ИШТИРОК ДАР МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ВА ДАВИ МИЛЛӢ
Санаи 19 майи соли 2024, дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марафони велосипедронӣ ва Дави миллӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии варзишии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ Раиси Суди шаҳри Душанбе Зикирзода Л.Х., муовинони раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд фаъолона иштирок намуданд.
Муҳаммад САФАРЗОД
Корманди дастгоҳи суд