Баромади судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе бо сокинони маҳаллаи 82 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Дар асоси нақшаи кории суди шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ш. Шоҳиён, судяҳои суди шаҳри Душанбе Азизматзода Х. ва Ҳафиззода Т., кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Ниёзов Р. ва Сафарзода М., таърихи 11 феврали соли 2019 дар маҳаллаи 82 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон” ва “Дар бораи муроҷиати шахсони шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ, экстремистӣ ва коррупсионидошта ва роҳҳои мубориза бо онҳо, ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ, гражданӣ, вобаста ба манзил, ҷои зисти кӯдакон ва сабабу шароитҳои бекоршавии ақди никоҳ ва роҳҳои пешгирии парокандашавии оилаҳо бо сокинони маҳаллаи мазкур вохӯрӣ намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.

 

Асос: Нақшаи кории дохилиидоравии суди шаҳри Душанбе, дастуру супоришҳои Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маълумотнома аз 11 феврали соли 2019.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе