Экстремизм таҳдиди муосири ҷаҳони имрӯза

Чуноне Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки “Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.”
Ин ҳолат аз мақомтҳои давлати ва ҷомеаи Тоҷикистон андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро баҳри пешгирии шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба созмонҳои фаромиллии терроистию экстремисти тақозо менамояд.
Мафҳум ва моҳияти экстремизм дар илм ба таври васеъ шарҳ дода мешавад, чунончӣ экстремизм ин калимаи лотинии extremus буда ифротӣ, чораи ниҳоӣ, ақида ва нигоҳи ифротӣ нисбат ба арзишҳои иҷтимоии ҷомеа мебошад.
Мафҳуми ҳуқуқии экстремизм дар қонунгузории ҷумҳурӣ ба таври зайл муқаррар карда шудааст: экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ мебошад. Экстремизм одатан дар вақти буҳронҳои сиёсӣ, ҷангҳои шаҳрвандӣ, буҳронҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, паст шудани сатҳи зиндагии мардум, нобовари халқ ба ҳокимияти давлатӣ зуҳур ёфта, аз чунин ҳолатҳо шахсони алоҳида ё ташкилотҳо бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти экстремистии худ истифода мебаранд. Фаъолияти экстремистӣ ё худ ифротгароӣ ин фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилотҳо ё воситаҳои ахбори умум ё шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр ва амалӣ намудани кирдорҳое мебошад, ки барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва ягонагии кишвар, суст кардани амният, ғасб ва аз худ намудани ваколатҳои ҳокимиятӣ, ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амали гардонидани фаъолияти террористӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, маҳалгарои ё диннӣ равона карда мешавад. Ифторгароӣ-экстремизм ҳамчун сарчашмаи идеологии терроризм маҳсуб ёфта, ақидаҳои дар доираи ин зуҳуроти номатлуб ҷойдошта террористонро водор менамояд, ки ин ё он амали даҳшатворро барои худ дуруст шуморида онро содир намоянд. Экстремизм ё худ ифротгароиро вобаста ба асосҳо ба намудҳои гуногун таснифбанди менамоянд аммо маъмултарини онҳо ин эктремизми сиёсӣ, миллӣ, мафкуравӣ, синфӣ ва динӣ мебошанд.
Яке аз намуди экстремизм ки ба ҷаҳони муосир таҳдиди  хатар ба бор овардааст ин экстремизми динӣ мебошад, ин чунин ҷараёнҳои эктресимтеанд, ки ба равияҳои динӣ алоқаманданд ва онҳо имрӯз дар ҳоли рӯшд қарор доранд. Экстремизми динӣ ин ҷонибдори аз дин дар асоси идеология ва амалҳои қатъӣ мебошад. Воқеаҳои ҷаҳон нишон медиҳанд, ки дар айни замон хавфи бештареро на экстремизми оддӣ, балки эктремизми динӣ ба бор меорад. Экстремизми динӣ фаъолияти аз нигоҳи динӣ далеловарӣ ва ниқобпӯшонаест, ки ба зӯран дигаргун сохтани сохти давлатдорӣ ё ғасби зӯроваронаи ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлат ва ба ин мақсадҳо барангехтани душманию бадбинии нигаронида шудааст, ки дар ин мавридҳо таълимот ва рамзҳои диниро чун омили муҳими ҷалбсозии одамон истифода мекунад ва онҳоро ба муборизаи оштинопазир сафарбар менамояд.  Экстремизми динӣ дар замони муосир яке аз шаклҳои шуури динӣ фаҳмида шуда, пеш аз ҳама хоси динҳое чун будоӣ, насронӣ ва ислом мебошад. Ин шакли экстремизм бар зидди гуногунандешӣ (плюрализм), ки аз нигоҳи он нугузир ба имконпазирии баробарҳуқуқии ҳақиқатҳои бисёр, ҳатто дар доираи анъанаҳои як дин оварда мерасонад, баромад мекунад. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмонҳои бо ном “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ун-Нусра”, “Ҳизби наҳзати исломӣ” ва дигар созмонҳои ба ин монандро ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ эълон карда, фаъолияташонро дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон намудааст, ки ин танҳо бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон ва давлат, нигоҳ доштани соҳибихтиёри ва ягонагии кишвари азизамон мебошад.
Гурӯҳҳои террористию экстремисти бо истифода аз тамоми имкониятҳои худ кӯшиш мекунад қишри солим ва нерӯи пешбарандаи давлатро ба худ ҷалб намоянд яъне ҷавонон. Бо мақсади амали намудани ҳадафҳои нопоки худ чунин гурӯҳҳо, ҷавонони аз 14 то 30 сола ва дар баъзе ҳолатҳо ноболиғони аз 14 то 18 соларо гумроҳ карда ба сафи худ ҷалб мекунанд.

Яке аз роҳҳои асоси пешгири кунандаи  ин зуҳуроти номатлуб ин ҳарчи бештар гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии кишвар алалхусус дар байни ҷавонон маҳсуб мешавад.
Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  ин мақсад яъне ҷилавгири аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир ба монанди терроризм ва экстремизм чораандеши намуда, дар асоси Конститутсия, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикстон” ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ  нақшаҳои корӣ тартид дода, тибқи онҳо кормандони прокурорӣ вазифадор карда шудаанд, ки дар ҳудудҳои зериназоратиашон корҳои фаҳмондиҳӣ ва суҳбату вохӯриҳоро бо аҳли ҷомеа таъмин намоянд.             Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда буданд, ки терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Роҳбарон ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бояд дар иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳои хизматиашон доим ҳушёру зирак бошанд, барои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир – терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қотеъона мубориза баранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷилавгири аз фаъолияти экстремистию террористӣ ба фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 12 ноябри соли 2016 таҳти №776  “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” қабул карда шудааст. Стратегия ҳамчун санади хусусияти барномавидошта мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд. Мақсадҳои Стратегия ин  таҳлили омилҳо ва тамоюлҳои экстремизм ва тундгароии ба терроризмбаранда дар ҳудуди ҷумҳурӣ, муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ҷиҳати ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ, такмил додани заминаҳои ҳуқуқӣ ва ниҳодӣ, инчунин амалияи муқовимат бо тундгароӣ, экстремизм ва терроризм, мусоидат ба ташаккули меъёрҳои тафаккур ва рафтори таҳаммулгароёна, ҳамдигарфаҳмии динӣ ва байнимазҳабӣ дар ҷомеа, муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ доир ба пешгирӣ намудани паҳншавии ғояҳо ва фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ,  баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои мақомоти ваколатдор оид ба пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм, терроризм, нашъаҷаллобӣ, қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ки барои маблағгузории экстремизм ва терроризм хизмат мекунанд, такмил додани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм.
Қонунгузории ҷумҳурӣ ҷавобгариро барои фаъолияти экстремистӣ дар Қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷуҳурии Тоҷикистон пешбини менамояд, ки мувофиқи он номгӯи моддаҳои зерини Кодекс, ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ эътироф мешаванд моддаҳои 157, 158, 160, 185,188, 189, 237,  242, 243, , .
Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)”   8-уми декабри соли 2003 таҳти №69 дар Тоҷикистон ташкил ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки мақсад ва амалҳояшон барои амалигардонии фаъолияти эктремисти равона карда шудааст манъ карда мешавад.
Иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) – дорои аломатҳои зерин мебошад муташаккил ва устуворӣ, мавҷуд будани оиннома, роҳбар ё худ лидер, ё ядрои роҳбарикунанда, ҷой доштани сохтори муайян. Барои мисол метавон гуфт ки иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) бояд воҳидҳои марказӣ ва минтақавӣ, доштани рамзи муайян, интизоми сахт, ки ба меъёрҳои рафтории чунин ташкилот асос ёфтааст ва ғайра.
Мо шаҳрвандон бояд ҳамеша сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукуматро дастгири ва пайравӣ намуда, терроризм ва эктремизмро шаддидан маҳкум намоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин ватани биҳиштосо саюу кӯшиш карда сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро датгирӣ намоем.
Масалан, яке аз ташкилотҳои дорои хусусияти эекстремистию террористӣ дошта ин Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аст, ки  4 декабри соли 1991 ташкил шуда буд.
Гарчанде таъиноти асосии таъсисёбии ҲНИТ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисоди ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародарони халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад, вале солҳои охир аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ) доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехтаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд.
Бо ин мақсад санаи 29 сентябри соли 2015 Суди Олӣ аризаи Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ намуда Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) – террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рӯзномаи “Наҷот” ва сомонаи интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ба ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва паҳни аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол, чопу нашри рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ карда шуд.

Кормандони Дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе

Саидбасир Ҳабибов
Назарзод Ҷовидон