Баррасии 31 масъала дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ

11 июни соли 2019 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Шӯро 31 масъала аз ҷумла, қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 4 қонуни мукаммал: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳолати ҷангӣ», «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи ҳунармандӣ» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки  аз ҷониби субъекти  ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз қабули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, мавриди баррасии амиқ қарор дода, ҳар кадоми онҳоро ҷиҳати баррасӣ ба рӯзномаи иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки 12-уми июн баргузор мегардад,  шомил намуданд.

Ҳамзамон, Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ лоиҳаи қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозхонд намудани судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамов Аҳтам Маҳрамович, Лутфуллозода Шавкат,  интихоб намудани муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфуллозода Шавкат, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Хусрав Лутфулло, Раҳмонзода Маҳмад Шариф ва Ҳаким Рухшона Аскарро барои баррасӣ ба рӯзномаи иҷлосия ворид карданд.

Хабар аз сомонаи расмии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.