Иштироки Раиси Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии суди шаҳри Душанбе дар Конференсияи амалӣ дар мавзӯи “Нақши институти оиладории миллӣ дар раванди бархурди тамаддунҳо”

Конференсияи амалӣ дар мавзӯи “Нақши институти оиладории миллӣ дар раванди бархурди тамаддунҳо”.

25 январи соли 2018 дар Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Конференсияи амалӣ дар мавзӯи “Нақши институти оиладории миллӣ дар раванди бархурди тамаддунҳо” баргузор гардид, ки дар он судяи суди шаҳри Душанбе, Раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии суди шаҳри Душанбе муҳтарама Ҳамидзода Г. иштирок намуданд.

Конференсияи мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил карда шуда, дар ба ғайр кормандони мақомоти судӣ, кормандони асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кумитаву идораҳои дахлдор иштирок варзиданд.

Дар Конференсия ба ғайр аз мавзӯи асосӣ вобаста ба ҷудошавии оилаҳо ва роҳҳои пешгирии он, инчунин оид ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешбурди нақши занон дар ҷомеа мулоҳизаронӣ карда шуд.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди Дастгоҳи суди шаҳри Душанбе