Ба чоп расидани мақолаи Маликзода Н.Ғ. дар маҷаллаи «Ҷумҳурият» дар мавзӯи «Суд ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон»

14 феврали соли 2019 мақолаи корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе Маликзода Н.Ғ. дар мавзӯи «Суд ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» таҳти №34 (23 637) бо матни «Дар Паёми Пешвои миллат худ қайд намуданд, ки рушди  минбаъдаи ҷомеа тақозо менамояд, ки бо мақсади танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунҳои амалкунанда мунтазам такмил дода шаванд.

Аз ин рӯ, ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла вакилони парламент вазифадор карда шуданд, ки сифати қонунҳои амалкунанда ва ба сатҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мутобиқ будани онҳоро мунтазам таҳлил карда, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи рӯз мувофиқро таҳия намоянд.
Тавре, ки Сарвари давлат қайд намуданд, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад.
Пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дарпешистода кафолати ҳамаҷонибаи адолати судиро талаб мекунад.
Пешвои миллат баҳри амалӣ намудани ин мақсад зарур шумориданд, ки барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳия карда, дар доираи он сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ такмил дода шавад ва ҷиҳати баррасии босифату саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои қабулнамудаи мақомоти судӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд.
Бо ин мақсад, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия ва Хадамоти иҷро вазифадор карда шуданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқиро барои солҳои 2019-2021 таҳия ва пешниҳод созанд.
Ба ғайр аз ин, бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар нақшаи кории суди шаҳри Душанбе барои соли 2019 банди алоҳида вобаста ба ташкил ва гузаронидани вохӯриҳо бо аҳолӣ дар корхонаҳо, муассисаҳо, макотибҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, донишкадаҳо, Шӯрои маҳаллҳо ва баромадҳо ба воситаи садо ва симо, рӯзномаҳо оид ба фаҳмонидани Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” аз 08 июни соли 2007, Қонуни ҶТ “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ” аз 23 июли соли 2016, Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар қонунҳои амалкунандаи ҷорӣ пешбинӣ гардид, ки дар асоси ин банди нақша судяҳо ва кормандони Дастгоҳи суди шаҳри Душанбе масъуланд ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон иштирок намуда, саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дастуру супоришҳои Президенти кишвар, барои мо, кормандони мақомоти судӣ ва ҷавонони Тоҷикистон дастурамалӣ ҳаррӯзаи корӣ гардида, моро водор месозад, ки бо саъю кӯшиши дучанд ва дарки масъулиятшиносии баланд вазифаҳои ҷонии хешро пурра ва ҳаматарафа амалӣ намуда, дар пешгирии ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниву ҷиноят, таҳкими истиқлолият ва мураттабсозии қонунгузории ҷумҳурӣ ҳиссаи арзандаи хешро гузорем ва кӯшиш ба харҷ диҳем, ки илму дониш ва малакаи касбии хешро доимо баландтар бардорем.» ба чоп расид.