ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР «НИММАРАФОНИ ХII БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ-2022»

       Рӯзи 16 апрел бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе Ниммарафони XII байналмилалӣ баргузор гардид. Мусобиқаи байналмилалии мазкур бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта, дар асоси татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Иштирокчиёни чорабиниро муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  шодбош намуда, зикр дошт, ки Ниммарафони байналмилалии Душанбе нахустин мусобиқаи миллии кишвар мебошад, ки дар рӯйхати мусобиқоти Асотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидааст.

Дар мусобиқаи мазкур ғайр аз варзишгарони касбӣ, инчунин кормандони мақомоту идораҳо аз он ҷумла, кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе низ фаъолона иштирок намуданд. Дар мусобиқаи мазкур  беҳтарин варзишгарон аз бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодидошта аз қитъаҳои  Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё иштирок намуданд. Бояд қайд кард, ки дар Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе-2022 имсол дар баробари намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин беш аз 10 варзишгар аз 7 давлати хориҷӣ, аз қабили Қирғизистон-3, Ӯзбекистон-3, Кения-2, Эфиопия-3 ва дигар кишварҳо ширкат варзиданд.

Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе, ки масофаи 21 километру 97 метрро дар бар мегирад, аз майдони назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт шурӯъ шуда, дар майдони Дӯстӣ, назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ба поён расид.

КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ