Иштироки судяҳои суди шаҳри Душанбе дар семинари омӯзишӣ дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нимаи аввали рӯзи 31 майи соли ҷорӣ дар асоси нақшаи баргузории семинарҳо барои судяҳои судҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар давраи нимсолаи якуми соли 2019 семинари омӯзишӣ дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар семинари омӯзишии мазкур аз он ҷумла Раис, муовинонии Раис ва судяҳои суди шаҳри Душанбе  иштирок намуданд. Семинари омӯзишии мазкур бо роҳбарии муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло ва Раҳмонзода Сайдалӣ Сабзаалӣ, раисони коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, оилавӣ – Лутфуллозода Ш., Қодирзода Т., Ализода Ш. ва Раиси суди шаҳри Душанбе — Гиёзода М.Қ. баргузор гардид.

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии мазкур ҳар ҷумъаи охири моҳ ба роҳ монда мешавад.

Дар семинари мазкур мавзуҳои зерин мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд:

  • Баррасии парвандаҳои гражданӣ оиди бартараф кардани монеагӣ, маърӯзачӣ Раҳмонзода М. – судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;
  • Амалҳо оиди кам, зиёд ва тағйир додани андозаи алимент, маърузачӣ Ниёззода С.- судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ.
  • Таъини ҷазо аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо, маърӯзачӣ Мусобекзода Т. – судяи суди шаҳри Душанбе.
  • Аз нав баррасӣ кардани қарорҳои суд, мавқомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ , маърӯзачӣ Иномзода Ҳ. – судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.

Пас аз шунидани маърӯзаҳо аз тарафи раисони коллегияҳои судии Суди Олӣ ва суди шаҳри Душанбе сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.

Дар қисмати поёнии семинар аз тарафи Раёсатҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иштироккунандагони семинар эълон, муҳокима ва пешниҳодҳо карда шуд.

Суди шаҳри Душанбе