Баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Исроилов Фарухҷон Раимҷонович

Аз ҷониби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати Исроилов Фарухҷон Раимҷонович баррасӣ карда шуд.

Мақомоти пешбурди тафтиши пешакӣ ба Исроилов Фарухҷон Раимҷонович бо моддаи 4011 (ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон намудааст.
Суд муайян намудааст, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроилов Фарухҷон Раимхонович бар хилофи талаботҳои Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми марти соли 2006 марбут ба ташкилоти «Ҳаракати исломии Туркистон» (қаблан Ҳаракати исломии Ӯзбекистон) бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ – террористӣ ҳамчун ташкилоти экстремистӣ террористӣ эътироф карда шуда, сомонаҳои интернетии он баста шуда, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиётҳои ин ташкилот манъ карда шудааст, амал намуда, даст ба содир намудани ҷиноят задааст, ки моҳияти он аз иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухўрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, иборат мебошад.
Чунончӣ, ў бар хилофи талаботҳои ҳалномаи мазкур амал намуда, соли 2011 ҳангоми дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор доштанаш дар масҷиди Хиёбони «Проспект мира»-и шаҳри мазкур бо Ҳузайфа, Ҷамшед, Аҳмад, ва Ҳамза ном шаҳрвандони Ҷумурии Узбекистон, ки шахсияташон ба тафтишот номаълум, ки аъзоёни фаъоли ташкилоти экстремистӣ террористӣ «Ҳаракати исломии Туркистон», мебошанд шинос шудааст. Дар рафти шиносоиаш бо Ҳузайфа ў бо ғояҳо ва мақсадҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии «Ҳаракати исломии Туркистон» шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намуда, дидаву дониста, ки иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар задухўрдҳои мусаллаҳона, воҳидҳои мусаллаҳ ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо хилофи қонун буда, ҷиноят эътироф шудааст, қасдан нияти ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон рафтан ва дар якҷоягӣ бо дигар аъзоёни ин ташкилот “ҷиҳод” намуданро кардааст.
Бо мақсади амалӣ намудани нияти худ Исроилов Ф.Р., моҳи декабри соли 2011 бо дастури Ҳузайфа ва бо ҳамроҳи Қозиму Садриддин ном шахсони ба тафтишот номаълум бо имкониятҳои Акмал ном шахс аз Сафорати Ҷумҳурии исломииЭрон дар Федератсияи Россия раводиди навъи «саёҳӣ»-ро ба мўҳлати 1 моҳ дастрас намуда, тавассути нақлиёти мусофирбар аввал ба Ҷумурии Озарбойҷон тариқи шаҳри Боку ба шаҳри Теҳрон ва аз онҷо ба шаҳри Зоҳидони Ҷумҳурии исломии Эрон сафар намуданд. Дар шаҳри Зоҳидони Ҷумҳурии исломии Эрон онҳоро Абдусамад ном шахс аъзои фаъоли ташкилоти «ҲИТ» қабул намуда, муддати 4 шабонарўз меҳмондорӣ намуда, ба онҳо дарсу наворҳо вобаста ба ҷиҳодро нишон додааст. Сипас, Абдусамад ба онҳо шаҳодатномаҳои қалбакии ҳамчун шаҳрвандони Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо номҳои сохта Олим валади Абдулло, 25 сола, зодаи вилояти Форёби Ҷумҳурии исломии Афғонистон, тайёр намуда ўро дар якҷоягӣ бо Қозиму Садриддин ном шахсони ба тафтишот номаълум ба лагерҳои афғонҳо дар Ҷумҳурии исломии Эрон бурдааст. Баъдан пулиси Ҷумҳурии исломии Эрон онҳоро бинобар сабаби ҳуҷҷатҳои шаҳрванди Ҷумҳурии исломи Афғонистон доштанашон аз ҳудуди Ҷумҳурии исломии Эрон ба Афғонистон хориҷ (депорт) мекунанд. Дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон «Акмал» ном шахс аъзои ташкилоти «ҲИТ» онҳоро қабул намуда, ба дасти шаҳрванди Ҷумҳурии Узбекистон роҳбари яке аз гуруҳҳои «ҲИТ» ва «Ҷундуллоҳ» бо номи Амонулло месупорад. Исроилов Ф.Р., дар он ҷо тайёрии ҳарбӣ-ҷангӣ гирифта аз яроқоҳои оташфишони ПМ, АК, РПК, норинҷакҳо истифода бурданро омўхта, соҳиби автомати АК 7,62 ва 4 адад тирдон гардида, аз моҳи ноябри соли 2011 то моҳи декабри соли 2015 дар муҳорибаҳои бар зидди ҳукумати Ҷумҳурии исломии Афғонистон иштирок намудааст.
Инчунин моҳи декабри соли 2015 Исроилов Ф.Р., бо ҳамроҳи Абдусамад ном шахси ба тафтишоти номаълуми аъзои дигари ташкилоти дар боло овардашуда, бо мақсади ба сафи аъзоёни ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати исломии Ироқу Шом” пайвастан аз шаҳри Форёб ба шаҳри Кобул ва аз он ҷо ба шаҳри Ҷалолободи Ҷумҳурии исломии Афғонистон сафар намудаанд. Ҳангоми расидан ба шаҳри Ҷалолобод, Исроилов Ф.Р., аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии исломии Афғонистон дастгир карда шудааст. Ҳангоми бозспурсӣ Исроилов Фарухҷон Раимхонович аъзогии худро ба ташкилоти экстремистӣ террористӣ «Ҳаракати исломии Туркистон» пинҳон намуда, худро Олим валади Абдулло ҳамчун аъзои ТТЭ «Давлати Исломӣ» муаррифи карда қайд намудааст, ки ў бо мақсади пайвастан ба ТТЭ «Давлати Исломӣ» тариқи Ҷумҳурии исломии Эрон ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон омадааст.
Бинобар ин Исроилов Фарухҷон Раимхонович бо ному насаби сохтаи Олим валади Абдулло, 25 сола, зодаи вилояти Форёби Ҷумҳурии исломии Афғонистон, барои қасди пайвасатанаш ба ТТЭ «Давлати Исломӣ» аз ҷониби мақомоти Суди вилояти Парвони Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба муҳлати 2 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шудааст.
Бо ҳукми Коллегияи суди оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе аз 28 январи соли 2019, Исроилов Фарухҷон Раимхонович бо моддаи 4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо ҳамин модда маҳкум гардида, нисбаташ ҷазои маҳруми аз озодӣ таъин карда шудааст.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе