Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид

          Рӯзи 3 ноябри соли 2021 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ ва қабул намуданд.

           Зимни баррасии ин масъала масъулини соҳа вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин ва раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб, Насиба Содиқӣ,  Сумангул Тағойзода, Амонулло Хайрулло, Рустам Латифзода, Рустами Шоҳмурод, вакилони мардумӣ Сайҷаъфар Усмонзода, Рустам Қудратов, иброз намуданд, ки лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

          Лоиҳаи мазкур бо мақсади ба равандҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар самти рақамикунонии иқтисодиёт ҷавобгӯ намудани низоми андозбандии кишвар ва ба ин васила ба шакли ягонаи муттаҳид карда шудаи электронӣ ба ҳисоб гирифтани амалиётҳои аз ҷониби андозсупоранда анҷом додашаванда, ки ба зиёд гардидани манбаҳои андозбандӣ  мусоидат менамояд, инчунин сода ва оммафаҳм намудани муқаррароти он таҳия гардидааст.

               Дар лоиҳа теъдоди умумии андозҳо бо роҳи хориҷ намудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва муттаҳидгардонии андоз аз воситаи нақлиёт бо андоз аз молу мулк, инчунин андоз аз фоида бо андоз аз даромад, аз 10 намуд то 7 намуд кам карда шудааст.
              Ҷиҳати мукаммалгардонии маъмурикунонии андоз принсипҳои андозбандӣ, субъектҳои муносибати андозӣ, танзими канорагирӣ аз андозбандӣ ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз, мониторинги андоз, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андоз, хусусияти андозбандии даромади бахшҳои алоҳида, нархгузории трансферӣ, бобҳо ва моддаҳои алоҳида пешбинӣ шудаанд.

               Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла зиёд намудани музди меҳнат, инчунин таъмини шаффофият дар ин раванд, ҳадди даромади андозбандӣ нашавандаи шахсони воқеӣ барои ҳар моҳи тақвимӣ аз як нишондиҳанда то ба ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда шуд.

            Дар баробари ин, дар лоиҳа меъёри ягона андоз аз даромади шахсони воқеӣ барои ҷои кори асосӣ 12 фоиз пешбинӣ карда шуд.
           Инчунин, бо мақсади коҳиш додани сарбории андоз нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ меъёри андози иҷтимоӣ 20 фоиз ва барои суғурташавандагони муассисаҳои буҷетӣ 25 фоиз пешбинӣ шудааст.
           Дар лоиҳаи Кодекси мазкур меъёрии стандартии андоз аз арзиши иловашуда аз 1 январи соли 2022 ба андозаи 15 фоиз, аз 1 январи соли 2024 – 14 фоиз ва аз 1 январи соли 2027 – 13 фоиз пешбинӣ шудааст.
          Лоиҳаи Кодекси пешниҳодгардида аз 2 қисм, 15 фасл, 57 боб ва 399 модда иборат буда, дар он  ҷиҳати мукаммал гардонии маъмурикунонии андоз принсипҳои андозбандӣ, субъектҳои муносибати андозӣ, танзими канорагирӣ аз андозбандӣ ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз, мониторинги андоз, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андоз, хусусияти андозбандии даромади бахшҳои алоҳида, нархгузории трансферии, бобҳо ва моддаҳои алоҳида пешбинӣ шудаанд.
         Мутобиқи лоиҳаи Кодекс теъдоди умумии андозҳо бо роҳи хориҷ намудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва муттаҳидгардонии андоз аз воситаи нақлиёт бо андоз аз молу мулк, инчунин андоз аз фоида бо андоз аз даромад, аз 10 намуд то 7 намуд кам карда шудааст.
          Манбаъ: Сомонаи расмии Маҷлиси Намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.  (Parlament.tj)