ДАР БОБИ АДОЛАТИ ФЕМИДА
Сарчашмаҳо пайдоиш ва ба вуҷудоии Фемидаро ба давраи таърихии мифологӣ шабоҳат медиҳанд. Яъне Фемида таърихи куҳан дошта, шаклу амалҳои ӯ аз давраи қадим то кунун ҳамчун рамзи адолат ва муайянкунандаи баробарӣ дар ҷомеа истифода мегардад. Аслан доир ба мавҷудият ва шакли то ба ҳанӯз мондаи Фемида байни муҳақиқон фикри ягона мавҷуд набуда, аксарияти онҳо ба он ақидаанд, ки ҷои пайдоишу фаъолияти Фемида Юнони қадим буда, дар ин сарзамин ба чунин як рамзи умумиҷаҳонии адолат обутоб ёфта, арзи ҳастӣ карда будааст. Махсусан грекҳо ифтихор аз мавҷудияти Фемида ва сифатҳои хубу рамзҳои кории то ба имрӯз расидаи ӯ мекунанд.
Муҳақиқони юнонӣ Фемидаро аз рӯи сарчашмаҳои мифологӣ-афсонавӣ мавҷудияташро ошкор намуда, гӯё ӯ дар давраи бисёрхудоӣ арзи ҳастӣ намуда, қавми онҳо аз яккахудоӣ бехабар буданд. Аз ин ҷост, ки Фемидаро фарзанди Осмон ва Замин шуморида, ҳамсари дуюми қонунии Худо Зевас мешумориданд ва ба ӯ ҳамчун Худои адолат муносибат мекарданд. Фемида зани зебо, хирадманд ва адолатпарвари замони худ ба ҳисоб рафта, дар ҷашну ташкили бозиҳои варзишӣ ва ҳалли баҳсҳо дар тарафи рости Зевс иштирок намуда, бо иҷозати Зевс ғолибони бозиҳоро муайян карда, дар дигар мавридҳо гунаҳгорӣ ва бегуноҳии шахсонро ошкор карда, адолатро ба амал мебаровард. Бештари ҳолатҳо санадҳои баровардаи Зевсро байни мардум хонда, эълон карда, ба мардум сухани Зевсро мерасонд. Дар ин кори худ Фемида либоси махсус ба бар намуда, дар дасташ воситаҳои муайянкунандаи ҳақиқат ва ростиро мавриди истифода қарор медод.
Фемида дар баррасии парвандаҳо ва муайянкунии ғолибони бозиҳои варзиши адолатона рафтор намуда, байни мардум фарқиятгузориро намеписандид. Таърихнигорон ба он ақидаанд, ки ин ҳама хусусиятҳои хуби ӯ тавонистааст, ки номи Фемидаро дар тамоми ҷаҳон ҳамчун зани хирадманду адолатпеша то имрӯз боқӣ гузорад. Мардуми он вақта дар як муддати кутоҳ Фемидаро ҳамчун худои адолат эътироф карда, ҳамагуна баробарии одамон ва инсондӯстию адолатпарвариро танҳо дар симои Фемида медиданд. Ҳамин буд, мардум Фемидаро ҳамчун идеал истифода карда, либоси ӯро, сухани ӯро ва ҳама он воситаю тартиби кори ӯро дар кору зиндагиашон васеъ истифода мекарданд ва ҳоло ҳам карда истодаанд. Махсусан расмҳою ҳайкалчаҳои Фемидаро таърихшиносон бо шаклҳои гуногун пайдо ва шаклбандӣ намуда имрӯзҳо қариб дар ҳама мақомотҳои ҳифзи ҳуқуки давлатҳои ҷаҳон ҳамчун рамзи муайянкунандаи баробарӣ ва адолатнокӣ истифода мегардад. Махсусан агар ба фаъолияти имрӯзаи судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем дар он чунин ба назар мерасад, ки судяҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо либоси махсуси рангаш сиёҳро, ки мантия ном дорад ба бар мекунанд. Ин либоси махсус на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки қариб дар тамоми ҷаҳон низ дар фаъолияти судяҳо дида мешавад. Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ назар афканем зиёда аз 50-60 намуди мантия(либоси махсуи корӣ) ба чашм мерасад. Таърихнигорон низ пайдоиши нахустиши мантияро ба Фемида шабоҳат медиҳанд. Гуё, ки Фемида ҳангоми иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ ва ҳалли баҳсҳою баҷавобгари кашидани гунаҳгорон либоси махсус бо ном мантия мепӯшидааст.
Фемида ҳамчун қувваи некӣ муаррифӣ шуда, ҳамагуна қонуншиканию беадолатиҳоро маҳкум мекард. Пайдоиши адолатро низ ба худи Фемида шабоҳат дода, гуё ӯ ягона шахсе будааст, ки байни мардум адолатнокиро ба вуҷуд оварда, нобаробариро ҳамчун мафҳуми нодаркор эътироф мекардааст.
Албатта, агар мо ба таърихи Фемида назар афканем дар давлатҳои гуногун онро бо тарзу шаклҳои гуногун таърифу тавсиф намуда, ҳамчун рамзи адолат ва баробарӣ эътироф кардаанд. Ҳатто дар Федератсияи Руссия сухани Фемида ҷой доштааст. Масалан муҳақиқони рус адолатро сухани Фемида мегуянд.
Агар ба расмҳо ва ҳайкалчаҳои фемида назар афканем дар он аксаран тарозуи баробарпаҳлу, шамшери тез, чашми бо тасмачаи махсус басташуда ва либоси махсуси ӯ, ки мантия ном мебаранд дида мешавад. Ҳар яки ин воситаҳои номбурда хусусияти ба худ хос дошта, ҳамчун рамз шинохта шудаанд:
Тарозу-рамзи қадимаи ченак ва адолат мебошад, ки бо он бадӣ ва некӣ, гунаҳгорӣ ва бегуноҳӣ, кирдори зиддиҳуқуқӣ ва ҳуқуқии одамон баркашида мешавад. Яъне аз рӯи он кирдори шахс дар содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ муайян карда шуда, исбот карда мешавад, ки ҳуқуқвайронкунанда то кадом андоза гунаҳгор аст.
Шамшер-рамзи сазодиҳанда буда, нишон медиҳад, ки ҳар кӣ ҷиноят содир мекунад бо он ҷазо мегирад. Баъзе аз муҳақиқон дар расм шамшери дар дасти рости Фемидаро ба боло бардошташуда қайд мекунанд. Ин маънои онро доштааст, мардум бубинанд ва ҳам донанд, ки воситаи ҷазодиҳӣ ҳамеша омодааст ва аз он ҳарос намоянду даст ба содири ҷиноят назананд.
Чашми бастаи фемида-рамзи беғаразӣ ва ё холисии Фемида ва ё судя буда, нишон медиҳад, ки судя бояд дар ҳалли баҳс байни тарафҳо фарқиятгузорӣ накарда, ба тарафҳо бо як чашм назар карда, баробариро байни шаҳрвандон нигоҳ дорад.
Муҳақиқон ва ҳуқуқшиносони Рим ба рамзҳои Фемида шаклгузорӣ намуда, вобаста ба замони худ ва назари қонун боз дигар рамзҳоро ҳамроҳ кардаанд. Мисоли ин шуда метавонад мор ва китоби дар зери пои рости Фемида қарордошта. Доир ба моҳияти мор ва китоби зери пои Фемида қарордошта ҳам байни муҳақиқон фикри ягона мавҷуд нест. Яке мегуяд мор ва китоб рамзи хирадмандӣ ва босаводии Фемида ва ё судя мебошад. Дигаре қайд мекунад, ки мор-ин қувваи зулмот буда, судя метавонад он ҳамаро бо қонун фишурда нобуд созад. Китобро бошад ҳамчун рамзи маҷмуи қонунҳо нишон медиҳад.
Бо ин ҳама рамзҳо муҳақиқон Фемидаро ягона зане медонанд, ки аввалин бор тавонистааст, ки баҳри устувории адолат дар байни одамон ва нест гардидани ҳуқуквайронкуниҳо саҳми босазое гузоштааст. Ҳарчанд, ки ӯ зани афсонавӣ ҳам бошад, рамзҳои ба ӯ гузошташуда ба ҷомеаи ҳамадавраи одамӣ хос буда, барои баробарии одамон ва пойдории адолат таъсири мусбӣ дорад.
Вализода ТАХМИНА
Судяи Суди шаҳри Душанбе
Фархундаи Файзулло
Котиби маҷлиси судии
Суди шаҳри Душанбе