашуров А.Т. посбонҳои ширкати дар боло зикргардида огаҳ гашта, зуд оташро хомуш намудаанд, ки дар натиҷаи оташ ба касе зарар расонида нашудааст. Ҳамин тавр, Маҳмадов Н.Ҷ., Сафаров Т.З., Ашуров А.Т. ва Ахмедов С.Х. бо сабабҳои аз худашон вобаста набуда, қасди ҷинояткоронаи худро оиди несту нобуд кардани молу мулки Алиев Ф.В. бо роҳи оташ задан то ба охир расонида натавонистанд. Аз ҳамин сабаб Сафаров Т.З. аз додани маблағи ба Ахмедов С.Х. ва Ашуров А.Т. ваъда намудааш даст кашидааст. Аз ин амали Сафаров Т.З. бародари Ашуров А.Т. Ашуров Хуршед Тоҳирович огаҳ гашта, аз Сафаров Т.З. талаб намудааст, ки маблағи ваъда намудаашро ба Ахмедов С.Х. ва Ашуров А.Т. диҳад. Сафаров Т.З. бо баҳонаи он ки Ахмедов С.Х. ва Ашуров А.Т. анбори соҳибкор Алиев Ф.В.-ро не, балки анбори дигар шахсро оташ заданд, ба онҳо тавассути Ашуров Х.Т. ба ҷои маблағи 3000 доллари ИМА, ҳамагӣ маблағи 1000 доллари ИМА дода, ба Ашуров А.Т. ваъда намудааст, ки музди меҳнаташ, маблағи 4000 доллари ИМА-ро кам-кам тавассути бонк ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равон мекунад ва охиринро бо ин ваъда бовар кунонида бо кўмак ва дастгирии шарикаш Маҳмадов Н.Ҷ. ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои самти Алмато-Душанбе гусел кардааст. Дар охирҳои моҳи ноябри соли 2018 Сафаров Т.З. бо мақсади то ба охир расонидани қасди ҷинояткоронаи худ бори дигар бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуров Х.Т., Маҳмадов Ф.Т., Миров С.А. ва Ахмедов С.Х. дар манзили истиқоматии №123, воқеъ дар кӯчаи Шоссейнаяи маҳаллаи Заря Востоки шаҳри Алмато вохурда, аз шариконаш хоҳиш намудааст, ки пешниҳоди ӯро оиди бо роҳи оташ задан несту нобуд кардани молу маҳсулоти соҳибкор Алиев Ф.В. бар ивази маблағи 3000 доллари ИМА то ба охир бурда расонанд. Ба ин таклифи Сафаров Т.З. шариконаш Ахмедов С.Х., Ашуров Х.Т. ва Миров С.А. розӣ шуда, бо пешниҳоди Сафаров Т.З. бо автомашинаи шахсияш тамғаи Лексус, рақами қайди давлатиаш ба тафтишот номаълум нишаста, ба анбори нигоҳдории муваққатии молу маҳсулоти соҳибкори тоҷик Алиев Ф.В. воқеъ дар суроғаи дар болозикргардида аз қисмати қафо рафта, анборро муайян ва ба он аломати фарқкунанда гузошта, нақшаи амалӣ сохтани қасди ҷинояткоронаи худро таҳрезӣ намуда, шариконаш Миров С.А. ва Ахмедов С.Х.-ро бо мақсади фош нагардидани кирдорҳои ҷинояткоронашон дар манзили ба иҷорагирифтаи Маҳмадов Н.Ҷ. воқеъ дар кӯчаи Айнабулак-3 шаҳри Алмато бурда, барои зиндагӣ ҷой намудааст. Сафаров Т.З. бошад бо мақсади ягона бо дигар шариконаш амал карда истода, тибқи маслиҳат барои амалӣ намудани мақсади ҷинояткоронаи гурӯҳ, автомашинаи шахсияшро ба ихтиёри Ашуров Х.Т. гузошта, худ амалӣ гаштани нақшаҳояшро аз ҷониби шариконаш интизор шудааст. Санаи 30 ноябри соли 2016, тахминан соати 01:16 дақиқа Миров С.А. тибқи маслиҳати пешакӣ бо Ахмедов С.Х. ва Ашуров Х.Т. бо мақсади қасдан несту нобуд кардани молумулки ғайр, бо роҳи оташ задан аз хонаи ба иҷорагирифтаи шарикашон Маҳмадов Н.Ҷ., вокеъ дар кӯчаи Айнабулак-3 шаҳри Алмато баромада, ба суроғаи шаҳри Алмато, кӯчаи Шоссейная-123 рафта, аз ҷои пинҳоннамудаи сузишвории бензин, қабати контейнерҳо, дар як зарфи 5 литраи пласмассӣ сузишвории бензинро гирифта, савори мошини тамғаи Лексус то купруки болои дарёчаи зери роҳи мошингарди кӯчаи Ангарскаяи шаҳри Алмато рафтанд. Дар онҷо Ашуров Х.Т. дар дохили автомашина нишаста, шариконашро интизор шудааст. Ахмедов С.Х. ва Миров С.А. бошад зарфи бензиндорро бо худ гирифта, аз қисмати қафо ба болои боми анбори рақами 49-и ширкати «И.П.Естаев» шаҳри Алмато, ки онро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев Ҷ.В. ба иҷора гирифта дар дохили он молу маҳсулоти бародараш Алиев Ф.В.-ро то интиқол додан ба ҷои лозима нигоҳ медошт баромада, тунукаи болои боми анбори мазкурро канда, бо истифода аз бензини бо худовардаашон оташ заданӣ шуданд. Лекин бо сабабҳои номаълум бензин оташ нагирифтааст. Худи ҳамон лаҳза Миров С.А., Ахмедов С.Х. ва Ашуров Х.Т. ба манзили истиқоматии Сафаров Т.З., воқеъ дар кӯчаи Дарожникови шаҳри Алмато рафта, аз ҳодисаи оташ нагирифтани бензин хабар доданд. Сафаров Т.З. бошад зуд ба Миров С.А., Ашуров Х.Т. ва Ахмедов С.Х. аз нав ба микдори 5 литр бензин дастрас намуда, онҳоро то ба охир бурда расонидани кирдори ҷинояткоронаашон сафарбар намудааст. Миров С.А., Ахмедов С.Х. ва Ашуров Х.Т. бо далолати Сафаров Т.З. боз ба болои боми анбори соҳибкор Алиев Ҷ.В. рафта, бо истифода аз бензини бохудовардаашон онро оташ заданд. Дар натиҷаи оташ пойафзолҳри гуногуни мардонаи дохили анбор, ки ба соҳибкор Алиев Ф.В. таалуқ дошт, ба маблағи умумии 504 000 доллари ИМА, мутаносибан бо асъори миллӣ баробар ба 3 969 504 (се милиону нуҳсаду шасту нуҳ ҳазору панҷсаду чор) сомонӣ сухта несту нобуд гашта, ба ҷабрдида зарар ба микдори калон расонида шудааст. Баъди ба анҷом расонидани мақсади ҷинояткоронаи гурӯҳ Сафаров Т.З. аз амалҳои шариконаш қаноатманд гашта, аз таҳриркунадаи ҷиноят Хушвахтов Р.А. маблағи пулӣ талаб намудааст. Хушвахтов Р.А. бошад аз додани маблағи ваъда намудааш бо ҳар баҳона саркашӣ намудааст. Сафаров Т.З. бошад аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ ба ҳар кадом иштирокчиёни ҷиноят маблаги 1000 доллари ИМА дода, бо мақсади пинҳон нигоҳ доштани кирдори содир намудаашон аз шарикаш Маҳмадов Н.Ҷ. хоҳиш намудааст, ки ба Миров С.А. ва Ахмедов С.Х. чиптаи ҳавопаймо харида, ҳарчӣ зудтар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел намояд. Ин хоҳиши шарикашро Маҳмадов Н.Ҷ. пазируфта дар аввал ба Миров С.А. ва баъдан ба Ахмедов С.Х. чиптаи ҳавопаймои самти Алмато-Душанберо харида, онҳоро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел намудааст. Бо ҳамин, Маҳмадов Н.Ҷ., Ахмедов С.Х., Ашуров А.Т., Миров С.А. ва Ашуров Х.Т. ӯхдадориҳои ба зиммагирифтаи худро дар назди Сафаров Т.З. пурра иҷро намуданд. Сафаров Т.З. бошад баъди иҷро шудаи нақшаи ҷинояткоронаи худ, ваъдаи додаашро оид ба интиқол додани музди меҳнатӣ Ашуров А.Т. ба маблағи 4000 доллари ИМА тавассути бонк иҷро накарда, Ашуров А.Т.- ро фиреб намуда, ба зангҳои телефонаш ҷавоб надодааст. Аз ин рафтори Сафаров Т.З., Ашуров А.Т. ранҷида, дар фасли тобистони соли 2017, ҳангоми дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор доштанаш тавассути телефон ба Алиев Ҷамшед Валиевич дар хусуси аз тарафи худаш, Ахмедов С.Х. ва Миров С.А. бо супориши бевоситаи Сафаров Т.З. оташ зада шудани анбори молу маҳсулотҳояш хабар дода, бо даъвати охирин ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алмато ҳозир шуда оиди ҳодисаи сухтори анборҳо, вокеъ дар кӯчаи Ангарская-107 шаҳри Алмато нишондод дода, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштааст. Пас аз ихтиёран ҳозир шудани Ашуров А.Т. ва додани нишондоди худиқрорӣ ба кормандони мақомотҳои дахлдори шаҳри Алмато кирдорҳои ҷинояткоронаи Сафаров Т.З. ва шариконаш ошкор гаштааст. Тибқи хулосаи экспертизаи техникии сухтори Маркази экспертизаҳои судии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон аз 6 январи соли 2017 таҳти №8221 сухтори санаи дар анборҳои № 47, 48, 49, 50 ва 51-и кӯчаи Ангарская-107 шаҳри Алматов руйдода аз оташи кушоди манбаи ғайр (посторонние источники открытого огня) сар задааст.

Боз ӯ, дар мобайнҳои моҳи январи соли 2018 аз шариконаш Миров С.А. ва Ахмедов С.Х., ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор доштанд, тавассути телефон фаҳмидааст, ки Ашуров А.Т ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алмато ҳозир шуда, нишондоди худиқрорӣ оид ба оташ задани анборҳои ширкати “И.П.Естаев”-и шаҳри Алмато, алалхусус анбори шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев Фахриддин Валиевич дода, кирдорҳои ҷинояткоронаи ӯ ва дигар шариконашро фош сохтааст. Пас аз ин, Сафаров Т.З. бо мақсади аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир нашудани Миров С.А. ва Ахмедов С.Х. онҳоро ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон бурда, дар як хуҷраи ба иҷорагирифтааш барои истиқомати муваққатӣ ҷой намудааст. Дар ҳамон ҷой, Сафаров Т.З. ба Миров С.А. таклиф намудааст, ки Ашуров А.Т-ро дар ҷои муносиб пайдо намуда, бо роҳи маҷбуркунӣ нишондоди ӯро оиди иштирок надоштани Сафаров Т.З. ва шариконаш дар ҳодисаи сухтори молу маҳсулоти анбори соҳибкор Алиев Ф.В. ба навори видеоӣ гирифта равон созад, то ки Сафаров Т.З. ва Маҳмадов Н. ин наворҳоро бо нишондоди Ашуров А.Т. ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алмато пешниҳод намуда, бо ин роҳ кормандони ин мақомотҳоро гумроҳ сохта, худ ва дигар шариконашро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намояд. Дар фасли тирамоҳи соли 2017, Миров С.А. бо мақсади бо роҳи маҷбуркунӣ гирифтани нишондоди Ашуров А.Т. оид ба масъалаи дар боло дарҷгардида аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия рафта, аз онҷо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст. Сафаров Т.З. ба шарикаш Миров С.А. тавассути телефон дар хусуси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштани шоҳид Ашуров А.Т. хабар дода, аз охирин талаб намудааст, ки бо роҳи маҷбур кардан нишондоди Ашуров А-ро оид ба иштирок надоштани Сафаров Т.З. ва дигар шариконаш дар ҳодисаи сухтори молу маҳсулоти анбори соҳибкор Алиев Ф.В. ба навори видеоӣ гирифта зуд равон созад, то ки ӯ ва Маҳмадов Н. ин наворҳои сабти нишондоди Ашуров А.Т.-ро ба мақомотҳои дахлдори шаҳри Алмато пешниҳод кунад. Дар навбати худ, Сафаров Т.З. барои анҷом додани ин кирдори ҷинояткорона ба Миров С.А. маблағӣ 1000 доллари ИМА равон мекунад. Ба ин таклифи Сафаров Т.З. шарикаш Миров С.А. розӣ шуда, дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳамдеҳагонаш Холов Акбар Файзалиевич ва Нуров Саидумар Фахридинович вохурда, ба номбурдагон таклиф намудааст, ки шаҳрванд Ашуров Абдулло Тахирович, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Чагамро пайдо намуда якҷоя маҷбур намоянд, то ки Ашуров А. аз нишондодҳои қаблан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳодисаи қасдан оташ задани амбори молу маҳсулоти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев Ф.В., воқеъ дар суроғаи шаҳри Алмато, кӯчаи Ангарская № 107 додааш даст кашад ва тасдиқ намояд, ки Сафаров Т.З. ва шариконаш дар ин ҷиноят ягон алоқамандӣ надорад. Миров С.А. барои иҷрои ин амалашон ба Холов А.Ф. ва Нуров С.Ф. маблағи пулӣ ба миқдори 100 доллари ИМА барои ҳар кадомашон ваъда намудааст. Ба ин таклифи Миров С.А. шариконаш Холов А.Ф. ва Нуров С.Ф. розӣ шуда, бо мақсади маҷбур намудани Ашуров А.Т. ба додани нишондоди бардурӯғ ва сабти он тариқи видео, санаи 20 январи соли 2018 бо автомашинаи тамғаи «Мерседес-бенс» аломати қайди давлатиаш 99 -19 АС 07, ки таҳти идораи Миров С.А. қарор дошт, ба бозори марказии ноҳияи Рӯдакӣ рафта, бо таҳдиди истифодаи зуроварӣ шаҳрванд Ашуров А.Т.-ро бидуни хоҳишаш маҷбуран ба автомашинаи дар боло зикргардида савор намуда, ба заминҳои қарибии бозори хариду фуруши чорвои ноҳияи Рӯдакӣ бурда, дар он ҷо мавриди лату кӯб қарор дода, бо таҳдиди куштан ва расонидани зарари ҷисмонии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок набуда, Ашуров А.Т.-ро маҷбур намуданд, ки нишондоди бардуруғ оиди он ки гӯё Сафаров Т.З. ва дигар шариконаш дар ҷинояти қасдан оташ задани амборҳои молу маҳсулоти соҳибкори тоҷик Алиев Ҷ.В. воқеъ дар суроғаи шаҳри Алмато, кӯчаи Ангарская-107 ягон алоқамандӣ надошта, Ашуров А.Т.-ро ҷабрдида Алиев Ҷ.В. ба додани нишондод ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алмато маҷбур карда будааст. Ашуров А.Т. бошад ба лату кӯб ва таҳдиди куштани Миров С.А. ва шариконаш тоб наоварда нишондоди шифоҳӣ додааст, ки нисбати Сафаров Т.З. қаблан дар мақомотҳои ҳифзи ҳукуқи шаҳри Алмато нишондоди бардурўғ додааст ва Сафаров Т.З. дар оташ задани амбори дар боло зикргардида ягон алоқамандӣ надорад. Нишондоди ба тариқи маҷбуркунӣ додаи Ашуров А.Т.-ро худи Миров С.А. дар камераи телефони мобилиаш тамғаи «Самсунг» сабт намуда, онро ба шарикаш Сафаров Т.З. тавассути шабакаи интернетии «ВАТСАП» ба Ҷумҳурии Қазоқистон равон намудааст. Сафаров Т.З. сабти видеоии нишондодҳои ба тариқи маҷбуркунӣ додаи Ашуров А.Т.-ро бо шарикаш Маҳмадов Н. тамошо карда, онро қабул накарда, аз шарикашон Миров С. талаб намудаанд, ки Ашуров А.Т.-ро маҷбур созад, то ки охирин нишондод диҳад, ки ӯро Алиев Ҷ.В. маҷбур намуда нисбати Сафаров Т. ва шариконаш нишондод гирифтааст ва барои ин амалаш ба Ашуров А. маблағи 10 000 доллари ИМА ва боз дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷои кори доимӣ ваъда намудааст. Ба ин талаби Сафаров Т.З. шарикаш Миров С.А. розӣ шуда, боз бо шариконаш Холов А.Ф. ва Нуров С.Ф. нақшаи чӣ тавр маҷбур намудани Ашуров А.Т.-ро ба додани нишондоди бардурӯғ ва сабти онро тариқи видео намуданд. Сипас, санаи 25 январи соли 2018, тахминан соати 10 тибқи супориши Сафаров Т.З., боз шарикаш Миров С.А.бо мақсади маҷбур кардани шоҳид ба додани нишододи бардуруғ, бо маслиҳати пешакӣ бо шиносҳояш Холов А.Ф. ва Нуров С.Ф. ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-бенс» аломати қайди давлатиаш 99 -19 АС 07, ки таҳти идораи Миров С.А. қарор дошт савор шуда, ба манзили истиқоматии Ашуров А. воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рӯдакй, Ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Чагам рафта, бо таҳдиди истифодаи зуроварӣ шаҳрванд Ашуров А.Т.-ро бидуни хоҳишаш маҷбуран ба автомашинаи дар боло зикргардида савор намуда, ба заминҳои назди адири деҳа бурда, дар он ҷо боз мавриди лату кӯб қарор дода, бо тахдиди куштан ва расонидани зарари чисмонии барои ҳаёт ва саломати хавфнок набуда, Ашуров А.-ро маҷбур намуданд, ки нишондоди бардуруғ оиди он ки гӯё ӯро Алиев Ҷ.В. маҷбур намуда нисбати Сафаров Т.З. нишондод гирифтааст ва барои ин амалаш ба Ашуров А.Т. Алиев Ҷ.В. маблағи 10 000 доллари ИМА ва боз дар Ҷумҳурии Халқии Хитой кор ваъда намудааст. Ашуров А.Т. бошад ба лату кўб ва таҳдиди куштан намудани Миров С.А. ва шариконаш тоб наоварда нишондоди шифоҳӣ тибқи талаби Сафаров Т.З.-ро додааст. Нишондоди ба тариқи маҷбуркунӣ додаи Ашуров А.Т.-ро худи Миров С.А. дар камераи телефони мобилиаш тамғаи «Самсунг» сабт намуда онро ба шарикаш Сафаров Т.З. тавассути шабакаи интернетии «ВАТСАП» ба Ҷумҳурии Қазоқистон равон намудааст. Сафаров Т.З. сабти видеоии нишондодҳои ба тариқи маҷбурӣ додаи Ашуров А.Т.-ро тамошо карда, бо мақсади озод намудани худ ва шариконаш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ онро ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алмаато пешниҳод намуда, нисбати амалҳои Алиев Ҷ.В. аризаи шикоятӣ навиштааст. Пас аз ин Сафаров Т.З. ба Миров С.А. аз ҳисоби маблағи ваъда намудааш 500 доллари ИМА тавассути бонк равон кардааст. Миров С.А. аз ҳисоби маблағи равоннамудаи шарикаш Сафаров Т.З. ба шарикони дигараш Холов А.Ф. ва Нуров С.Ф. маблағи 100 долларии ИМА барои ҳар кадоми онҳо дода, боқимонда маблағро ба талаботи худ сарф намудааст. Пас аз гузаштани якчанд муддат, Ашуров А.Т. оиди кирдорҳои содирнамудаи Сафаров Т.З., Миров С.А., Холов А.Ф.ва Нуров С.Ф. ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудааст. Бо андешидани чораҳои оперативӣ — ҷустуҷуӣ Миров С.А., Холов А.Ф. ва Нуров С.Ф. аз тарафи кормадони милитсия дастгир гардиданд. Дар натиҷа Сафаров Т.З. бо сабабҳои аз худи онҳо вобаста набуда, кирдори ҷинояткоронаи худро оид пешниҳоди нишондоди бардуруғи шоҳид ба мақомоти тафтишот ва бо ин васила баровардани қарори дахлдор бо парвандаи ҷиноятӣ то ба охир расонида натавонистанд.

Боз, ў дар моҳи феврали соли 2018 зимни дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштани Миров С.А. тавассути телефон ба охирин хабар додааст, ки шиносаш Маҳмадов Фахридин Тоҷиддинович ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алмато ҳозир шуда, нишондод оид ба ҳодисаи оташ задани анборҳои ширкати “И.П.Естаев”-и шаҳри Алмато, алалхусус анбори шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев Фахриддин Валиевич дода, кирдорҳои ҷинояткоронаи Сафаров Т.З., Миров С.А., Ашуров Х.Т. ва Ахмедов С.Х.-ро фош сохтааст. Дар рафти суҳбат Сафаров Т.З. ба Миров С.А. таклиф намудааст, ки маблағи 1000 доллари ИМА равон мекунад ва Миров С.А. ин маблағро гирифта, ба Маҳмадов Ф.Т. ҳамчун ришва пешниҳод намояд, то ки Маҳмадов Ф.Т. нишондоди бардуруг дихад, ё ин ки аз шаҳри Алмато баромада, дигар ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алмато ҳозир шуда нисбати Сафаров Т.З. ва шариконаш вобаста ба ҳодисаи сухтори анбори молу маҳсулоти Алиев Ф.В. нишондод надиҳад. Миров С.А. ба ин таклифи шарикаш Сафаров Т.З. розӣ шуда, тариқи телефон Маҳмадов Ф.Т.-ро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуда, ба охирин маблағи 1000 доллари ИМА ҳамчун ришва пешниҳод намуда, дар давлати Туркия ҷои кори доимӣ ваъда намуда, аз Маҳмадов Ф.Т. талаб намудааст, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардад ва аз додани нишондод ҳамчун шоҳид нисбати Сафаров Т.З., Миров С.А., Ашуров Х.Т. ва Ахмедов С.Х. даст кашад. Ба ин талаби Миров С.А. Маҳмадов Ф.Т. розӣ нашудааст ва Миров С.А. бошад тавассути телефон Маҳмадов Ф.Т.-ро таҳдиди куштан ва истифодаи зуроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хафвнок набударо карда, охиринро маҷбур сохтааст, ки аз додани нишондод саркашӣ намояд. Маҳмадов Ф.Т. ба таҳдиди куштан ва истифодаи зурии ҷисмонии тариқи телефони мобилӣ намудаи Миров С.А. тоқат накарда, вобаста ба ин кирдори Миров С.А. ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудааст. Санаи 20 феврали соли 2018 Миров С.А. маблағи 1000 доллари ИМА-ро тавассути бонк аз Сафаров Т.З. қабул намуда, бо мақсади ришвадиҳӣ ва маҷбур сохтани шахс барои саркашӣ намудан аз додани нишондод ҳангоми дар Ҷумҳурии Тоҷикистон карор доштани Маҳмадов Ф.Т., охиринро ба қарибии нуқтаи фурўши сўзишвории ноҳияи Рудакй даъват намуда, ҳамчун ришва маблағи 1000 доллари ИМА-ро барои саркашӣ намудан аз додани нишондод ва ё барои додани нишондоди бардуруғ оид ба ҳодисаи дар боло зикргардида пешкаш намудааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ Миров С.А. аз тарафи кормандони милитсия зимни додани маблағи пулӣ ба Маҳмадов Ф.Т. дастгир карда шудааст. Бинобар ин, Сафаров Т.З. ва шариконаш кирдорҳои ҷинояткоронаи худро, бо сабабҳои аз худаш вобаста набуда то ба охир расонида натавонистаанд.

Суди марҳилаи якум ҳукми дар боло овардашударо баровардаст.

Бо таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе аз 01 майи соли 2019 ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 01.04.2019 сол нисбати Сафаров Тоҷиддин Зарифович бетағйир ва шикояти кассатсионии ҳимоятгар Холов Б. ва маҳкумшуда Сафаров Т.З.  беқаноат гузошта шуд.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе