Қарори кассатсионӣ аз рўи шикояти кассатсионии чавобгар Каримова З.Б. ва намояндаи ваколатдораш Махмудов М.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе дар ҳайати Раисикунанда муовини якуми Раиси суди шаҳри Душанбе Қурбониён А.Н., судяҳо Мусобекзода Т.М. ва Муминзода Ҳ. аз рўи шикояти кассатсионии чавобгар Каримова З.Б. ва намояндаи ваколатдораш Махмудов М. нисбат ба ҳалномаи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки бо он:

Даъвои ҶСП “Ташкилоти амонатии қарзии хурди “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” нисбати Каримова Зумрад Бачабековна “Дар бораи рўёнидани қарз аз ҳисоби фурўши амвол”  қисман қонеъ карда шудааст.

Маблағи қарзӣ ба андозаи 351.261.88 (сесаду панҷоҳу як ҳазору дусаду шасту як сомонию ҳаштоду ҳашт дирам) аз ҳисоби амволи ба гаравгузошта иборат аз манзили исиқоматии воқеъ дар ш.Душанбе, ноҳияи Сино, кўчаи И.Сомонӣ, хонаи 85/1, ҳуҷраи 26, рўёнида шудааст.

Нархи ибтидоии амволи ба гаравгузошта, манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Исмоили Сомонӣ, бинои 85/1, ҳуҷраи 26- 228 000 (дусаду бисту ҳашт ҳазор) сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Аз ҳисоби ҷавобгар Каримова Зумрад Бачабековна 2 260 сомону 27 дирам боҷи давлатӣ, хароҷоти судӣ рўёнида шудааст, баррасӣ намуда, муайян кард:

Даъвогар Каримова З.Б. аз филиали ҶСП Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Имон Интернешл” дар шаҳри Душанбе чандин маротиба маблағҳои қарз гирифтааст.

Дар асоси шартномаи қарзии хурди таҳти №TJDU-034402-002 аз санаи 24-уми августи соли 2010 бо мақсади хариду фурўши ҷавоҳироти заргари мўҳлати 60 (шаст) моҳ дар ҳаҷми 45 000 (чилу панҷ ҳазор) доллари ИМА бо тариқи транш баста шудааст.

Ҷавобгар якчанд маротиба аз даъвогар мутобиқи шартномаи №TJDU-0344202-002 аз таърихи 24 августи соли 2010 қарзи мақсаднок гирифта онро мувофиқи ҷадвал пардохт намудааст.

Ҷавобгар қарзҳои навбатиро, ки транши аввал аз таърихи 10 октябри соли 2011 мутобиқи шартномаи қарзии хурди таҳти № TJDU -034402-002 ба муҳлати 24 (бисту чор) моҳ, дар ҳаҷми 23 000 (бисту се ҳазор) доллари ИМА ва транши дувум таърихи 27 январи соли 2012 ба муҳлати 18 моҳ дар ҳаҷми 26 000 (бисту шаш ҳазор) доллари ИМА гирифтааст.

Транши аввал аз таърихи 10 октябри соли 2011 мутобиқи Шартномаи қарзии хурди таҳти № TJDU-0344202-002 ба муҳлати 24 (бисту чор) моҳ дар ҳаҷми 23000 (бисту се ҳазор) доллари ИМА ва транши дувум санаи 27-уми январи соли 2012 ба муҳлати 18 моҳ дар ҳаҷми 26 000 (бисту шаш ҳазор) доллари ИМА гирифтааст.

Пардохти қарзи асосӣ ва фоизҳо дар асоси талаботи бандҳои 1,10 ва 1,11 мувофиқи Ҷадвали пардохтҳо, ки қисми ҷудонашавандаи шартномаҳои қарзи ҳисоб меёбад, қарзи аввал мутобиқи Ҷадвали пардохтҳои таҳти №TJDU -034402-005 аз таърихи 10 октябри соли 2011 ба миқдори 28% қарзи аввал мутобиқи Ҷадвали пардохтҳо таҳти № TJDU -0344202-006 аз таърихи 27 апрели соли 2012 ба миқдори 26 % солона тариқи ҳисоб кардани он аз мувозинати боқимонда муайян шудааст. Ҷавобгар уҳдадор аст, ки пардохт намояд. Аммо, ҷавобгар то моҳи августи соли 2012 як қисми уҳдадориҳоро иҷро намуда, қисми боқимондаи онро то ҳол таъмин нанамуда, бо ин амалҳо ба иҷро нагардидан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳо  роҳ додааст. Аз рўи транши дуюм бошад умуман пардохт накардааст.

Айни замон қарзи боқимонда транши аввал бо назардошти маблағи қарзи асоси фоиз ва ҷаримаҳои ҳисобшуда ба андозаи 28 226.60 (бисту ҳашт ҳазору дусаду бисту шаш) доллару 60 сенти ИМА-ро ташкил медодааст, ки аз ин 14.932.43 доллари ИМА баробар ба 101.143.3 сомонӣ маблағи қарзи асосӣ, 6.972.07 доллари ИМА баробар ба 47 224.62 сомонӣ маблағи фоизҳо, 6.322.10 доллари ИМА баробар ба 42.822.11 сомонӣ  маблағи ҷаримаро ташкил медиҳад.

Инчунин қарзи боқимондаи ҷавобгар назди даъвогар аз транши дуюм бо назардошти маблағи қарзи асосӣ, фоиз ва ҷаримаҳои ҳисобшуда дар ҳаҷми 38.513.10 (сию ҳашт ҳазору панҷсаду сенздаҳ доллару 10 сенти) ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз чумла 21.048.36 доллари ИМА баробар ба 142.568.97 сомонӣ маблағи қарзи асосӣ, 8.906,16 доллари ИМА баробар ба 60.324.98 сомонӣ маблағи фоизҳо, 8.558.58 доллари ИМА баробар ба 57.970 69 сомонӣ маблағи ҷаримаро ташкил медиҳад. Бо назардошти он мувофиқи талаботи банди 1.14-1.15 шартнома дар сурати саривақт ё нопурра пардохт гардидани қарз, вобаста ба муҳлате, ки дар ҷадвали пардохтҳо инъикос ёфтааст, аз қисми маблағи пардохтнашаванда ба ҳар як рўз 1% фоиз ҷарима ҳисобида мешавад.

Бо мақсади саривақтии иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ байни даъвогар-гаравгир ҷавогар-гаравдеҳшартномаи гарав аз 24-уми августи соли 2010 баста шудааст. Шартномаи мазкур дар идораи нотариали давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тасдиқ ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Предмети гарав квартираи истиқоматии воқеъ дар суроғаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, кўчаи И.Сомонӣ, бинои 85/1, ҳуҷраи 26 ҷойгир буда, бо созиши тарафҳо ба маблағи 228. 000 (дусаду бисту ҳашт) ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда шудааст.

Оиди таъмини пардохти қарз бо ҷавобгар маротибаҳои зиёд вохўриҳо ҷиҳати гуфтугўҳо гузаронида шуда, моҳияти иҷро нагардидани уҳдадориҳо ҷиҳати пардохт накардани маблағи қарз баён карда шудааст. Зеро дар сурати пардохт накардан ё нопурра пардохти қарзии асосӣ ё уҳдадориҳо ба вайронкардани талаботи банди 5,1 шартномаҳои қарзи ва банди 9. Шартномаи гарав ки рўёнидан аз ҳисоби амвол барои таъмини талаботи гаравгир амалӣ мегардад. Дар ин маврид, даъвогар мувофиқи банди 3.6.2 шартнома ҳуқуқ дорад, ки аз ҷавобгар қарзи боқимондаро бо назардошти уҳдадориҳои ҳисобшуда дар рўзи пешниҳоди даъво талаб намояд. Бинобар ин ба самҳи ҷавобгар тибқи талаботи моддаи 378-и КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳиномаи пеш аз суди оиди оғоз намудани мурофиа рўёнидани маблағи қарз аз ҳисоби фурўши амволи предмети ба гарав гузошташуда, ирсол карда шудааст. Аммо аз ҷониби ҷавобгар амалҳо ва натиҷаҳои назаррас оиди пардохти қарз ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳои шартномавӣ зоҳир карда нашудааст.

Айни ҳол дар маҷмўъ қарзи боқимондаи ҷавобгар дар назди даъвогар вобаста ба шартномаҳои қарзии таҳти № TJDU -034402-005 аз таърихи 10 октябри соли 2011 вамутобиқишартномаиқарзиихурдитаҳти № TJDU -034402-006 аз таърихи 27 апрели соли 2012 бо назардошти қарзи асосӣ фоизу ҷаримаҳои ҳисобшуда ба миқдори 66.739.70 (шашсту шаш ҳазору ҳафтсаду сию нўҳ доллару ҳафтод сенти ИМА)-ро ташкил медодааст, ки аз ин  маблағи қарзи асосӣ 234 712.28 сомонӣ қарзи асосӣ, маблағи фоизҳо 107.549.60 сомонӣ, маблағи ҷарима 100 792.80 сомониро ташкил медиҳад.

Аз ин рў аз суд хоҳиш намудааст, ки аз ҳисоби ҷавобгар Каримова Зумрат Бачабековна маблағи қарз бо назардордошти уҳдадориҳо ба андозаи 66,739.70 (шасту шаш ҳазору ҳафтсаду сию нўҳ доллару 70 сент) мутаносибан ба 452.054 68 (чорсаду панҷоҳу ду ҳазору панҷоҳу чор сомонию шасту ҳашт дирам) аз ҳисоби фурўши амволи предмети ба гарав гузошташуда, яъне квартираи истиқоматии воқеъ дар суроғаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, кўчаи И.Сомонӣ, хонаи 85/1, ҳуҷраи 26 ҷойгирбуда ва дигар даромадҳо ва амволи ҷавобгар ба фоидаи Филиали ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешнл» дар шаҳри Душанбе рўёнида шавад.

Суди марҳилаи якум ҳалномаи дар боло зикршударо баровардааст.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе бо дастрасии моддаҳои 349, 350 қисми 1 сархати 1, 355-356 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард, ки ҳалномаи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 11 апрели соли 2018, вобаста бо парвандаи гражданӣ бо даъвои ҶСП “Ташкилоти амонатии қарзии хурди “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” нисбати Каримова Зумрад Бачабековна “Дар бораи рўёнидани қарз аз ҳисоби фурўши амвол” бетағйир, шикояти кассатсионии ҷавобгар Каримова З.Б. ва намояндаи ваколатдораш Маҳмудов М. беқаноат мононда шавад.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе