Баромади судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе

Дар асоси нақшаи кории дохилиидоравии суди шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода А., судяҳои суди шаҳри Душанбе Абдулғанизода А., Мусобекзода Т., корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Қурбоалии Ҳ. таърихи 14 январи соли 2019 дар Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон” ва “Дар бораи муроҷиати шахсони шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ, экстремистӣ ва коррупсионидошта ва роҳҳои мубориза бо онҳо, ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ, гражданӣ, вобаста ба манзил, ҷои зисти кӯдакон ва сабабу шароитҳои бекоршавии ақди никоҳ ва роҳҳои пешгирии парокандашавии оилаҳо бо омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷи мазкур вохӯрӣ намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.

Асос: Нақшаи кории дохилиидоравии суди шаҳри Душанбе, Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маълумотнома аз 14 январи соли 2019.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе