Иштироки судяҳои суди шаҳри Душанбе дар семинари омӯзишии ҳармоҳа дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикситон

Имрӯз, 29 марти соли 2019 дар асоси нақшаи баргузории семинарҳо дар соли 2019, ки аз ҷониби Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст ва нақшаи дохилиидоравии суди шаҳри Душанбе, дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии ҳармоҳа, ки ҳар ҷумъаи охири моҳ муқаррар шудааст, баргузор гардид. Дар семинари мазкур Раис, муовини якуми Раис, муовини Раис ва судяҳои суди шаҳри Душанбе иштирок намуданд.