Иштироки судяҳои суди шаҳри Душанбе дар семинари омӯзишӣ дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нимаи аввали рӯзи 25 октябри соли ҷорӣ дар асоси нақшаи баргузории семинарҳо барои судяҳои судҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар давраи нимсолаи дуюми соли 2019 семинари омӯзишӣ дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар семинари омӯзишии мазкур аз он ҷумла Раис, муовинонии Раис ва судяҳои суди шаҳри Душанбе  иштирок намуданд. Семинари омӯзишии мазкур бо роҳбарии Муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Лутфуллозода Ш. ва муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло ва Раҳмонзода Сайдалӣ Сабзаалӣ, раисони коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, оилавӣ ва Раиси суди шаҳри Душанбе — Гиёзода М.Қ. баргузор гардид.

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии мазкур ҳар ҷумъаи охири моҳ ба роҳ монда мешавад.

Суди шаҳри Душанбе