ЗӮРОВАРИ ДАР ОИЛА

Зӯроварӣ нисбати занон дар ҷаҳон яке аз шаклҳои маъмултарини табъизи ҳуқуқи инсон ба шумор меравад. Ин шакли зӯроварӣ аз тасавуроти нодуруст дар бораи нақш ва мавқеи нобаробари занон дар ҷомеа манша мегирад. Зӯроварӣ дар оила ҳуқуқҳои бунёдии инсонро поймол намуда, яке аз ҷиноятҳои вазнинтарини зидди шахсият маҳсуб меёбад .

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди «СММ-Занон» ба иҷрои Қонуни миллӣ дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила, ки соли 2013 қабул шудааст мусоидат менамояд.

Бояд қайд намуд, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» на фақат ҳуқуқҳои занону шаҳрвандони дар ақди никоҳи расмибуда ва кӯдакони онҳор, балки ҳуқуқҳои онҳоеро низ ҳимоя мекунад, ки ақди никоҳи мусалмонӣ доранд, инчунин ҳуқуқҳои кӯдаконеро, ки дар чунин оилаҳо ба дунё омада, аз тарафи аъзои дигари оила мавриди зӯроварӣ қарор гирифтаанд. Бояд тазаккур дод, ки  қонун волидони пиронсолро низ  зери ҳимоя мегирад, агар нисбати онҳо аз тарафи фарзандон, шавҳар ё шарики ҷинсии фарзандон, инчунин аз тарафи наберагон зӯроварӣ содир шуда бошад.

Дар назарияи илми ҳуқуқшиносии муосир ду падида асоси ҳаст никоҳ ва оилау ин падида ба таври васеъ истифода шуда дар адабиётҳои ҳуқуқи маҳфуми никоҳ ва оила чунин маънидод карда шудаан.

— Никоҳ- итифоқи озод ихтиёрона баробарҳуқуқ ва ҳамчун қоидаи зиндагӣ умурбоди зану мард, ки бо муҳабату эҳтироми тарафайн бо мақсади оила баҳри ба дунё овардан ва тарбияи фарзанд равона шудааст.

Тибқи талаботи моддаи 14 Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳое, ки монеаи ақди никоҳ мегарданд бастани ақди никоҳ байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар никоҳи дигар шахс ба қайд гирифташуда қарор дошта бошад ман аст.

Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии бастани ақди никоҳ байни шахсони зерин ман мебоша.

Масалан: Падар ё модар бо фарзанд бобо ё биби бо набера бародарону хоҳарони айнӣ ё угай аз як падар ё модарнд тағо ва ҷиян амак ва  бародарзода хола ва хоҳарзода амма ва ҷиян, фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон ва инчунин шахсоне, ки аз як зан шир хурдаанд ман аст.

Бояд қайд намуд, ки пас аз бастани ақди никоҳ муносибатҳои оилави байни зану мард ба миён меояд.

-Оила- итифоқи озодона ихтиёрона ва баробар ҳуқуқи зану шаҳвар, ки бади бастани ақди никоҳ ба миён омада ҳуқуқ вазифаҳои никоҳи хешу табори ба фарзанди қабул кардан, ба тарбия гирифтани кудак ва дигар муносибатҳои оилавиро ба танзим дарорад.

Оила яке аз рукунҳои муқадас ва муҳими ҷомеа ба ҳисоб рафта муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва шаҳрвандиро дар бар мегирад.

Маврид ба зикр аст, ки оилаи солим ҷомеаи солимро ба вуҷуд меорад. Асоси оила солимиро саломати ва маърифатнокии оила ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки фарзанд дар оилаи солим ва инчунин бо маърифат чун инсони комил ба воя мерасад, аммо дар оилае, ки нобаробариву нофаҳмӣ ва пайваста муноқишаву зӯроварӣ аз ҷониби як узва ба дигар узви оила ҷой дошта бошад аз ин гуна оила интизори насли солиму бохирад набояд шуд.

Зӯроварӣ дар оила — ин кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила буда, ба шакли ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ, ва иқтисодӣ иникос меёбад.

-Истифодаи қуваи ҷисмонӣ ба шахс зарба задан лату кӯб намудан, буғи кардан, ба қатл расонидан, ва ғайра мебошад, ки ин омилҳои зиддиҳуқуқии шахс аз паст будани маърифати оиладории ӯ шаҳодат медиҳад.

-Зӯроварии рӯҳи бошад таъсиррасонии қасдонаи рӯҳӣ, паст задани шаъну эътибори як узви оила аз ҷониби дигар узви оила бо роҳи таҳдид, таҳқир, ироб, ва ё маҷбуркунӣ ба содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо ё кирдорҳое, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфноканд инчунин ба вайроншавии инкишофи рӯҳӣ, ҷисмони ё шахсият оварда мерасонад.                     -Зӯроварии шаҳвонӣ дар оила  ин кирдори зиддиҳуқуқи қасдонаи як узви оила, ки ба озодии ҷинсӣ ва  дахлнопазирии ҷинси дигар узви оила таҷовуз мекунад, инчунин ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, ки нисбати ба узви ноболиғи оила содир шудаанд.

-Бояд қайд намуд, ки зӯроварии иқтисодӣ ин  бо мақсади маҳрум сохтан аз манзили истиқоматӣ, хурок, либос, молу мулк, ё воситаҳоеро дорад, ки ҷабрдида ба онҳо ҳуқуқ дорад.

Дар асоси гуфтаҳои боло қайд намуданиям, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши оли мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд ва инчунин дар сатҳи қонуни асосии давлат мустаҳкам шудаанд.

Зӯроварӣ дар оила амале мебошад, ки хосияти манфӣ дорад. Бояд тазаккур дод, ки зӯроварӣ дар оила ҳам аз ҷиҳати меъёрҳои ахлоқи ва ҳам ҳуқуқӣ амали манъшуда ба ҳисоб меравад. Маврид ба зикр аст, ки зӯроварӣ дар оила муносибати аъзоёни оиларо ба ҳам сард сохта, меҳру муҳаббату садоқатро аз қалб берун месозад ва  ба ҷояш ҳисси кинаву бадбиниро пайдо мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки зӯроварӣ амале мебошад, ки ҳеқ узре надорад, новобаста аз ок кӣ, кай ва дар куҷо онро содир мекунад. Зӯроварӣ дар оила хосияти бозҳам бештар харобиовар дорад, чунки аз тарафи одамони наздике, ки ҷабрдида аз аввал ба ӯ эътимод дошти ба вуқӯъ меояд ва бо назардошти сабабҳои зиёде, ҷабрдида нотавон мегардад ва ӯ ба муддати дароз азобу шиканҷаи худро пинҳон мекунад. Қайд намудан ба маврид аст, ки зӯроварӣ дар оила на танҳо ҳолати равонӣ, ҷисмонӣ ва эҳсоси амнияти дохилии ҷабрдидаро суст мекунад, он инчунин дорои дигар оқибатҳои манфӣ барои тамоми ҷомеа мебошад. ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, одатан аз ҷомеа худашонро дур мегиранд, ба атрофиёни наздик алоқаро гум мекунанд, дар таҳсилу кор мушкилӣ мекашанд.

Онҳо наметавонанд ба фаъолияти пурсамар ба манфиати ҷомеа машғул бошанд. Саривақт муайян кардани ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва расонидани кӯмаки самараноки психологӣ ба ҷабрдидагон барои барқароркунии боварӣ ба қувваи худ ва эҳёи нави захираҳои долхилӣ барои бартараф намудани мушкилот ёрӣ мерасонад. Зуровари дар оила падидаи манфӣ ба ҳисоб рафта он ба поймол гардидани ҳуқуқҳои инсон замина мегузорад. Аслан ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила бештар занон ҳастанд, ки аз ҷониби ҳамсарони худ мавриди лату кӯб, дашному ҳақорат, азобу шиканҷаи ҷисмониву рӯҳӣ қарор мегиранд. Дар баъзе ҳолат, зӯроварӣ аз ҷониби фарзанд нисбат ба падар, модар ё дигар аъзои оила дида мешавад.

Бояд қайд намуд, ки зӯролварӣ дар оила нисбат ба зан падидаи нав  нест. Мутаасифона, бисёри одамон, ҳам марду ҳам зан рафтори бадро ба монанди дашному ҳақорат, масхараву мазоқ кардан байни аъзоёни оила ҳамчун зӯроварӣ надида, онро чун баҳс низоъ ва ҷанҷоли оилавӣ ҳисобида онро ба кирдори дохили оилави шомил мекунанд.

Таҳлилҳо исбот намуд, ки сабаби асосии қисми зиёди оилаҳои пошхурда ин зӯроварӣ дар оила нисбати зан-модар аст. Хушбахтона дар сатҳи қонунгузори дар мамлакат ҷиҳати решакан намудани «Зуҳуроти  зӯроварӣ дар оила» бисёр санадҳои меъёрӣ қабул шудаанд ва муҳимтаринаш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мебошад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 марти соли 2013 ба имзо расид. Инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ташкилотҳои ҷамияти ва байналмилалӣ фаъолиятҳои гуногунро доир ба мубориза нисбати зӯроварӣ дар оила амалӣ мекунад.

Мувофиқи Қонуни асосии давлат ҳокимияти судӣ яке аз рукни мустақили давлат буда , ҳуқуқу озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро баҳри бунёди оилаи солиму устувор, таъминоту таълиму тарбияи фарзандони солеҳ, устувори ва пойдории давлат, ки аз бунёди оила сарчашма мегирад ҳифз менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чор намуди ҷавобгарӣ ҷавобгарии интизомӣ, ҷавобгарии гражданӣ, ҷавобгарии маъмурӣ, ва инчунин ҷавобгарии ҷиноятиро дар худ мустаҳкам намудааст. Ҳисоботҳои омори ва таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки миқдори зиёди парвандаҳои оилавии баррасигардидаро асосан даъвоҳо оиди бекор кардани ақди никоҳ ташкил дода ин категоряҳои баҳсҳо дар байни дигари марбут ба масъалаҳои оилавӣ мавқеи хос дорад. Имрӯз на танҳо дар суди шаҳри Душанбе балки дар ҳамаи судҳои Ҷумҳурӣ шумораи муроҷиати шаҳрвандон вобаста ба баҳсҳои оилавӣ бахусус бекор кардани ақди никоҳ, руёнидани алимент ва муқарар кардани падари бештар ба назар мерасад.

Дар асоси гуфтаҳои боло амалияи суд ҳангоми омузиш ва барасии чунин категорияҳои парвандаҳо муайян намуд, ки яке аз сабабҳои асосии содиршавии зӯроварӣ дар оила, вайрон шудани муносибатҳои оилавӣ, бекор гардидани ақди никоҳ аз меҳру муҳаббат, таъминот, тарбия ва навозиши падар ё модар дур мондани кӯдакон, пеш аз ҳама дахолати шахсони сеюм масалан дахолатҳои беасоси падару модари зану шавҳар ё худ хусуру хуштоманашон, дахолати бародарону хоҳарони зану шавҳар, танқисии манзили зист, беэҳтироми нисбати хусуру хуштоман бо сабабе, ки то бунёд намудани оила аз ҷониби падару модар ва худи никоҳшавандагон аз зиндагию рафтору кирдор, хислат ва фарҳангӣ ҳамдигар воқиф набудан, мувофиқ набудани хислатҳои зану шавҳар, носолимии никоҳшавандагонро пинҳон доштан, омода набудан ба зиндагии мустақил, истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ, паст будани маърифати ҳуқуқи аъзоёни оила, зуровари аз ҷониби як узви оила ба дигар узви оила ва ғайра мебошад, ки муносибати оилави қатъ мегардад.

Омузиши баррасии чунин категорияҳои парвандаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон вобаста ба масъалаи никоҳу оила дар сатҳи паст қарор дошта, он  ба вайрон шудани оилаҳои ҷавон, поймол гардидани ҳуқуқҳои аъзои оила  ва халалдор гардидани ҳуқуқу манфиатҳои кудакони ноболиғ оварда мерасонад. Сабаби дигар дар сатҳи паст қарор доштани корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳи дар байни ҷавонон мебошад. Бояд қайд намуд, ки баҳри бунёди оилаи солиму устувор, пешгирии зӯроварӣ дар оила, дар руҳияи неки инсони тарбия намудани фарзандони солеҳ, дарк намудани оқибатҳои ҳуқуқии ақди никоҳ, огоҳ гардидан аз ҳуқуқу уҳдадориҳо дар муносибатҳои оилавӣ мо масъулини мақомотҳои дахлдор ва шахсони муттасадиро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ нақшаю чорабиниҳои иловагӣ тартиб дода дар байни аҳолии шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзур намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои оиладори, ба қайд гирифтани ақди никоҳ таъминоти моддии кӯдакон ва роҳҳои нигоҳдорию устувории он, мунтазам корҳои ташфиқотию тарғиботиро тавасути садою симо, газетаю маҷалаҳо ба роҳ монда, дар байни аҳоли суҳбату вохуриҳои судманд доир намоем.   Бояд қайд намуд, ки дар соли 1993  Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ оиди ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занонро ба тасвиб расонид, ва кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа тавассути ҳифзи ҳуқуқи зан ва мусоидат намудан ба ҳимояи ҳуқуқу имкониятҳои баробар ҷиҳати иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамиятӣ ва сиёсӣ таъсис дод.

Бо мақсади рафъи зӯроварӣ дар оила ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ корҳои назаррасро анҷом додаанд, вале масъалаҳои ҳалталаб ҳолоҳам зиёданд.

Тавре, ки дар боло зикр намудем солҳои охир бо шарофати истиқлолият ва дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи зан дар ҷомеа ва мақому манзалати бонувон боло рафт.

Имруз занону бонувон дар мақомотҳои гуногуни давлатӣ кору фаъолият мекунанд. Тибқи маълумотҳо аз шумораи хизматчиёни 25 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Занону бонувони кишвар қувваи бузург ба ҳисоб рафта, бо донишу маърифати худ метавонанд дар пешрафти кишвар ҳиссаи худро гузоранд ва бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат барои ҷалби бонувону занон ба корҳои давлатӣ ва ҷамиятӣ минбаъд низ чораандеши намуда ин ҳадафро густариш медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми навбатии хеш ба маҷлиси Олии кишвар дар бораи самтҳои асосии сиёсати долхилӣ  ва хориҷии ҷумҳурӣ чунин қайд намуданд, ки «Мо ҳамчун, бо нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад»

Ҳамин тариқ зан-модар дар ҷомеаи мо арзиши баланд ва ҷойгаҳи махсусро касб намуда дар идоракунии ҳамаи соҳаи давлатӣ нақши асоси ва ҳалкунандаро мебозад.

Муссалам аст, ки ҳаёти солими миллат аз фазои солими оила сарчашма меград. Оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа нақши меҳварӣ дар густариши онро дорад. Бояд қайд намуд, ки То кадом ҳад вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва инчунин фарҳангию ахлоқии оилаҳо дар сатҳи баланд бошад, ба ҳамон андоза он ба рушд ва пешрафти давлату миллат мусоидат менамоя. Аслан таҳкиму таъмини  саодату хушбахтии оила як шеваи бархӯрди инсонгароёна ва яке аз рукунҳоии асосии низоми давлатдорӣ мебошад.

Ҷомеаи солим аз оила ва насли солим ташаккул меёбад. Лозим ба ёдоварист, ки аз тарафи Сарвари давлат соли 2015 ҳамчун «Соли оила»  эълон гардид, ки ин яке аз иқдомҳои сиёсӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат дар самти солимии генафонди миллат маҳсуб меёбад. Бояд қайд намуд, ки оила ва ҷомеаро дар сатҳи давлатӣ ташаккул додан маънои миллатсозист . Набояд фаромуш намуд, ки дар оила арҷгузорӣ аз расму маросими миллӣ ва давлатӣ ин пос доштани фарҳангӣ миллат аст.

Мутаасифона нуқтаи дигаре, ки ҳоло дар хонаводаҳо дар тарбияи фарзанд фаромӯш шудааст, ин мутолиаи китоб дар муҳити оила мебошад. Вақте волидайн дар назди фарзанд китоб мутолиа мекунад ё китобро ҳамчун ганҷи маонӣ ҳифз менамояд,  албатта ин ба тарбияи фарзандон таъсири мусбӣ мерасонад. Агар волидайн поррае аз қисса ё ҳикоя, шеъри хондаашонро ба фарзандони хеш нақл  кунад, ба фарзандон роҷеъ ба муҳтавои китоб саволу ҷавоб намояд, шавқи китобхониро дар  онҳо бедор месозад . Тавре, ки устод Садриддин Айнӣ қайд намудаанд «Хушбахт он касест, ки дар хонадони ӯ касе бе илму бе тарбия набошад».

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе

Юсуфзода Қубод Юсуф