ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2019»

Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2018 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» (Ахбори Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2018, № 11, мод. 683) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
— ба қисми 1 пас аз калимаҳои «молҳои зераксизӣ)» калимаҳои «, таҳвили он ба корхонаҳои коркарди гандум, инчунин фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардашуда» илова карда шуда, ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудае, ки ҳангоми хариди (воридоти) дигар молу маҳсулоти (кору хизматрасониҳои) барои таҳвили минбаъдаи гандум ва (ё) коркард ва фурӯши маҳсулоти аз гандуми коркардшуда истифодашаванда пардохта шудааст, наметавонад аз 10 фоиз зиёд бошад.»;
— қисмҳои 11 ва 12 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«11. Дар соли 2019 Федератсияи футболи Тоҷикистон, сохторҳои зертобеи он ба клубҳои футболи Тоҷикистон аз пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз воситаҳои нақлиёт ва, инчунин, мураббиён аз бозингарони хориҷӣ, ки барои рушди фаъолияти федератсия ва клубҳои футбол ҷалб карда мешаванд, аз пардохти андоз аз даромад озод карда мешаванд.
12. Дар соли 2019 воридоти бланкҳои шиносномаҳои дорои ҳомили электронии иттилоот, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад, аз пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷи гумрукӣ озод карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе,19 апрели соли 2019, № 1604