Иштироки Раиси Суди Олии ҶТ дар Форуми байналмилалӣ

Рӯзҳои 17 – 18 сентябри соли 2019 дар шаҳри Нур — Султони Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Идоракунии сифати адолати судӣ» баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Суди Олии Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи байналмилалии судяҳо ва Ассотсиатсияи байналмилалии идоракунии судҳо баргузор гардида, дар он зиёда аз 350 нафар намояндагон аз мақомотҳои судии аксар кишварҳои ҷаҳон иштирок намуданд.

Дар форум мавзӯъҳои «Ҷабҳаҳои нави ислоҳоти низоми судӣ», «Мустақилият ва масъулияти судҳо», «Талаботи нав нисбат ба сифати адолати судӣ» ва дигар масъалаҳои муҳим вобаста ба фаъолияти мақомоти судӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Иштирокчиёни форум доир ба рафти ислоҳоти низоми судию ҳуқуқии кишварҳои худ, мушкилоту масъалаҳое, ки дар ин раванд ба миён омадаанд, роҳҳои беҳтарсозии сифати адолати судӣ, истифодаи воситаҳои нави техникӣ дар ташкили суди электронӣ, самтҳои гуногуни таъмини мустақилияти судҳо ва баланд бардоштани масъулияти судяҳо бо маърӯзаҳо пурмӯҳтаво баромад карданд.

Тавре аз муҳокимарониҳо маълум гардид, дар аксар кишварҳои дунё раванди такмили қонунгузорӣ ва ислоҳоти сохторию ҳуқуқии ҳокимияти судӣ бо самтҳои гуногун идома дошта, пеш аз ҳама баҳри рушди сохтории мақомоти судӣ, таъмини мустақилияти судяҳо, ташкили фаъолияти босамари онҳо, беҳтарсозии дастрасии маълумот оид ба фаъолияти судҳо ва роҳҳои баамалбарории адолати судӣ дигаргуниҳои зиёде равона гардидаанд.

Дар чорабинии байналмилалии мазкур Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён низ бо маърӯза баромад карда, доир ба масъалаҳои рушди низоми ҳуқуқии кишвар, корҳое, ки дар доираи се барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқии қаблӣ ба анҷом расонида шуданд, фаъолияти Созмони судяҳои ҷумҳурӣ дар самти таъмини мустақилияти судяҳо ва амалисозии чорабиниҳои мушаххас тибқи барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019 -–2021 ахборот доданд.

Дар маҷмӯъ натиҷаи форуми мазкур ба манфиати беҳсозии фаъолияти мақомоти судӣ равона гардида, мазмуну мундариҷаи масъалаҳое, ки дар ин чорабинӣ баррасӣ гардиданд, қобили таваҷҷуҳ мебошанд ва онҳо мавриди омӯзиши амиқи роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амалияи кишвар татбиқ намудан қарор дода мешаванд.

Хабар аз сомонаи расмии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе