Баррасии шикояти кассатсионӣ нисбат ба ҳалномаи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо парвандаи оилавӣ.

Баррасии шикояти кассатсионӣ нисбат ба ҳалномаи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо парвандаи оилавӣ.

Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе павандаи оилавиро нисбат ба даъвои Мирзоева Фарзона Раимҷоновна нисбати Нурматов Хусрав Кучқорбоевич оиди рӯёнидани алимент ба тариқи устуворро баррасӣ намуд. Суд бо ҳалномаи худ аз 17 августи соли 2018 даъвои Мирзоева Ф.Р-ро нисбати Нурматов Хусрав Кучқорбоевич оиди рӯёнидани алимент ба тариқи устувор қонеъ карда, аз ҳисоби ҷавобгар Нурматов Х.Қ. барои таъминоти фарзандашон Нурматова О.Х., рӯзи таваллудаш 3 феврали соли 2012, алимент дар ҳаҷми устувор ба андозаи 1000 (ҳазор) сомонӣ рўёнида шудааст. Аз ҳисоби ҷавобгар Нурматов Х.Қ., ба фоидаи давлат ба маблағи 84 (ҳаштоду чор) сомонӣ, боҷи давлатӣ ситонида шудааст. Рўёниши алимент аз 2 августи соли 2018, оғоз карда шудааст.

Зимни баррасии парванда аз ҷониби суд муайян карда шудааст, ки Мирзоева Фарзона Раимҷоновна нисбати Нурматов Хусрав Қучқорбоевич, оиди руёнидани алимент ба тариқи устувор, ба суд муроҷиат намуда, даъвояшро бо он асоснок намудааст, ки ў  бо ҷавобгар Нурматов Хусрав Қучқорбоевич аз 18 сентябри соли 2010 оила барпо намуда, ақди никоҳашонро дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе аз ҳамин сана таҳти №2329 ба қайд гирифтаанд. Аз зиндагонии якҷояашон соҳиби як фарзанд: Нурматова Оиша Хусравовна рӯзи таваллудаш 3 феврали соли 2012 гардидаанд. Муносибатҳои оилавии онҳо дар аввал хуб буда, минбаъд бинобар мувофиқ наомадани хислатҳояшон қатъ гаштааст. Бо ҳалномаи суди ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз 2 октябри соли 2015 никоҳи байни онҳо бекор карда шудааст.  Аз вақти аз ҳамдигар ҷудо шуданашон, таъминоти фарзанди ноболиғашон пурра ба зиммаи ў ва волидонаш буда, ҷавобгар бошад ба таъминоти модии фарзанди ноболиғашон машғул нашуда, кӯмаки худро намерасонидааст. Айни ҳол ў дар шаҳри Душанбе истиқомат намуда, бинобар  сабаби фарзандаш бемор будан, имконияти ба суди ноҳияи Ашти вилояти Суғд муроҷиат намуданро надоштааст.

Аз ин рў, аз суд хоҳиш кардааст, ки аз ҳисоби ҷавобгар Нурматов Х.Қ. ба фоидаи ў ҳармоҳ барои таъминоти моддии фарзанди ноболиғашон Нурматова О.Х. рӯзи таваллудаш 3 феврали соли 2012, бо тариқи устувор дар ҳаҷми 1000 сомонӣ то ба балоғат расидани фарзандашон алимент руёнида шавад.

Ҷавобгар намояндаи ваколатдори Нурматов Х.К. — Сулаймонова З. бо ҳалномаи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе розӣ нашуда, бо он шикоят намуда, дар шикояти кассатсиониаш тағйир додани ҳалномаи суд, яъне ба андозаи 150 сомонӣ кам кардани андозаи алиментро пурсидааст.

Коллегияи судӣ, маводҳои парвандаи оилавиро омўхта, ваҷҳҳои дар шикояти кассатсионӣ овардашударо муҳокима намуда, ба хулоса омадааст, ки ҳалномаи суди марҳилаи якум, тағйир дода шудааст. Бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди шаҳри Душанбе аз ҳисоби Нурматов Х.Қ., ба манфиати даъвогар Мирзоева Ф.Р., барои таъминоти фарзандашон Нурматова О.Х., алимент дар ҳаҷми устувор ба андозаи 500 (панҷсад) сомонӣ рўёнида шуд.

Шикояти кассатсионии намояндаи ваколатдори ҷавобгар Нурматов Х.К.-Сулаймонова З.Б., қисман қонеъ карда шудааст.

 

Хабари Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди шаҳри Душанбе