Ҷамъомади тантанавии суди шаҳри Душанбе бахшида ба иди “9 май – Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ”

08.05.2019  16:00

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба иди “9 май – Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” бо иштироки Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ., муовини Раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода Асомуддин, судяҳои суди шаҳри Душанбе ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур сараввал Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. тамоми кормандони судҳо, Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бахшида ба ин Ғалабаи бузург табрик намуда, таманниётҳои некӣ худро иброз доштанд.

Сипас, кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Назирмадзода Д.Н. ва Абдулхайрзода Ҷамила баромад намуда, кормандон ва кулли мардуми Тоҷикистон бо рӯзи таърихӣ муборакбод намуд.

Баромади корманди суд - Назирмадзода Д.Н.

Баромади корманди суд – Назирмадзода Д.Н.

Ҷараёни баргузории ҷамъомади суди шаҳри Душанбе

Суди шаҳри Душанбе

Баромади Абдулхайрзода Ҷамила – Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе

Ҳамзамон судяҳои суди шаҳри Душанбе Абдулғанизода А. ва Раҷабали Аҳтам баромад намуда, ҳозирин ва кулли мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрику муборакбод намуданд.

Табрикоти судяи суди шаҳри Душанбе – Абдулғанизода А.

Табрикоти судяи суди шаҳри Душанбе - Абдулғанизода А.

Табрикоти судяи суди шаҳри Душанбе – Абдулғанизода А.

Табрикоти судяи суди шаҳри Душанбе - Раҷабали Аҳтам

Табрикоти судяи суди шаҳри Душанбе – Раҷабали Аҳтам

Табрикоти судяи суди шаҳри Душанбе - Раҷабали Аҳтам

Табрикоти судяи суди шаҳри Душанбе – Раҷабали Аҳтам

Кормандони суди шаҳри Душанбе

Кормандони суди шаҳри Душанбе

Кормандони суди шаҳри Душанбе

Кормандони суди шаҳри Душанбе

Дар охир аз ҷониби Муовини Раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода Асомуддин фармоиши Раиси суди шаҳри Душанбе “Дар бораи додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе”  қироат карда шуд. Дар асоси Фармоиши мазкур, ки мутобиқи моддаи 77 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба муносибати иди «9 май – Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дар асоси Низомномаи тартиби додани рутбаҳо ба кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шудааст, ки бо он:

  1. Ба Фарҳодзода Нигина – Сардори шуъбаи умумии суди шаҳри Душанбе рутбаи дараҷавии Ҳуқуқшиноси дараҷаи 1;
  2. Абдулхайрзода Ҷамила – рутбаи дараҷавии Ҳуқуқшиноси дараҷаи 3;
  3. Султонзода Баҳодур – рутбаи дараҷавии Ҳуқуқшиноси дараҷаи 3;
  4. Сабзаев Рустам Исроилович – рутбаи дараҷавии Ҳуқуқшиноси дараҷаи 3;
  5. Маликзода Нуриддин Ғиёс – рутбаи дараҷавии Ҳуқуқшиноси дараҷаи 3;
  6. Муҳиддинова Шаҳноза – рутбаи дараҷавии Ҳуқуқшиноси дараҷаи 3;
  7. Назирмадзода Даврон Назирмад – рутбаи дараҷавии Ҳуқуқшиноси дараҷаи 3;
  8. Аҳмадзода Аҳмадҷон Ёқуб – рутбаи дараҷавии Ҳуқуқшиноси дараҷаи 3;
  9. Ҳусензода Фируза – рутбаи дараҷавии Ҳуқуқшиноси дараҷаи 3 дода шуд.
Ҷараёни эълон намудани Фармоиши Раиси суди шаҳри Душанбе

Ҷараёни эълон намудани Фармоиши Раиси суди шаҳри Душанбе

Муовини Раиси суди шаҳри Душанбе - Бобохонзода АсомуддинМуовини Раиси суди шаҳри Душанбе - Бобохонзода Асомуддин

Муовини Раиси суди шаҳри Душанбе – Бобохонзода Асомуддин

Дар баробари ин Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. такя ба суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, даъват ба амал оварданд, ки тамоми кормандони суд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба халқ ва мардуми Тоҷикистон, риоя ва тадбиқи дурусти санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи хешро адо намоянд.

Суди шаҳри Душанбе