Баргузор гардидани Раёсати суди шаҳри Душанбе дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.07.2019 сол 17:12

Имрӯз 05 июли соли 2019 дар толори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода С.С., судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Т.Қ., Раисон, муовинон ва судяҳои суди шаҳри Душанбе ва суди ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар маҷлиси Раёсат баргузор гардид.

Дар маҷлис масъалаи ҷамъбастии фаъолитяи суди шаҳри Душанбе ва судҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2019 муҳокима гардида, маърӯзаи муовини якуми Раиси суди шаҳри Душанбе Қурбониён А.Н., муовини Раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода А., и.в Раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии суди шаҳри Душанбе Ҳамидзода Г., Раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии суди шаҳри Душанбе Азизматзода Х. ва баромади Раисони судҳои ноҳияҳои И. Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва Синои шаҳри Душанбе, Сангинзода Ғ., Абдуллозода М.Ҷ., Саидзода Г.И. ва Рушанзода С. оид ба фаъолияти кор ва ҷамъбастии нимсолаи якуми соли 2019 шунида шуд.

Дар охир Раёсати суди шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои муҳокимагардида қарор қабул намуд.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе