БАРОМАДИ РАИСИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ГИЁЗОДА М.Қ. ДАР ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дустони арҷманд, ҳамкасбон, ҳозирини гиромӣ ва ҳамватанони азиз!

Ҳамаи Шуморо ба муносибати таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” самимона муборакбод менамоям.

Воқеан ҳам, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқ ва миллати хеш хизматҳои бузурги таърихӣ карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз фурупошӣ наҷот додаанд. Таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон пояҳои давлатдорӣ, заминаҳои низоми хукуқӣ, нахустин Конститутсияи халқӣ қабул шуданд. Эҳёи арзишҳои динӣ ва миллӣ оғоз гардида, кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, истиқлолияти озуқаворӣ таъмин гардида, роҳи давлатдории Тоҷикистон ба сӯи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона шурӯъ гардид.

Мусаллам аст, ки Пешвои муаззами миллат дар вазъияти басо мураккаби сиёсиву иқтисодӣ симоми давлатро бар ӯҳда гирифта, ҳамнафасу ҳамдами мардум гардиданд. Дастоварду пешравиҳои кишвар дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ назаррас буда, бо ҳидояту иқдомҳои Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон мамлакатамон дар миқёси байналмилалӣ соҳиби обрую нуфузи баланд гардидааст.

Таҷрибаи сулҳоварие, ки Сарвари давлати точикон нишон дод, дар ҷаҳониён бемисл аст. Ӯ ба тамоми чаҳон исбот намуд, ки масъалаҳои ниҳоят мушкилро метавон ба таври мусолиҳатомез ҳал намуд. Аз ин рӯ, ҳалли сулҳчуёнаи масъалаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аҳамияти на танҳо маҳалливу минтақавӣ, балки байналмилалӣ дорад. Ӯ дарси сулҳофариниро барои чаҳониён пешниҳод сохт. Муҳимтар аз ҳама бо роҳбарии ин абармарди сиёсат исбот гашт, ки халқи тоҷик қобилияти пеш гирифтани ҳар гуна моҷаро ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани нуфуз ва эътибори кишварро дорад.

Пешвои муаззами миллат бо андешаҳои созандаи хеш давлати миллии тоҷиконро эҳё бахшид. Ӯ чун ҳомии таърихии рушди мамлакат ба сӯи чомеаи шаҳрвандӣ роҳ кушод ва таҳти роҳбариаш назаран, илман ва амалан давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардид, ки имруз дар фазоӣ осоиштаи он мо зиндагӣ дорем.

Тибқи тағйироту иловаҳое, ки 14 майи соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид карда шудааст, дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун ид, ҷашн гирифта мешавад.

Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни фархунда дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994  Пешвои муаззами миллати  мо  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.

Дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ, ки ватани мо, пеш аз ҳама, ба сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ маҳз бо мақсади пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд. Он як интихоби огоҳона буда, маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, гузаштан ба шакли идоракунии президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид. Мутобиқи моддаи 64-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия ҳисоб шуда, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Аз ин рӯ, таҷлили  «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки  «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.

Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида,  мақоми Президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Маҳз ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва зарфияти ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳад. Илова бар ин, фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи  байналмилалӣ касб намудааст. Ҳамин тавр, дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шахсияту хидматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, дар «Рӯзи Президент» беихтиёр шахсияти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои бузурги ӯ дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши рӯй меоянд.

Воқеан, барои дар сатҳи конунгузорӣ ифода намудани «Рӯзи Президент» ба сифати яке аз чашнҳои мардумии кишвар ёдрас намудани танҳо як ҳодисаи муҳим дар ҳаёти кишвари мо, баста шудани Созишномаи сулҳ дар соли 1997, басанда мебошад. Мувофиқи назари бештари коршиносон шуҳрати Президент маҳз дар хамин давра миёни мардум ниҳоят баланд шуд, чунки ин созишнома ба ҷанги хонумонсӯзи таҳмилӣ нуқта гузошт.

Пешвои муаззами миллати тоҷик Эмомалӣ Рахмон дар хақиқат бо корнамоию фаъолияти самарабахши созандаи хеш таи солҳои сохибистиқлолии кишвар новобаста аз муқаррароти конунгузорӣ Пешво буданд. Аз оғози фаъолияти сиёсии худ ба хайси раиси Шурои Олӣ ва минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалқи кишварро бо ваъдаҳои ҷолиб ва ваъдаҳое, ки воқеан иҷро шуданд, ҷалб намуданд. Аз ҷумла, гуфта буданд, ки «Ман омодаам, барои чорӣ кардани сулҳу субот дар мамлакат ва баргардонидани гурезагон ба ватан, хаёти худро зери хатар гузорам».

Ҳамаи мардуми шарифи кишвар ва ҷаҳониён шоҳиди он буданд, ки охирон нафарони гуреза соли 2000-ум ба Тоҷикистон баргардоиида шуданд. Дар маҷмуъ ба Тоҷикистон 800 ҳазор гуреза баргардонида шуд ва ҳамаи онҳо бо хонаю маизили зист таъмин карда шуданд.

Дуюм, сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба Афғонистони ҷангзада ба хотири сулҳу салоҳ бо мухолифини давлат аз далерию матонат ва заковату мардонагии беандозаи ин шахсияти бузурги миллӣ, гувохӣ медиҳад.

Имрӯз хушбахтона таҷрибаи пойдории сулҳу Тоҷикистонро дигар кишварҳои ҷаҳон омӯхта истода мавриди истифода қарор додаанд, ки он дастоварди бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бинобар ин, санаи 16 ноябр “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамчун арзиши хокимияти олӣ, дар баробари “Рӯзи парчами миллӣ”, “Рӯзи истиқлолияти давлатӣ” бо шукӯҳу шаҳомат қайд карда мешавад.

Поянда бод Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ид муборак дӯстони азиз.
Ба диққататон ташаккур.

Раиси суди шаҳри Душанбе
Гиёзода М.Қ.