РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз, 23 ноябри соли 2022 дар Суди шаҳри Душанбе ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавӣ бо иштироки Раиси суди шаҳри Душанбе, муҳтарам Гиёзода Мирзоисмон  муовинони Раиси суд Бобохонзода Асомуддин ва Саидзода Марзия, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Аввалан  бо сухани табрики Раиси суди шаҳри Душанбе муҳтарам Гиёзода М.Қ. ҳозиринро бахшида ба 30 солагии қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда баъдан вобаста ба аҳамияти таърихию сиёсии парчами давлатӣ суханронӣ намуданд.

Дар давоми маҷлиси тантанавӣ  судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе бо маърӯзаҳо ҷабҳаҳои гунонгуни Парчами давлатиро таҳили намуданд. Аз ҷумла, судя Нарзуллозода Шараф,  судя Ҷобирзода Сурайё ва корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Самандари Қаландар  бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

Дар анҷоми ҷамомад Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. бори дигар ҳозиринро ба ин рӯзи муҳими давлатӣ табрик намуда, қайд карданд, ки 

Воқеан, Парчами давлатӣ барои мо нишонаи бақои давлату миллат, беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ифтихор аз арзишҳои таърихию фарҳангии гузаштаи халқамон мебошад. Бинобар ин, ҳар як фарди равшанзамири ин Ватани биҳиштосоро зарур аст, ки нисбат ба рамзҳои давлатӣ, алалхусус Парчами давлатӣ эҳтироми зиёд дошта бошанд..

ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ

КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ