Бо вояи дуюми ваксинаи зидди бемории коронавирус фаро гирифтани кормандони суди шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз, яъне 28 июли соли 2021 дар доираи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди шаҳри Душанбе маъракаи ройгони ба ваксинатсияи зидди бемории COVID-19 фаро гирифтани кормандони суд баргузор гардид, ки ба кормандони суд вояи дуюми ваксинаи зидди коронавирус аз ҷониби кормандони МСШ №12 гузаронида шуд.

Нахуст роҳбарияти суд вояи дуюми ваксинаро гузаронида, сипас судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бо вояи дуюми ваксина фаро гирифта шуданд.

Маврид ба қайд аст, ки ин чорабинӣ ғамхории навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба солимии миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистони азиз мебошад.

Суди шаҳри Душанбе