Ифротгароӣ ва терроризм — доғи рӯз

Яке аз падидаҳои манфию манфуре, ки дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтаасту проблемаи доғи рӯз гаштааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Имрӯзҳо дар гушаю канори кишварҳои олам чандин нафар одамон гирифтори таҳдиду хавф ва оташи ҷангу низоъҳо гардида, зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба вабои аср табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиаборро ба миён меорад.  Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ ва фаъол гардидани гуруҳҳои ифротӣ мусоидат намуда, он аз рӯзи бунёдаш хусусияти иртиҷоӣ ва зидди инсонӣ дошта, ба ягон халқу тамаддуни алоҳида марбут набудаву нест. Он дар як минтақаи таърихӣ ба вуҷуд наомада, новобаста аз ҳамдигар дар гушаҳои гуногун пайдо ва рӯз то рӯз пуртазод гашта истодааст. Аз ҷумла мураккабшавии онро имрӯз дар васеъшавии доираи ҳудуди онҳо ва кирдорҳои ноадолатонаю ғайриинсонияшон мушоҳида карда метавонем.
Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба содир гардидани чунин категорияи ҷиноятҳо кам нестанд. Натиҷаи баррасии парвандаҳои мазкур нишон медиҳад, ки бештар ҷавонон бинобар сабаби огоҳ набудан аз таърихи фарҳангу миллати худ, дину мазҳаб ба равияҳои гуногуни сиёсию динӣ, ки ба мақсаду мароми давлат ва миллати тоҷик мувофиқ нестанд, шомил мегарданд. Гуруҳҳо ва ташкилотҳои террористию экстремистӣ бештар аз истифода ва нерӯи ҷавонон ва ҷалби зиёди онҳо дар амалишавии нақшаҳои ҷинояткоронаи худ манфиатдор мебошанд.
Судҳо дар навбати худ ба ғайр аз ҷазо таъин кардан, ҳамчунин дигар чораҳои бо қонун пешбинишударо баҳри аз байн бурдани сабабу шароитҳое, ки барои содир шудани чунин кирдори ҷинояткорона мусоидат кардаанд, меандешанд. Чунончӣ судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи суди шаҳри Душанбе дар байни коллективҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва аҳолӣ оид ба оқибатҳои фоҷиабори  содир намудани ҷиноятҳои зикргардида вохурию суҳбатҳо барпо мекунанд ва даъват ба амал меоранд, ки аз ҷонибдорию шомил шудан ба ин қабил равияҳо худдорӣ намоянд. Бояд, сатҳи дониши динию сиёсии ҷавонон баланд бардошта шавад, зеро тақозои замони муосир — ин дониш, маҳорату илм, кордонӣ ва зиракии сиёсии ҳар як фард, хусусан ҷавонони имрӯза аст. Ҷолиби диққат аст, ки  новобаста аз чораҳои пешгирии дахлдор, имрўзҳо дар воситаҳои ахбори омма, алалхусус шабакаҳои гуногуни интернетӣ баъзе ҷосусҳои хориҷӣ ба таблиғу ташвиқи падидаҳои номатлуби ҷомеа машғул буда, мафкураи ҷавононро заҳролуд менамоянд. Ифротгароӣ ва терроризм дар сар то сари олам зиёд гардида, хатари калони ҷамъиятӣ дорад ва барои бехатарии давлатҳо ва минтақаҳои мухталиф таҳдид карда истодааст.
Дар пайвастагӣ бо омилҳои матраҳшуда ва дарки саривақтию муборизаи беамон алайҳи терроризм ва ифротгароӣ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ, дар маросими  ифтитоҳи Конфронси байналмилаии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, қайд намуданд, ки “Барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат бо хатарҳои замони муосир бояд бар пояи ҳусни эътимод ҳамдастиву ҳамоҳангиҳои зичӣ хадамоту ниҳодҳои амниятии кишварҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шавад. Ба ин манзур кишвари мо ҳамчун узви фаъоли Созмони Миллали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи самарабахши муштрак бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир пайваста талош карда, фаъолияти созандаро дар ин самт минбаъд низ густариш хоҳад бахшид”.Дар пайгирӣ бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мо ҷавононро мебояд, ки дар якдилию ҳамбастагӣ муборизаи беамон бар зидди ин ҷиноятҳо бурда, сарчашмаҳои тавлиди онро решакан намоем.
Ба андешаи банда барои пешгирии шомилашвии ҷавонон ба гуруҳҳои террористию ифротгароӣ ба баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқию сиёсии онҳо дар ҳамдастӣ чунин корҳо амалӣ гардонида шаванд:
— Такмил додану баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию зиракии сиёсии ҷавонон тавассути  гузаронидани чорабиниҳои гуногуни илмӣ.
— Бедор намудани фарҳанги динӣ ва ҳисси таҳаммулпазирии онҳо.
— Бештар чоп намудани маводу дастурҳои ташвиқоту таблиғотӣ оид ба таълими ҷавонон.
Мусаллам аст, ки имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ танҳо насли наврас ва ҷавононе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз бар кардааст, дар оянда низ аз онҳо рушди устувори иқтисодии кишварро интизор шудан мумкин аст. Аз ин лиҳоз дар зеҳни ҷавонон ҷой кардани хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва дар рӯҳияи ватандустиву хештаншиносӣ паварндани онҳо дар мадди аввал меистад. Ҳар як фарди имрӯза, хусусан мо ҷавононро мебояд, ки арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсонро пос дошта, ҳама тан ба тан дар якдилӣ дасти якдигар гирифтаву аз як гиребон сар бароварда, барои пешрафту нумӯи Ватани маҳбубамон ҳарчи бештар кӯшиш ба харҷ диҳем.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе