Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нимаи аввали рӯзи 24 ноябри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур сараввал раиси суди шаҳри Душанбе – Гиёзода М.Қ. бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, зимнан ҳозиринро бо ин ид табрику муборакбод гуфта, ба онҳо таманниёти неки худро баён намуданд.

Сипас, муовини раиси суд — Саидзода М.Ф., судяи суди шаҳри Душанбе – Ҳафиззода Т.Ҷ., кормандони дастгоҳи суд — Акобирова С., Назирмадзода Д.Н. ва Наҷмудинзода О.Н. бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ҳозиринро бо ин рӯз табрику муборакбод намуданд.

Пас аз ин якчанд нафар судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе вобаста ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе